Сабаби иншои ин мақола баҳси камина дар як чорабинии шарикдарсам гардид. Чун меҳмонони асосӣ ҳанӯз наомада буданд, сухан аз боби танзими расму оин рафту яке аз ширкаткунандагони ҷавон гуфт:
- Дар тӯйи арӯсиву домодӣ оташ гирондан чӣ лозим? Дар мусулмонӣ ин маросим набудаасту мо бехабар.
Рости гап аз таассуби онҳо қаҳрам омад, вале худро базӯр нигоҳ дошта, гуфтам:
- Оташ гирондан чӣ зарар дорад?
- Домуллоҳо мегӯянд, ки он чӣ дар Қуръон гуфта нашудааст, онро накунед,- ба гап ҳамроҳ шуд марде.
- Шумо, бародарон, расму оинро чаро аз дин фарқ намекунед, — пурсидам аз ҳамсуҳбатони худ, ки дар ҷавоб дуюмӣ гуфт:
- Мо ҳам фармудаи домуллоҳоро гуфта истодаем. Агар шумо ягон асоси шаръӣ дошта бошед, бигӯед, ки ман ба наздикӣ писарамро зан доданӣ…
Баъд аз онҳо пурсидам:
- Оё шумо медонед, ки оташ ҳам чун асоси ҳастии инсон дар қатори чор унсури пок дар китоби муқаддаси Қуръон зикр шудааст? Дар ҷавоб ҳар ду сукут варзиданд.
Оташ рамзи гармӣ, меҳру муҳаббат аст. Бо нияти нек арӯсу домод гирди гулхан се маротиба мечарханд, то ки оташи меҳру муҳаббаташон доимо фурӯзон бошад. Баъд ба онҳо фаҳмонидам, ки агар ба ҷой овардани ин одати қадим ягон зарар медошт, то ин замон садҳо уламои дини мубини Ислом, ки аз дунё гузаштаанд, баҳри тағйир додани он мекӯшиданд.
- Биёед, Худо гӯем, ки гармиро дар дилашон андозад,-дар ақидаи худ истодагарӣ кард, ҳамсуҳбати калонсол.
Хулоса мо ҳар ду дар мавқеи худ мондему ман ба андеша рафтам, ки наход таассуби динӣ то ба ҳанӯз дар ҷомеаи мо боқӣ монда бошад?! Маълум мегардад, ки боқӣ мондааст. Ба дурустии ин ақида бори дигар ҳангоми адои намози иди Қурбон боварӣ ҳосил кардам. Аз дур дидам, ки чӣ тавр ду навҷавон ҳанӯз дуои хайри баъди намози имомдомулло ба интиҳо нарасида, намоишкорона издиҳоми намозгузоронро тарк карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар барҳақ таъкид дошта буданд, ки «мардум ба дини мубини Ислом, ба пешвоёни дин эътиқоди калон дорад. Ба суханони онҳо гӯш меандозад. Пас онҳоро зарур аст, ки дар тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа, хусусан насли ҷавон, саҳмгир бошанд».
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки иддае аз домуллоҳои муҳтарами мо баръакси гуфтаҳои Пешвои миллат амал карда, ҷомеаро ба дуршавӣ аз урфу одат ва фарҳанги миллӣ раҳнамоӣ мекунанд.
Дар он суҳбат ман воқеаеро мисол оварда, исбот карданӣ шудам, ки тарғиби расму оини мардуми бегона ба ҷудоиандозии на танҳо мардум, ҳатто волидону фарзандон сабабгор мешавад. Панҷ сол муқаддам дар тӯйи хонадоршавии авлодони падар иштирок доштам. Он солҳо дар тӯй иштирок ва амри маъруфи уламои дин расм буд. Маъракаи оши тӯй наздик шуда бошад ҳам, карнайчиён ҳунарнамоӣ намекарданд. Чун бобои домод аз карнайчиён қотеона талаб кард, ки карнай навозанд, онҳо хиҷолатмандона ба сӯи соҳибмаърака назар афканданд. Ӯ аз ҷойи истодааш гуфт: «Дадо, карнайчиҳо агар карнай навозанд, домуллоҳо маъракаро тарк мекунанд».
Домуллоҳои он маърака Қорӣ Наими Хуҷандӣ ва собиқ имом-хатиби масҷиди ҷомеи деҳоти «Унҷӣ»-и ноҳияи Б. Ғафуров Абдуҷамил Юсуфӣ буданд. Дар паҳлуи соҳибмаърака собиқ котиби ташкилоти партиявии як корхонаи сохтмонӣ меистод, вале ӯ ақаллан нагуфт, ки зидди раъйи падар рафтан хатост. Мӯйсафед бо қаҳр писарашро сарзаниш кард. Карнайчиҳо ҳам ба номаш андаке ҳунарнамоӣ карданду асбобу ускунаашонро ғундоштанд.
Баъди маъракаи оши тӯй, ки мебоист базми тӯйи хонадоршавии ҷавонон барпо гардад, мӯйсафед як лаҳза ҳам истодан нахост ва ҳамроҳи ман ба ҳавлиаш омад. Раҳораҳ гуфт, ки «аз ҳамин падарлаънат бехабар мондам, ки ба роҳи хато рафтааст. Акнун аз роҳаш гардонида натавониста истодаам…» Ин нишонаи ихтилоф буд, байни падару писар.
Ногуфта намонад, ки амалҳои хилофи анъанаи миллии мо аз тарафи соҳиби тӯй аз назари сохторҳои қудратӣ пинҳон намонд ва ӯ ҷазояшро гирифт. Дертар Қорӣ Наими Хуҷандӣ аз дунё гузашт ва домулло Абдуҷамил Юсуфӣ бинобар ҳамроҳ буданаш ба равияҳои бегона ҳабс шуд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, метавон зикр кард, ки таассуб аз ҷомеаи мо ҳанӯз дур нашудааст. Барои вораҳонидани гумроҳон аз ин амали нораво тибқи дастури Пешвои миллат бояд домуллоҳо бештар кӯшиш намоянд. Тавассути телевизион хато будани гаравидан ба расму оинҳои бегонаро аз нуқтаи назари дини мубини Ислом шарҳу эзоҳ диҳанд. Зеро мардум имрӯз аз мутолиаи матбуоти даврӣ дида, бештар ба телевизион таваҷҷуҳ доранд. Бо ин роҳ онҳо метавонанд дар нигоҳ доштани асолати фарҳанги миллии мо ҳиссаи сазовор гузоранд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»