Ибтикороти Ҳукумати ҷумҳурӣ марҳилаи нави рушди соҳаи саноати кӯҳиро оғоз бахшид
Тайи чанд соли охир бо сохта, ба истифода додани корхонаҳои хурду бузург соҳаи саноат рушд намуда, ҳаҷми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тамоюли рушдро касб кард. Нигоштаи зер вазъи соҳаи саноати кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳоро, ки солҳои охир ба пешрафти бештар ноил гардидааст, бозгӯӣ менамояд.
Тавре сардори Раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳури и Тоҷикистон Бахтиёр Шарипов иттилоъ дод, дар ҷумҳурӣ як қатор комбинатҳои кӯҳӣ-маъдантозакунӣ амал карда, инчунин, якчанд корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи хориҷӣ таъсис шудаанд. Саноати металлургии Тоҷикистон низ бомуваффақият тараққӣ ёфта, сол ба сол афзоиш меёбад.
Дар корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ истеҳсоли тилло, нуқра, хокаи сурмаю симоб, сурбу нуқра, мису тилло хуб ба роҳ монда шудааст.
Корхонаҳои зертобеи соҳа аз соли 2000 то якуми январи соли 2016 ба маблағи зиёда аз 8,28 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Танҳо дар соли 2015 ҳаҷми маҳсулот 2071,1 млн. сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2000-ум 29,3 маротиба ё 2 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.
Агар шумораи кормандон дар корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо то соли 1992 зиёда аз 3000 нафарро ташкил медод, пас ин рақам баъди таъсиси корхонаҳои нав ба 9476 нафар расид.
Бино ба гуфти номбурда, агар соли 1991 ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати соҳаи маъданҳои кӯҳӣ 8 фоизро ташкил дода бошад, пас дар се моҳи аввали соли 2016 ба 21,3 фоиз расидааст. Тайи солҳои охир бо роҳи андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ иқтидори корхонаҳои кӯҳии металлҳои ранга 60-80 фоиз зиёд гардида, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳа афзоиш ёфт.
Солҳои 1992-2016 дар соҳаи саноати кӯҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 35 корхона, аз ҷумла 23 корхонаи истихроҷу коркард, 8 корхонаи заргарӣ ва 7 корхонаи истихроҷ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ таъсис ёфт.
Бахтиёр Шарипов изҳор дошт, ки гарчанде аксари корхонаҳо замони шӯравӣ таъсис ёфтаву фаъолият карда бошанд ҳам, аммо қисми зиёди онҳоро метавон чун корхонаҳои нав муаррифӣ кард, зеро барои фаъол гардонидани онҳо аз нав маблағгузорӣ шуда, техникаву технологияи куҳна ба технологияи нав пурра иваз шуд. Ғайр аз ин, маҳсулоти ин корхонаҳо ба талабот ва стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй гардонида шудааст.
Бо кӯшиш ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ таъсис ёфта истодаанд.
Айни замон дар шаҳри Панҷакент сехи оҳакбарории иқтидораш 10000 тонна дар як сол, сехи ба навъҳо ҷудокунанда — майдакунанда бо иқтидори 10000 тонна маъдан дар як шабонарӯз, майдон барои ишқоронидан, масоҳаташ 35000 м2 барои коркарди на камтар аз 2,5 млн. тонна маъдани камфайз дар як сол фаъолият мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки бо ба кор даромадани коргоҳи холискории тилло ва нуқра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ афзоиш ёфта, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба вуҷуд омадани сарчашмаи нави даромад ва мустаҳкам кардани иқтидори содиротии кишвар мусоидат намуд.
Соли 2015 бо иштироки Пешвои миллат фабрикаи бойгардонии маъдан бо иқтидори 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз бо таъсиси 100 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳоло дар ҶДММ КМ «Зарафшон» 2268 сокини маҳаллӣ ва 52 нафар хориҷӣ бо кор таъминанд.
Ҳамрадиф бо ин, соли 2014 бо иштироки Сарвари давлат хишти аввали корхонаи металлургӣ бо иқтидори 50 ҳазор тонна сурб ва 50,0 ҳазор тонна руҳ дар як сол дар шаҳри Истиқлол гузошта шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҶМТКММ «Апрелевка» иқтидори истеҳсолии худро сол ба сол зиёд карда, маъданҳои солҳои тӯлонӣ дар партовгоҳи корхона (дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ) ҷамъшударо коркард намуда истодааст.
Барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои саноатии кишвар, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ оид ба лоиҳаи «Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Хитой» байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ширкати байналмилалии Тачен оид ба захираҳои СУАР (Ноҳияи худмухтори Синзян-Уйғур)»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой» ба имзо расонида шудааст. Мақсади ба имзо расонидани санади мазкур ривоҷ додани соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, технологияҳои нави истеҳсолӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, равнақ додани инфрасохтори минтақаҳои саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти саноатии содиротшаванда, мусоидат намудан ба рушди «Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» мебошад.
- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба рушди соҳаи заргарӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2006, инчунин банди 21 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2005 шумораи корхонаҳои заргарӣ ва шахсони инфиродии машғул ба истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ зиёд гардида, якчанд корхонаи нави заргарӣ таъсис дода шуд. Тибқи «Барномаи рушди заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015» таъсиси даҳ корхонаи заргарӣ ва коркарди санг дар ҷумҳурӣ пешбинӣ шуда буд. Ба шарофати дуруст ба роҳ мондани фаъолият дар ин ҷода 15 корхонаи коркарди санг ва заргарӣ таъсис ёфт. Ҳоло зиёда аз 2 ҳазор намунаи маҳсулоти заргарии аврупоӣ ва маҳаллиро мутахассисони соҳа омода намудаанд, — афзуд Бахтиёр Шарипов.
Воқеан ҳам, пеш гирифтани сиёсати дарҳои кушод ва фароҳам намудани фазои мусоиди сармоягузории кишвар ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ такони ҷиддӣ бахшид. Агар солҳои пеш танҳо алюминий ва нахи пахта маҳсулоти асосии содиротӣ маҳсуб меёфт, айни замон семент, металлҳои ранга, меваю сабзавот ва даҳҳо номгӯи дигари молу маҳсулот бо тамғаи кишвари мо ба бозорҳои дигар давлатҳо мебароянд, ки агар аз як тараф барои ворид шудани асъор ба ҷумҳурӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар дар муаррифии Тоҷикистон низ саҳми шоиста дорад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»