Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошад, ки якуми декабри соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин ҳуҷҷати муҳим ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи рушди устувори иқтисодӣ барои 15 соли оянда таҳия шуда, дар он афзалият, ҳадаф, захираҳои мавҷуда ва таъсири омилҳои беруна ба рушди кишвар ба инобат гирифта шудаанд.
Барои таъмини амнияти озуқаворӣ рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, дар ин замина афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва беҳтар кардани сифати маҳсулот зарур аст.
Дар ин ҷода корҳои зиёдеро анҷом додан лозим меояд. Ҷорӣ кардани технологияи нав, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, аз ҷумла замин ва об, ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш байни олимон ва истеҳсолкунандагон, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот аз вазифаҳоест, ки бояд дар маркази диққати масъулон, кормандони соҳа ва сохторҳои марбута қарор дошта бошад.
Ин масъалаҳо дар суҳбати гирди миз, ки бо иқдоми Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар он, ки таҳти раёсати муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Муминова доир шуд, намояндагони вазорату идораҳо, олимону коршиносони муассисаҳои таҳқиқотӣ-илмӣ ва хабарнигорон иштирок доштанд. Ҳозирин роҷеъ ба роҳҳои самараноки таъмини амнияти озуқаворӣ, нақши хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ин самт, тараққӣ додани истеҳсолоти ватанӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»