27 июни соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сардори Иттиҳоди қувваҳои мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, намояндаи махсуси Котиби генералии СММ, роҳбари гурӯҳи нозирони СММ дар Тоҷикистон Герд Дитрих Меррем бо иштироки Президенти Федератсияи Россия Б. Елтсин, намояндагони дигар давлатҳо ва ташкилотҳои кафили сулҳи тоҷикон дар шаҳри Москва ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд. Бо ҳамин ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки солҳои 1992–1997 идома ёфта, боиси марги даҳҳо ҳазор нафар ва фирорӣ гаштани шаҳрвандони зиёд, хароб гардидани иқтисодиёти мамлакат гардид, хотима гузошта шуд.
Пӯшида нест, ки сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ноуҳдабароии роҳбарияти вақти ҷумҳурӣ, сари вақт наандешидани роҳҳои ҳалли низои бамиёномада, ба инобат нагирифтани дигаргуниҳои инкишофи ҷомеа, ба таъхир гузоштани ҳалли осоиштаи муноқишаҳои сиёсии ҷойдошта буд. Боиси хушбахтист, ки баъди дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи ноябри соли 1992, шаҳри Хуҷанд) интихоб гардидани роҳбарияти нави давлат таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон оҳиста-оҳиста вазъи кишвар беҳтар гардид. Роҳбарияти нави мамлакат дар назди худ вазифаи ҳар чӣ зудтар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳи тоҷиконро гузошта буд. Дар як муддати кӯтоҳ аён гардид, ки роҳбари нави сиёсии мамлакат, воқеан ҳам, барои иҷрои ин вазифаи басо муҳим қадамҳои устувор гузошта истодааст. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон дар натиҷаи заҳмату талошҳои роҳбарияти нав, аз ҷумла ташаббусҳои бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Ба таъмини сулҳи тоҷикон, ҳамчунин СММ ва ташкилотҳои гуманитариву сулҳхоҳи он, роҳбарияти Федератсияи Россия, ИМА ва дигар давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Афғонистону Эрон низ манфиатдор буданд, зеро сулҳи тоҷикон маънии кафолати оромии минтақаро низ дошт. Дар миқёси ҷаҳон сулҳи тоҷикон ба сифати таҷрибаи нодир дар таъриху амалияи қатъи муноқишаҳои шаҳрвандӣ эътироф гардид. Тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар бори дигар собит намуданд, ки ҷонибдори сулҳу субот ва давлати ҳуқуқбунёди демократӣ мебошанд.
Мутаассифона, имрӯз вомехӯранд нафароне, ки аз арзишҳои ватандорӣ дур монда, ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, ҷиноят содир менамоянд, ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дохил мешаванд. Ақидаҳои бегона, ки ба фарҳанги тоҷикон тааллуқ надоранд, ба шуури ҷавонони мо таъсири манфӣ мерасонанд. Шахсони ғаразнок андешаҳоеро паҳн мекунанд, ки садди роҳи ваҳдати миллӣ мегарданд. Худнамоӣ, худписандӣ, худпарастӣ, зоҳирпарастии баъзе аз ҷавонон боиси ташвиши ҷомеа гардидааст. Аз ин рӯ, тарбияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, таблиғи аҳамияти ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба ҳамдигар, ба рамзҳои давлатӣ, забон ва фарҳанги миллӣ, риояи дақиқи қонунҳои ҷумҳурӣ дар шуури наврасону ҷавонон бояд яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат, ҷузъи масъулияти падару модар ва фаъолияти муассисаҳои таълимию тарбиявӣ бошад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сулҳу ваҳдати миллиро дар қатори дигар муқаддасоти Ватан бояд ҳифз намояд.
Таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ на танҳо ба хотири таҳкими минбаъдаи сулҳу ризояти ҷомеа аст, балки он ҳамчунин ёддоштест аз таҷрибаи талхи низои дохилӣ. Сабақест, ки аҳолии мамлакат ҳеҷ гоҳ онро фаромӯш набояд кунанд. Халқ, махсусан насли наврасу ҷавон, бояд дарк намоянд, ки таҳкими ваҳдати миллӣ аз меҳнати софдилона, ҳисси баланди шаҳрвандии ҳар як узви ҷомеа вобастагӣ дорад.
Дар таҳкими ваҳдати миллӣ хизматчиёни давлатию сиёсӣ ва маъмурӣ, аз ҷумла кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд саҳми ҳалкунанда дошта бошанд. Таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, ки вазифаи бевоситаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, кафили сулҳу ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Ваҳдати миллӣ аз ҳар як корманди ҳифзи ҳуқуқ, бахусус прокуратура, дарки ниёзмандии шаҳрвандон ва сари вақт вокуниш нишон додан ба мушкилоти онҳоро тақозо менамояд. Ҳар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд дарк намояд, ки ҳисси ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, хизмати шоиста намудан баҳри халқу Ватан мебошад.
С. ҲАМРОЗОДА,
сардори шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиати онҳо дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1