Рушду тараққиёти Ҷумҳурии Халқии Хитой асосан пас аз ислоҳоти Дэн Сяопин суръат гирифт. То он айём дар бисёр қисматҳои мамлакати сераҳолитарини олам фақру бечорагӣ ҳукмрон буд ва аксар сокинон, хусусан аз камбуди маҳсулоти ғизоӣ танқисӣ мекашиданд. Дар натиҷаи амалӣ гардидани ислоҳоти кишоварзӣ дар муддати на чандон тӯлонӣ мамлакати воридкунандаи ғалла ба содироткунандаи он табдил ёфт, ки муваффақияти бузургест. Идома бахшидани чунин ислоҳот ба он боис гардид, ки соли равон сарвари мамлакат Си Ҷин Пин аз ғалаба бар фақр ва камбизоатӣ дар кишвар ба оламиён мужда дод. Зимни маҷлиси махсуси тантанавӣ дар шаҳри Пекин, ки ба муносибати ҷамъбасти натиҷаҳои чорабиниҳо оид ба мубориза бо фақр баргузор гардид, Си Ҷин Пин гуфт, ки Хитой фақириро на ба воситаи кумакҳо, балки тавассути рушд додани соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар аз байн бурд. Ӯ таъкид кард, ки танҳо тайи 8 соли охир мамлакат барои мубориза бо фақирӣ ва камбизоатӣ 1,6 трлн. юан (тақрибан $ 246 млрд) сарф намуд. Дар натиҷа беш аз 830 ноҳия ва қариб 130 ҳазор деҳа аз рӯйхати ноҳияҳои аҳолиашон фақиру камбизоат бароварда шуданд. Вале бояд гуфт, ки яке аз роҳҳои асосии беҳтар намудани вазъи зиндагии аҳолии кишвар муҳоҷиркунонии афроди бекор ва ба иҷора гирифтани корхонаву заминҳо дар кишварҳои ҳамсоя аст. Аз солҳои 90-уми асри гузашта дар минтақаи Шарқи Дури Федератсияи Россия ҳазорҳо сокини давлати Хитой бо кишоварзӣ машғуланд. Ҳамчунин, дар ин минтақа теъдоди хеле бузурги ширкатҳои чинӣ фаъолият менамоянд. Ҳоло соҳибкорони чинӣ дар Забайкале ва вилояти Иркутск низ фаъолияти густурда оғоз кардаанд. Аз ин манотиқ ба Хитой, пеш аз ҳама, маҳсулоти ғизоӣ, тахтаву маҳсулоти чӯбӣ, ашёи хом барои корхонаҳо, ҳамчунин маҳсулоти гуногуни ширкатҳои чинӣ интиқол меёбад. Як қисми маҳсулоти чиниҳо ба бозорҳои минтақа низ бароварда мешавад.
Яъне, бо роҳи фиристодани муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварҳои дигар Хитой якбора чанд манфиат хоҳад ёфт: Бекорон бо кор таъмин мешаванд, ба мамлакат маҳсулоти нисбатан арзони ғизоӣ ва маблағи калон ворид мегардад.
Эҳтимол, ҳамин таҷрибаи чиниён боис шуда, ки чанде қабл хадамоти матуботи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабаре нашр намуд, ки тибқи он, вазорат тасмим гирифтааст, ҷиҳати таъмини ҷумҳурӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ аз Федератсияи Россия майдонҳои киштро ба иҷора бигирад. Тавре шабакаи РБК-и Россия иттилоъ медиҳад, дар Вазорати кишоварзии Федератсияи Россия масъалаи тарзу тариқи ба иҷора гирифтани заминҳо аз ҷониби кишвар ё ширкатҳои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ибтидои моҳи октябр дар ҳамин мавзӯъ вохӯрии онлайнии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев ва муовини вазири кишоварзии Россия Сергей Левин баргузор гардид. Тибқи гуфтаи Ҷ. Хоҷаев, кишвари ӯ аз Россия дар навбати аввал 35 ҳазор гектар заминро «ҷиҳати ба роҳ мондани равобит ва механизми ҳамкориҳо, ҳамчунин ба Ӯзбекистон содир намудани маҳсулоти истеҳсолгардида» ба иҷора гирифтанист. Иҷорагиранда дар заминҳо зироатҳои равғандор, лӯбиёӣ ва ғалла кишт карданист. Тибқи иттилои воситаҳои ахбор, Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷиҳати норасоии заминҳои кишт ва об танқисӣ мекашад. Бинобар ин дар назар аст, ки дертар масоҳати заминҳои иҷоравӣ то 1 млн. гектар расонида шавад. Дархости ҷониби Ӯзбекистон аз ҷониби Вазорати кишварзии Федератсияи Россия пазируфта шуда, аллакай 23 минтақаи мамлакат ба ин лоиҳа таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. С. Левин мегӯяд, ки айни ҳол дар Россия аз 8 то 13 млн. гектар замин бекор хобидааст ва амалӣ намудани лоиҳаи мазкур барои ҳар ду мамлакат низ манфиатовар хоҳад буд.
Ба андешаи мо, ба роҳ мондани чунин лоиҳа барои кишвари мо низ аз манфиат холӣ нест. Пеш аз ҳама, теъдоди хеле зиёди бекорон бо кор таъмин шуда, нархи ғалла ва равған паст ва сатҳи зиндагии аҳолӣ баланд гардида, даромад ба буҷети кишвар низ меафзояд.
Н.НИЗОМӢ,
«Садои мардум»