Моддаи 59. (Хориҷ карда шуд Қ ҶТ аз 29. 04. 2006с, 183).
Моддаи 60. Ҳуқуқи амволии кӯдак
1. Кӯдак мувофиқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс аз падарӣ, модарӣ худ ва аъзои дигари оила ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад.
2. Кӯдак ба даромади бадастоварда, амволи ҳадя ё меросгирифта ва ҳама гуна амволи дигаре, ки тибқи қонун ба ӯ тааллуқ дорад, дорои ҳуқуқи моликият мебошад.
Ҳуқуқи кӯдак барои ихтиёрдории амволи таҳти моликияташ қарордошта тибқи меъёрҳои дахлдори қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Дар сурати ваколати идоракунии амволи кӯдакони ноболиғро анҷом додани падару модар нисбат ба онҳо қоидаҳое татбиқ мегарданд, ки дар қонунҳои гражданӣ дар мавриди ихтиёрдории амволи шахси таҳти парасторӣ гирифташуда пешбинӣ шудаанд.
3. Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани падару модар, кӯдак ҳуқуқи моликият ба амволи онҳо ва падар ё модар ҳуқуқи моликият ба амволи кӯдакро надоранд. Фарзандон ва падару модар, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд, амволи ҳамдигарро бо мувофиқаи муштарак соҳибӣ мекунанд ва истифода мебаранд.
4. Дар сурати ба миён омадани ҳуқуқи моликияти умумии падару модар ва кӯдак ҳуқуқи онҳо дар мавриди соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории амволи умумӣ тибқи қонунҳои гражданӣ муайян карда мешавад.
Яке аз қисмҳои таркибии ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқи ӯ ба амвол мебошад. Дар шароити ҳозираи иқтисоди бозаргонӣ дар моликияти кӯдак амволи зиёде ҷамъ шуданаш мумкин аст. Аз он ҷумла яке аз асосҳои амволдории кӯдак ин ҳуқуқи ӯ ба таъминот аз ҷониби падару модар ё аъзои дигари оила мебошад.
Кӯдак дар оила аз ҷониби падару модар ба таври ихтиёрӣ бо сарулибос, хӯрокворӣ, китобҳои дарсӣ ва ғайра таъмин мегардад. Дар ҳолати аз таъминот даст кашидани падару модар (ё яке аз онҳо) ҳуқуқи кӯдак ба таъминот бо таври маҷбурӣ бо қарори суд амалӣ мегардад. Уҳдадориҳои алиментии падару модар барои таъминоти кӯдаконашон дар боби 13 ҳамин Кодекс пурра шарҳ дода шудааст. Дар мавриди набудани имконияти падару модар барои таъминот чунин уҳдадорӣ ба зиммаи дигар аъзои оила (бародару хоҳарон, бобою бибӣ) гузошта шуданаш мумкин аст. Уҳдадориҳои алиментдиҳии аъзои дигари оила нисбати кӯдак дар тафсири моддаҳои 95-96 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Дар мавриди қасдан саркашӣ кардан аз иҷрои уҳдадорӣ оид ба додани алимент масъулияти падару модар (ё яке аз онҳо) аз ҷониби КО Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 69 — маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ), КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 177 — ҷазо барои барқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон) пешбинӣ шудааст.
Қисми 2 моддаи 60 КО ҶТ дорои ҳуқуқи моликият будани кӯдакро эътироф менамояд. Асоси ин моликиятро на танҳо чизу чораи кӯдак (сару либос, пойафзол, китобҳои кӯдакона, асбобҳои мусиқӣ ва ғайра) инчунин амволи ба тариқи мерос ва ҳадя гирифташуда, даромадҳо аз коғазҳои қиматнок, кор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайра ташкил медиҳад.
Кӯдак ихтиёрдории амволи таҳти моликияташ қарордодаро дар асоси талаботи моддаҳои 27 ва 29 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Мутобиқи моддаи 27 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола бо ризоияти хаттии намояндагони қонунии худ – падару модар, фарзандхондагон ва парасторон бастани аҳдҳоро анҷом медиҳанд. Чунин аҳдҳои ба анҷомдода баъди минбаъд онро хаттӣ маъқул донистани падару модар, фарзандхондагон ва парасторони ноболиғон боэътибор мебошанд.
Ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола ҳуқуқ доранд, ки бидуни ризоияти падару модар, фарзандхондагон ва парасторонашон: музди меҳнат, идрор (стипендия) ва даромади қонунии худро мустақилона ихтиёрдорӣ намоянд; ҳуқуқи муаллифи асари илмӣ, адабӣ, санъат, ихтироот ё маҳсули дигари қонунан ҳифзшавандаи натиҷаи фаъолияти зеҳнии худро татбиқ намоянд; мутобиқи қонун дар муассисаҳои кредитӣ амонат гузоранд ва ихтиёрдорӣ намоянд; аҳди хурди маишӣ (харидани нон, китоб, қалам ва ғайра) банданд; аҳде анҷом диҳанд, ки барои бемузд ба даст овардани фоида равона гардида, тасдиқи нотариалӣ ё бақайдгирии давлатиро талаб намекунанд; бастани аҳдҳои ихтиёрдорӣ кардани маблағҳое, ки намояндаи қонунӣ ё бо розигии ӯ шахси сеюм барои мақсади муайян ё барои ихтиёрдории озодона додааст.
Ноболиғони ба синни 16-солагӣ расида ҳамчунин ҳуқуқ доранд, ки мутобиқи қонун дар бораи кооперативҳо узви кооператив бошанд.
Ноболиғони аз 14 то 18-сола аз рӯи аҳдҳои номбурда мустақилона масъулияти амволӣ бар дӯш доранд. Чунин ноболиғон барои зиёни расониданашон мутобиқи КГ масъулият доранд.
Ноболиғони номбурда ҳуқуқи амволии худро бояд ба манфиати худ истифода намоянд. Агар ноболиғ ба хариди бемасъулиятона, нӯшокиҳои спиртӣ, маводи нашъадор маблағро сарф намояд, бо қиморбозӣ машғул шавад, яъне зидди манфиати худ амал кунад, он гоҳ ба дархости падару модар, фарзандхондагон ё мақоми васояту парасторӣ суд метавонад ӯро аз ҳуқуқи мустақилона ихтиёрдорӣ намудани музди меҳнат, идрор (стипендия) ё даромади дигар маҳдуд кунад ё аз ин ҳуқуқ маҳрум созад. Бояд қайд кард, ки ин талабот нисбати ноболиғи бо роҳи издивоҷ ва эмансипатсия пурра қобилияти амалро ба дастоварда татбиқ намегардад.
Мутобиқи моддаи 29 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ивази ноболиғони ба синни 14 нарасида (хурдсолон) аз номи онҳо аҳдро танҳо падару модар, фарзандхондагон ва васиёни онҳо анҷом дода метавонанд.
Хурдсолони аз шаш то чордаҳсола ҳуқуқи мустақилона бастани аҳдҳои зайлро доранд: аҳди хурди маишӣ (харидани нон, қалам, китоб ва ғайра), ки ҳангоми бастан аз ҷониби худи онҳо анҷом дода мешаванд; аҳде, ки барои бемузд ба даст даровардани фоида равона гардида, тасдиқи нотариалӣ ё бақайдгирии давлатиро талаб намекунанд; аҳдҳои ихтиёрдорӣ кардани маблағҳое, ки намояндаи қонунӣ ё бо розигии ӯ шахси сеюм барои мақсади муайян ё барои ихтиёрдории озодона додааст.
Хурдсолон аз рӯи аҳдҳои бастаашон масъулият надоранд, чунки онҳо субъекти ҷавобгарӣ шуда наметавонанд. Барои аҳди бастаи хурдсолон падару модар, фарздандхондагон, васиён масъулият доранд, агар гуноҳи онҳо ҷой дошта бошад. Ба зиммаи онҳо уҳдадорӣ оид ба назорат аз болои хурдсолон, тарбияи хурдсолон гузошта шудааст. Ҳангоми гуноҳ доштан, яъне ба таври бояду шояд иҷро накардани ин уҳдадорӣ падару модар, фарзандхондагон ва васиён барои рафтори хурдсолон масъулиятнок мебошанд.
Банди 3 қисми 2 моддаи 60 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии амволи кӯдакони ноболиғро аз ҷониби падару модар сабт намуда, қоидаҳои татбиқи онро ба КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавола кардааст. Аз ин рӯ, ба чунин идоракунии амвол қоидаҳои моддаи 38 КГ ҶТ оиди ихтиёрдории амволи шахси таҳти васоят (парасторӣ) татбиқ мегардад. Аз рӯи талаботи ин модда даромади ба ноболиғ тааллуқдоштаро падару модар бо розигии пешакии мақоми васояту парасторӣ танҳо ба манфиати ноболиғ сарф менамоянд.
Харҷи маблағ барои хариди сарулибос, истироҳат ва дигар масъалаҳо, ки қонеъ гардонидани талаботи ниёзи ҳаррӯза буда, ба таъминоти кӯдак вобаста аст, аз ҷониби падару модар мустақилона анҷом дода мешавад ва розигии мақоми васояту парасториро талаб наменамояд.
Падару модар амволи кӯдакро бояд аз рӯи виҷдон, ғамхорона ба манфиати кӯдак идора намоянд. Қисми 2 моддаи 38 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳоеро муқаррар кардааст, ки падару модар бе розигии пешакии мақоми васояту парасторӣ амал кунад. Падару модар бидуни ризоияти пешакии мақоми васояту парасторӣ ва падару модар барои додани розигӣ ҷиҳати аҳди фурӯш, аз ҷумла иваз ё ҳадя кардани амволи кӯдаки ноболиғ, киро (иҷора), ба истифодаи ройгон додан ё ба гарав мондани он аҳде, ки боиси аз даст додани ҳуқуқи ноболиғ, тақсими амволи ӯ ё аз он ҷудо кардани ҳисса мегардад, инчунин ҳар гуна аҳди дигаре, ки боиси кам шудани амволи ноболиғ мегардад, ҳуқуқ надоранд.
Ҳамин тавр, моддаи 38 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақоми васояту парасторӣ низ ҳимояи ҳуқуқҳои амволии кӯдакро гузоштааст. Ин мақом барои бастани аҳд бо амволи ноболиғ вобастабударо ҳамон вақт розигии худро медиҳад, агар он ба манфиати ноболиғ бошад. Дар акси ҳол, агар аҳди басташаванда бар зарари ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғ бошад, мақоми васояту парасторӣ аз додани розигӣ даст мекашад. Додани розигӣ ё даст кашидан аз он бояд ба таври саҳеҳ ифода ёбад, яъне ба таври мушаххас ба кадом аҳдҳо розигӣ дода шудааст ва ба кадом розигӣ нест. Қонун дар кадом шакл ифода кардани розигӣ ё даст кашидан аз додани розигиро муайян накардааст. Лекин аз рӯи таҷриба он бояд ба таври хаттӣ ифода ёфта, бо мӯҳри идора тасдиқ гардад. Ин ҳолат бо қабули қонун дар бораи тартиби идораи амволии шахси таҳти васоят (парасторӣ) саҳеҳтар мегардад.
Дар мавриди шахсан манфиатдор будани падару модар ё хешу табори онҳо бастани аҳдҳо вобаста бо амволи кӯдаки ноболиғ манъ аст. Инчунин падару модар (яке аз онҳо) бо кӯдаки ноболиғи худ ҳуқуқи бастани аҳдро надоранд. Қонун дар ин маврид як истисно пешниҳод кардааст. Ин истисно аз он иборат аст, ки падару модар ҳуқуқи ҳадя кардани амвол ва ба истифодаи ройгон додани амволро ба кӯдаки ноболиғашон доранд.
Дар вақти дар қайди ҳаёт будани падару модар онҳо ва кӯдакони ноболиғ ба моликияти якдигар ҳуқуқи амволӣ надоранд. Агар падару модар ва фарзандон якҷоя зиндагӣ намоянд, онҳо ба моликияти якдигар дар асоси мувофиқа соҳибӣ мекунанд ва аз он истифода мебаранд. Дар ҳар як оила вобаста ба вазъи моддии он, муносибат дар байни аъзои оила, муносибатҳои амволӣ ҷой дошта метавонад. Дар ҳар маврид асоси истифода аз моликияти якдигарро боварии мутақобилаи падару модар ва фарзандон ташкил медиҳад.
Ба низоми амволии падару модар ва кӯдакон қоидаҳои умумии қонуни гражданӣ татбиқ мегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми пайдо шудани ҳуқуқи моликияти умумии падару модар ва кӯдак ҳуқуқи онҳоро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории амволи умумӣ КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 17, моддаҳои 292-307) ба танзим медарорад. Меъёрҳои ҳуқуқии номбурда ба он нигаронида шудаанд, ки дар оила масъалаҳои дохилии падару модар ва кӯдак оид ба ҳал намудани тақдири амволи умумӣ ба мувофиқаи иродаи онҳо асос ёбад.
(Давом дорад)