Арҷгузорӣ ба заҳмати онҳо қарзи виҷдон ва рисолати инсонист
Ду соли охир, бо дарназардошти зуҳури коронавирус барои кормандони соҳаи тандурустӣ солҳои имтиҳони ҷиддӣ ва марҳилаи санҷиши донишу маҳорати касбӣ маҳсуб мешавад.
Дар ин давра пизишкони кишвар, новобаста ба ихтисос, самти фаъолият ва масъулияти идорӣ, барои мубориза бо беморӣ сафарбар шуда, барои эмин мондани ҳаёти ҳазорон нафар мусоидат намуданд.
Эътироф бояд кард, ки бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои зидахл барои пешгирӣ аз паҳншавии он бетаъхир чораандешӣ карданд. Хоса, бисёре аз табибон, ки дар ин марҳила зиёд заҳмат кашиданд, намунаи баланди инсондӯстӣ нишон доданд ва садоқатро ба касби интихобнамуда исбот карданд.
Мутаассифона, дар ин марҳилаи ҳассос тибқи «анъана», бо сарфи назар намудани дастовардҳо ва нашри матолиби аз ҳақиқати воқеӣ дур далелҳоро таҳриф намуда, ибтикороти амалишуда ва фаъолияти табибонро зери суол бурданианд.
Таваҷҷуҳбарангез будани сироятёбӣ ба коронавирус ва бетаваҷҷуҳиву бетафовутӣ ба шифоёбии беморон низ боис ба нигаронӣ аст. Ҳар яки мо бояд дарк намоем, ки ҳоло вазъият нисбатан ҳассос аст. Биноан, аз онҳое, ки дар фазои иттилоотии мамлакат ҷойгоҳ доранд, даъват менамоям, ки барои парвариши донаи умед дар қалби мардум ҷаҳд намоянд, зеро нияти нек ними давлат аст.
Президенти мамлакат бо арҷгузорӣ ба фаъолияти табибон, минҷумла гуфтанд, ки «имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи тоҷик қарор дошта, ҳатто ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд».
Президенти ҷумҳурӣ бо суханони таъсирбахш ва рафтори намунавӣ, хоса бо ибрози он ки «Роҳбари давлат ҳамеша бо шумо ва дар фикри дастгирии шумост», табибон ва кулли тоҷику тоҷикистониёнро рӯҳбаланд карданд.
Садҳо далели раднопазир мавҷуд аст, ки дар мамлакат бахши тандурустӣ бемайлон рушд ёфта, сол то сол пешравиҳои назаррас рӯйи кор омада истодаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ теъдоди зиёди беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гашта, аксар муассисаҳои тандурустии мамлакат бо таҷҳизоти замонавӣ, ки замони Давлати Шӯравӣ дастрас намуданашон барои мо — тоҷикон танҳо орзу буд, таъминанд. Бо ин роҳ инфрасохтори соҳа, махсусан дар деҳоти мамлакат, тағйир ёфт.
Барои мо – кормандони соҳа боис ба ифтихор аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат дар шаҳру навоҳии мамлакат бо кормандони соҳаи тиб 33 мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба солимии ҷомеа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки маҳз дар ин замина ба ислоҳоту навсозии ҷиддии соҳа асос гузошта шуд.
Дар ин раванд, аксари санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия гардида, идоракунӣ ва маблағгузории он ба низом дароварда шуд, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ рушд кард ва таҷдиди муассисаҳои тиббию фармасевтӣ амалӣ гардид.
Барои тақвияти суханонам овардани чанд далелро бамаврид медонам: Агар дар кишвар то соли 1991-ум 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошад, пас замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзуда, соли 2020 ба 4369 расид, яъне, 1507 муассиса зиёд шудааст. Агар дар солҳои 1991 то 2005 дар мамлакат 187 муассисаи тандурустӣ бунёд шуда бошад, пас аз соли 2006 то шаш моҳи аввали соли 2020-ум 1071 муассисаи нав сохта, ба истифода дода шудааст. Тибқи иттилои дастрас, бунёди 132 иншооти дигар то охири соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.
Зиёд мешунавем, ки баъзе аз шаҳрвандон аз харҷ шудани каме маблағ барои табобат ва пайвандонашон изҳори нигаронӣ мекунанд. Вале нодида мегиранд, ки дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи дастрасӣ надоштани бемор ба ёрии таъҷилии тиббӣ ва аз ташхису табобат дар канор мондани беморон ба мушоҳида намерасад. Ин масъала низ мадди назар қарор дошта, бо мақсади аз байн бурдани пардохтҳои ғайрирасмӣ аз ҷониби аҳолӣ ду санади муҳим — «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ ва тартиби муоинаи тиббии давравӣ ва ҳатмии тиббии шаҳрвандон» қабул ва татбиқ гардидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ, ки 18 августи соли сипаригашта доир гардид, минҷумла гуфтанд, ки «Табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд. Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд».
Сарвари давлат таъкид карданд, ки «Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад».
Мо — кормандони соҳаи тандурустӣ суханони роҳнамунсоз ва пурҳикмати Пешвои миллатро сармашқи кор қарор дода, минбаъд низ донишу таҷриба ва маҳорату малакаро барои шифои беморон сарф намуда, дар ин замина, рисолатро дар сатҳи хубтару сифати баландтар иҷро хоҳем кард.
Неъматулло ИБОДОВ,
директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ»