Соли 2024 дар таърихи кишварамон соли дастовардҳои бузург маҳсуб меёбад, зеро дар ин сол мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватанию соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд. Биноан, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зикри ҳамин нукта оғоз гардид.
Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар баробари таҳлили ҳаматарафаи вазъи сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ ва муайян намудани роҳҳои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт барномаи стратегӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ фаъолияти худро баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки аз муҳтавои Паёми Президенти ҷумҳурӣ бармеоянд, равона кардаанд.
Таҳлилҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шудаанд, ифодагари онанд, ки тайи панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил додааст. Ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаю барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохилию хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона шуд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт. Инчунин, тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод. Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир, сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард.
Дар буҷети давлатӣ уҳдадориҳои иҷтимоии он ба назар гирифта шуда, дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Ҳамчунин, иброз гардид, ки дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80-90 фоизро ташкил медиҳад. Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ мебошад.
Дар Паёми навбатӣ ба низоми бонкдории кишвар низ диққати махсус дода шуда, аз ҷониби Пешвои миллат қайд гардид, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Барои идома додани ин раванд аз ҷониби Президенти кишвар ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ супориш дода шуд, ки нишондиҳандаи мазкурро то охири соли 2027 ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонанд ва ҷиҳати таъсис додани филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо бо фоизи нисбатан паст ва таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат, тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллиро муҳим арзёбӣ намуда, барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 — 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шавад. Дар ин раванд ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супориш доданд, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Таъкид намуданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ ба омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф 30 фоиз, кормандони соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз ва нафақа 10 фоиз зиёд карда шавад.
Илова бар ин, ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шуд, ки ин дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ, баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи иҷтимоиёт ва нафақа мусоидат менамояд.
Дар Паём ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон шавад. Қобили зикр аст, ки ба шарофати ин дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойҳои кори иловагӣ пайдо гардида, барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ, ҳамчунин, пайдо гардидани сарчашмаҳои иловагии даромад буҷети давлатӣ боис мегардад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон иброз намуданд, бо вуҷуди ҳамаи дастоварду пешравиҳо ҳанӯз ҳам дар назди мо масъалаҳои зиёди ҳалталаб мавҷуданд. Аз ин рӯ, вазифаи аввалиндараҷа ва муҳимтарини ҳамаи мо аз он иборат аст, ки минбаъд низ саъю кӯшиши худро ба хотири пойдории сулҳу оромӣ, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намоем.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар ҷодаи расидан ба зиндагии шоиста ва рӯзгори боз ҳам неку саодатманди мардуми кишвари азизамон роҳнамо маҳсуб меёбад.
Ҷунайдулло ШАРАФОВ,
раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон