Солҳои 2022 - 2026 «Солҳои рушди саноат»

Таъмини рушди иқтисод ба рушди саноат алоқаманд аст

№117 (4537) 19.09.2022

КоллажДар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Зеро саноатро муҳаррики иқтисодиёт мегӯянд ва бидуни ин соҳаи муҳим таъмин намудани рушди иқтисод ғайриимкон аст. Ин аст, ки бо бунёду мавриди истифода қарор додани корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ сол то сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд шуда, ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тамоюли афзоишро касб кардааст. Масалан, тайи 6 моҳи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 22,2 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 миллиард сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш ба 117,6 дарсад баробар мебошад. Маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби 227 корхонаи таъсиррасони соҳа ба маблағи зиёда аз 4 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин давра гардиши савдои хориҷӣ 4 миллиарду 135,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 16,5 фоиз ё 585 миллион доллари ИМА зиёд мебошад.

 Аз ҳаҷми умумии содирот, ки 1,4 миллиард доллари ИМА мебошад, 740 миллион долларро ҳиссаи соҳаи саноат ташкил медиҳад. Ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 308 миллион доллари ИМА зиёд аст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2022 дар ҷумҳурӣ 175 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2367 ҷои кори нав сохта, ба истифода дода шуда, онҳо ба маблағи зиёда аз 280 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Дар арафаи ҷашни 31- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар соҳа зиёда аз 19 корхонаи миёна ва хурд мавриди истифода қарор дода шудааст.

Воқеан, соҳаи саноат дар мамлакат рӯ ба афзоиш дошта, бо мақсади тадриҷан зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст.

Ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф, таҳия ва қабули маҷмӯи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, таъсиси кластерҳои саноатӣ ва паркҳои технологӣ, ташкили марказҳои логистикӣ ва бизнес-инкубаторҳо дар бахшҳои соҳаҳои саноат аз шартҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.

ЛОКОМАТИВИ СОҲА

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, 93 дарсади ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ҳарчанд релефи мураккаб мушкилоти зиёдро дар ҳаёти рӯзмарраи инсон ба вуҷуд орад, аммо кӯҳҳо ҳам манбаи зиндагии ҳазорҳо нафар буда метавонанд. Хусусан, кӯҳҳои Тоҷикистон, ки дар зерашон даҳҳо ­навъи маъдан ва металлҳои қиматбаҳо доранд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабул ва татбиқи «Барномаи рушди соҳаи саноати коркарди тилло ва нуқра барои солҳои 2002-2010», «Барномаи рушди заргарӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015», «Барномаи давлатии рушди соҳаи саноати истихроҷу коркарди тилло ва нуқра барои солҳои 2012-2016» ба рушди соҳаи саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳо замина гузоштааст.

Металлургияи ранга дар байни дигар соҳаҳои саноат мавқеи пешбарандаро ишғол мекунад. Рушди ин соҳа ба манбаи бузурги ашёи хом ва талаботи рӯзафзун дар ҷаҳон асос меёбад.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, вазни қиёсии соҳаи маъданҳои кӯҳӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ агар соли 1991 — ум 8 дарсад бошад, пас дар ҳафт моҳи соли 2022 ба 34,9 дарсад баробар мебошад.

Дар давраи солҳои 1992 — 2022 дар соҳаи саноати кӯҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 43 корхона, аз он ҷумла 26 корхонаи истихроҷу коркард, даҳ корхонаи заргарӣ ва ҳафт корхонаи истихроҷ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ дар шакли нави моликият таъсис ёфтанд. Яке аз самтҳои асосии рушди стратегии саноати кӯҳкорӣ ба амал баровардани тадбирҳо ҷиҳати азхудкунии конҳои нав мебошад. Бо ин мақсад охири соли 1992 ҷиҳати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кони «Тарор» бо иқтидори солонаи 250 ҳазор тонна коркарди маъдан комбинати тилло мавриди истифода қарор гирифт. Дар марҳилаи аввали кори фаб­рикаи тиллобарорӣ сохтмони навбати дуюми он бо мақсади зиёд кардани иқтидори солона то 500 ҳазор тонна ба назар гирифта шуд.

Моҳи августи соли 2007-ум 75 дарсади саҳмияҳои ҶММ КМ «Зарафшон» аз тарафи ширкати кӯҳӣ-саноатии «Зиҷин»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой харидорӣ шуда, таҳлили пурраи истеҳсолот бо қисмҳои эҳтиётӣ ва таъминоти маводи истеҳсолӣ гузаронида шуд.

«Зиҷин» баъд аз харидани саҳмияҳои корхона аз аввали фаъолияташ дар ҶДММ КМ «Зарафшон» зиёда аз 306 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ намудааст, ки он асосан барои иваз намудани техникаву таҷҳизоти кӯҳии куҳнашуда, ворид намудани дастгоҳ ва технологияи муосир ва маводи истеҳсолӣ истифода бурда шудааст.

Айни замон сехи оҳакбарории иқтидораш 10 ҳазор тонна дар як сол, сехи ба навъҳо ҷудокунанда — майдакунанда бо иқтидори 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз, майдони ишқоронидани ғарам барои коркарди на камтар аз 2,5 миллион тонна маъданҳои камфайз дар як сол сохта шуда, пурра фаъолият мекунанд.

Дар ин давра коргоҳҳои якум ва дуюм, сохтмони фабрикаи ғанигардонии маъдан бо иқтидори 2000 тонна маъдан дар як шабонарӯз ва коргоҳи холискории тилло ва нуқра бо иқтидори то 10 тонна дар як сол (аффинаж) мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба кор даромадани коргоҳи холискории тилло ва нуқра барои ташкили ҷойҳои нави кор ва сарчашмаи нави андозбандӣ мусоидат намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ афзоиш ёфтааст.

Маҳсулоти аввалини корхона бо бастани шартномаи дутарафа аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикис­тон харидорӣ карда шуд.

18 октябри соли 2015 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи бойгардонии маъдан бо арзиши лоиҳавии 160 миллион доллари ИМА ва бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз бо таъсиси 100 ҷои нави кор мавриди истифода қарор гирифт.

Бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли тилло, ба кор андохтани технологияи коркарди тилло ва маъдани нуқрадор, зиёд намудани ҷойҳои кор, пардохти андозҳои давлатӣ, зиёд намудани ҳаҷми содиротии маҳсулот ва зиёд намудани хазинаи асъори хориҷӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 6-уми декабри соли 1995 таҳти №724 дар заминаи кони «Қайроққум» ҶДММ Тоҷикистону Канада «Апрелевка» таъсис ёфт. Маҳсулоти истеҳсолкардаи он хӯлаи «Доре» буда, тилло ва нуқра дар Корхонаи воҳиди давлатии «Металлҳои нодири Тоҷикис­тон» холис карда мешаванд.

Бино бар маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 5-уми июли соли 1999 таҳти №289 Идораи маъдани Олтин-Топкани шаҳраки Зарнисор ва иншооти дигар аз тарози ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Олмалиқ» ба моликияти хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Кони маъдани «Олтин-Топкан» дар як сол зиёда аз 1,5 миллион тонна маъдани сурбу рӯҳ, ки дар таркибаш элементҳои ҳамсафар, аз қабили нуқра дорад, истихроҷ менамуд, вале он пурра дар Комбинати кӯҳии металлургии Олмалики Ӯзбекистон коркард мешуд.

Моҳи июни соли 2007 дар заминаи Идораи маъдани Олтин-Топкан Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» расман ба фаъолият шурӯъ намуд. Он корҳои барқарорсозии конҳои маъдани зеризаминиро дар моҳи августи соли 2007 оғоз бахшид.

Моҳи апрели соли 2014 бо иштироки Сарвари давлат хишти аввали корхонаи металлургӣ бо иқтидори 50 ҳазор тонна сурб гузошта шуд. Марҳилаи аввали он дар минтақаи саноатӣ соли 2017 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли тилло, ташкили ҷойҳои нави кор ва ғанӣ гардонидани буҷети давлат бо ҷалби сармояи ватанӣ Артели заршӯии «Одина», Корхонаи давлатии казонии махсусгардонидашудаи «Тиллои Тоҷик», ҶДММ «Авесто Одина», ҶДММ «Нахш», ҶДММ «Таком Голд», ҶДММ «Шимшо» низ таъсис дода шуданд.

Тибқи «Барномаи рушди заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳти № 255 аз 29 апрели соли 2009 тасдиқ ёфтааст, таъсиси даҳ корхонаи заргарӣ ва коркарди санг дар ҷумҳурӣ пешбинӣ гардид. Ҳоло бошад, 15 корхонаи коркарди санг ва заргарӣ амал мекунад.

Соли 2012 дар заминаи ҶДММ «Равшан» корхонаҳои заргарӣ дар шаҳраки Консой ба кор шурӯъ намуд. Иқтидори истеҳсолии корхона имкон дорад, ки дар як моҳ 15 кило нуқра ва 5 кило тиллоро ҳамчун маҳсулоти тайёр коркард намояд.

27 августи соли 2019 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи заргарии «Зари Тоҷик» бо ҷалби сармояи ватанӣ дар ҳаҷми 7 миллион сомонӣ ба фаъолият оғоз кард. Иқтидори истеҳсолии солонаи он коркарди 120 кило тилло ва 400 кило нуқра мебошад.

Ҳамчунин, ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» моҳи апрели соли 2020 сохтмони навбати дуюми корхонаро ба анҷом расонида, фаъолияти мунтазам дорад. Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти молӣ дар ҳафт моҳи соли 2022 ба 5 ҳазору 663,2 тонна сурмаи металлӣ расонида шудаст.

Коргоҳи заргарӣ дар назди Кооперативи тиҷоратии «Артели заршӯии Одина» дар мавзеи Чилчанори ноҳияи Ховалинг тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дорои ду утоқи коркарди тилло ва ду мағозаи фурӯши маҳсулоти заргарӣ мебошад.

Нимаи аввали соли 2022 бо мақсади татбиқи «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то солҳои 2025» ва дар доираи солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» иқтидорҳои истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд» ва коргоҳи поксозии тилло ва нуқраи ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Оғози истеҳсоли маҳсулот имкон фароҳам меорад, ки ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ниҳоӣ бо бунёд намудани корхонаи нави металлургӣ ва коргоҳи поксозии (аффинаж)-и тилло аз тарафи роҳбарияти ҶСП «Талко Голд» чораҳои амалӣ андешида шуда, барои навсозии инфрасохтори маҳалли ҷойгиршавии ҷамъият, аз ҷумла роҳҳо, маблағи зарурӣ ҷудо карда шавад.

Дар ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар заминаи конҳои тиллои «Кумарғи боло» ва «Дуобаи Шарқӣ» ба бунёди фабрикаи бойгардонӣ бо иқтидори коркарди солонаи 900 ҳазор тонна маъдан ва иншооти ёрирасон шурӯъ намуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Бо мақсади пурра намудани занҷираи истеҳсолӣ ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ», дар баробари сохтмони фабрика, коргоҳи металлургии поксозии тиллоро сохта, ба истифода додааст.

Ба фаъолият шурӯъ намудани иншооти зикршуда барои ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва марҳила ба марҳила ташкил намудани 2500 ҷои кори нав имкон фароҳам ояд.

Лозим ба таъкид аст, ки саноати ангишт яке аз муҳимтарин сохтори комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва саноати кӯҳкорӣ мебошад. Фароҳам омадани шароити мусоид дар ин давра ва афзоиши талабот ба ангишт боиси таъсиси 18 адад корхона, аз ҷумла 6 — давлатӣ ва 12 — ғайридавлатӣ дар 11 кони ангишт гардид.

Қобили зикр аст, ки дар ҳафт соли охир ба соҳаи саноати ангишт зиёда аз 560 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда, миқдори техникаҳои махсуси кӯҳӣ аз 36 то 631 адад расонида шуд.

Дар баробари таъмини талаботи дохилӣ, инчунин, айни ҳол содироти ангишт ба ҷумҳуриҳои Покистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади таъмини талаботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва тақвияти содирот, ҳаҷми истихроҷи ангишт дар соли 2022-юм 2 миллиону 738 ҳазор тонна ба нақша гирифта шудааст.

Афзоиши КОРХОНАҲОИ САНОАТИ САБУК АЗ 63 БА 525 адад

Шароит ва иқлими мусоиди кишвар омили асосии рушди соҳаи кишоварзист. Хусусан, парвариши пахта, ки ашёи хоми асосии саноати сабук ба ҳисоб меравад, хоси кишвари мост. Чорвои хурду калон низ таъминкунандаи ашёи хом дар соҳаи саноати сабук ба ҳисоб меравад.

Коркарди ашёи хоми маҳаллӣ — нахи пахта, пӯст, пашм ва пилла ҳамчун афзалиятҳои соҳа дониста шудаанд.

Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав иттилоъ доданд, давоми 31 соли Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 60 корхонаи калони соҳаи саноати сабук ва пилла ифтитоҳ ёфтааст, ки дар натиҷа 11 ҳазору 100 нафар бо ҷои кор таъмин шудаанд. Иқтидорҳои нав асосан дар самтҳои коркарди пахта ва нахи пахта, пӯст, истеҳсоли пахтаи тиббӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ, мебелсозӣ, халтабарорӣ ва истеҳсоли пойафзол сохта, ба истифода дода шудаанд.

Шумораи корхонаҳои соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ, қолинбофӣ, коркарди пӯст, истеҳсоли пойафзол ва мебелбарорӣ аз 63 корхонаи соли 1991 ба зиёда аз 525 корхона дар соли равон расидааст.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 18 корхонаи ресандагӣ бо иқтидори зиёда аз 80 ҳазор тонна коркарди нахи пахта дар реҷаи себаста фаъолият дорад. Аз онҳо панҷ корхона- ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «Сатн», ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Нассоҷии Хуҷанд» ва ҶСП «Ҷунтай–Данғара Син Силу Текстил» бо сикли пурра, ҶСК «Ресандаи Қӯрғонтеппа» бо се зинаи коркард фаъолият менамоянд. Дар корхонаҳои боқимонда танҳо истеҳсолоти ресандагӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо ҷалби Ширкати сармоягузории аграрии Синзян «Роҳи нави абрешим»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соҳаи нассоҷӣ бо истифода аз технологияи муосир таъсиси корхонаи коркарди пахта, нахи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ (ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва маҳсулоти дӯзандагӣ), таъсиси кооперативҳои аграрӣ амалӣ шудааст. Маблағи сармоягузорӣ 200 миллион доллари ИМА-ро дар бар мегирад ва иқтидори истеҳсолоти ресандагии корхона, дар маҷмӯъ, коркарди 24,5 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол мебошад.

Соли 2018 марҳилаи якум ва соли 2020 марҳилаи дуюми ҶДММ «Фарм Текс» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли маводи бандубасти тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар як шабонарӯз имкон дорад, ки 2 тонна нахи пахтаро коркард карда, дар доираи стандартҳои ҷорӣ пахтаи гигроскопии сафедкардашударо омода намуда, сипас пахтаи тиббӣ, пахтаи стоматологӣ дар шакли тампон, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ, пахта ва навъҳои гуногуни бинти тиббии тамизшуда истеҳсол намояд. Ҳамчунин, барои истифодаи гигиенаи шахсӣ ва косметологӣ дар корхона истеҳсоли дискҳо, чӯбча ва салфеткаҳои пахтагин ба роҳ монда шудааст, ки ивазкунандаи воридот ба ҳисоб мераванд.

Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои соҳа дар бозорҳои хориҷи кишвар низ мавқеъ пайдо намуда, шимҳои мардонаву бачагона аз ҷинс, куртаҳои мардона, либосҳои варзишӣ ва кимоно ба давлатҳои Россия, Беларус ва Иттиҳоди Аврупо содирот карда мешаванд.

Дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2014 таҳти №737 «Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2014-2020» имтиёзҳои андозӣ сармоягузорӣ дар соҳаи қолинбофии кишвар ба назар расида, корхонаҳои нав ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар натиҷа, истеҳсоли қолин нисбат ба соли 2014 ба 3,2 маротиба афзоиш ёфта, аз 1,8 миллион метри мураббаи соли 2014 ба 4,9 миллион метри мураббаъ дар соли 2021 расонида шудааст. Инчунин, дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бунёди ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» бомаром идома дорад, ки баистифодадиҳии он давоми соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.

Саноати мебелбарорӣ низ яке аз соҳаҳои зудафзоиш ба шумор рафта, корхонаҳои соҳа (ҶДММ «Бисот», Корхонаи муштараки «Арча-мебел», ҶДММ «Тоҷикмебел», ҶДММ «ИИ Империя») бо дастгоҳу таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз ва қобилияти истеҳсоли навъҳои гуногуни мебелро доро мебошанд.

Рушди соҳаи коркарди ашёи чорво (пӯст ва пашм), бо назардошти мавҷуд будани ашёи хоми маҳаллӣ, аҳамияти калони иқтисодӣ дорад. Дар давраи соҳиб­истиқлолии кишвар корхонаҳои ҶДММ «Чарми Осиё» дар заминаи «Заводи пӯсти Данғара», ҶДММ «Матин Чарм», ҶДММ «Файзи Мастчоҳ», ҶДММ «Тоҷик Интиқол», ҶДММ «Чарми Хуҷанд», ҶДММ «Тоҷик-Хуа-Ши Тай», ҶДММ «Сармоягузории Байналмилалии Дубай», ҶДММ «Сомон Чарм», ҶДММ «Ҳасан саноат», СИ «Набиев» ва СИ «Абдусатторов» таъсис ёфтаанд.

Айни замон корхонаву коргоҳҳо бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба истеҳсоли маҳсулот машғуланд. Дар самти истеҳсоли пойафзол корхонаҳои «Пойафзоли Кангурт» ва «Чарми Данғара» дар таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ саҳм гузошта истодаанд. Дар баробар ин, давоми соли 2022 дар заминаи ҶДММ «Азиз-2015» ҶДММ «Ганҷи Неъмат» дар шаҳри Душанбе ва ҶДММ «Абубакри Қаҳрамон» дар шаҳри Истаравшан дар самти истеҳсоли пойафзоли резинӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

ҶДММ «Атласи Хуҷанд» бо мақсади тарғиби рукнҳои фарҳанги миллӣ истеҳсоли 60 намуд матои атлас ва 30 намуд матои адрасро ба роҳ мондааст.

Дар натиҷаи фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар, теъдоди корхонаҳои халтабарорӣ бо васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир зиёд шуда, истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯ ба талаботи замон ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ шаш корхонаи халтабарорӣ бо таҷҳизоти муосир фаъо­лият дорад, ки иқтидори онҳо баҳри пурра таъмин намудани талаботи бозори дохилӣ бо халтаҳои полипропиленӣ кофӣ мебошад.

ШАҲРҲО БА БОЛО ҚАД МЕКАШАНД

Саноати масолеҳи сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими саноат ба шумор рафта, дар рушди иқтисодиёт ва раванди саноатикунонии босуръати кишвар саҳми назаррас мегузорад. Агар солҳои 90-уми қарни гузашта дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмонии ҷумҳурӣ 32 корхонаи саноатӣ ва ташкилоти хизматрасонӣ вуҷуд дошт, ҳоло шумораи корхонаю коргоҳҳо беш 500 ададро ташкил медиҳад. Хусусан, таи солҳои охир бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла сементбарорӣ, истеҳсоли хишт, маводи ғайримаъданӣ, коркарди санг сохта шуда, маҳсулоти нави ивазкунандаи воридот — семент, гаҷкартон, сангҳои ороишӣ, пахтаи минералӣ аз санг, андоваҳои минералӣ, рангҳои аккрилӣ, қубурҳои бетонӣ ба роҳ монда шуд.

Чунончӣ, бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои бузурги сементбарорӣ — ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон, ҶДММ «Тоҷ Чайна 2013»-и шаҳри Ваҳдат, ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҶДММ «Чунгтсай Моҳир семент»-и ноҳияи Ёвон, хиштбарорӣ- ҶДММ «Пейҷинг ­технология»-и шаҳри Ҳисор, коркарди санг – ҶДММ «Элегант»-и шаҳри Бӯстон ба фаъолият оғоз намуданд.

СОҲАЕ, КИ ДУ ҲАДАФИ СТРАТЕГИРО ФАРО МЕГИРАД

Агар саноати хӯрокворӣ рушди мунтазам дошта бошад, дар татбиқи ду ҳадафи стратегӣ-таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд. Аз ин ҷост, ки дар ин самт низ дар даврони соҳибистиқлолӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳоло соҳаи хӯроквории кишвар асосан истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот, равғанбарорӣ, шаробу нӯшокиҳои ғайриспиртию спиртӣ, сигорбарорӣ, қаннодӣ, истеҳсоли намак, истеҳсоли орду нон ва гӯшту ширро фаро мегирад. Мақсади стратегии он, таъмини устувор ва кафолатноки аҳолӣ бо маҳсулоти бехатар ва дорои сифати баланд мебошад.

Аз рӯи маълумоти расмӣ, соли 1991 дар ҷумҳурӣ 94 корхонаи саноати хӯрок­ворӣ мавҷуд буд. Дар давраи истиқлолияти давлатӣ ин рақам мунтазам боло рафта, соли равон ба 562 корхона расонида шудааст.

Истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрок­ворӣ низ тадриҷан рушд намуд. Агар соли 1996 истеҳсоли маҳсулоти соҳа 48,3 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас соли 2021 ин нишондод ба 7 миллиарду 548,4 млн. сомонӣ баробар шуд.

Тавассути татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот дар ҳар корхонаи саноати хӯрокворӣ истеҳсоли аз 6 то 81 номгӯи маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла аз маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти нимтайёри корхонаҳои коркарди ватанӣ ва воридотӣ, бахусус баҳри маҳдуд кардани фаъолияти мавсимӣ ба роҳ монда шуд.

Бо мақсади такмили низоми сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини сифат ва амнияти маҳсулот, афзун намудани ҳаҷми содиротии маҳсулоти соҳаҳои саноати хӯрокворӣ тавассути ҷорӣ намудани сертификатсиякунонии байналмилалӣ, дар корхонаҳои соҳа раванди гузариш ва мутобиқгардонии низоми сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба стандартҳои байналмилалӣ идома дорад.

ЁРИДИҲАНДАИ РУШДИ СОҲАҲОИ ДИГАР

Дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ рушди иқтисодиёт ба фаъолияти самараноки корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия зич алоқаманд буда, дараҷаи тараққиёт ва сифати таҷҳизоти дар соҳа истеҳсолшаванда метавонад ба рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ заминаи устуворро фароҳам оварад.

Таҳлили ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа, ки бо истифода аз маълумоти расмии оморӣ дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ гузаронида шудааст, нишон медиҳад, ки танҳо аз соли 2000-ум сар карда, вазъи истеҳсолӣ дар корхонаҳои соҳа тамоюли барқароршавӣ гирифта, минбаъд афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба таври назаррас таъмин карда шуд.

Бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар давоми 31 соли Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар соҳа зиёда аз 20 корхона ва коргоҳи гуногун мавриди истифода қарор дода шуд, ки қариб 2000 ҷои кори нав таъсис ёфт. Аз ин шумора 7 корхона дар вилояти Суғд, 5 — дар шаҳри Душанбе, 4 — дар вилояти Хатлон ва 4 корхона дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар корхонаҳои зикргардида асосан ноқилҳои гуногунтамғаи алюминӣ, профилҳои алюминӣ, қубур ва профили металлӣ, маводи таркандаи саноатӣ, тракторҳо, автобусҳо, кунҷак ва швеллерҳо, профилҳои пластикӣ, криолит ва фториди алюминий, кислотаи сулфат, плитаҳои резинӣ, мехҳои махсус ва моеъҳои шӯянда истеҳсол карда мешаванд, ки ивазкунандаи воридот мебошанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия 348 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ амал менамоянд, ки зиёда аз 85 номгӯи маҳсулоти асосии соҳаро истеҳсол намуда истодаанд.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки соҳиб­истиқлолӣ имкони рушди бахшҳои соҳаи саноатро фароҳам овард. Бо назардошти фароҳам будани шароит ва заминаҳои мусоид, бо мақсади аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон чанд сол пеш саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Инчунин, охири соли гузашта Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд. Бешак, ин тадбирҳо ба рушди соҳа такон бахшида, фосилаи расидан ба ҳадафҳоро кӯтоҳтар мегардонад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»