Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№134(3435) 09.10.2015

Маҳкам Маҳмудзода

   Бахтиёр Худоёрзода

(идома аз шумораҳои гузашта)

ФАСЛИ III

БОБИ 12

ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР

Моддаи 61.     Баробарии ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар

1. Падару модар нисбати фарзандонашон ҳуқуқу уҳдадо­риҳои баробар доранд (ҳуқуқи падару модар).

2. Ҳуқуқҳои падару модар, ки дар ҳамин боб пешбинӣ шудааст, ҳангоми ба синни ҳаждаҳсолагӣ (синни балоғат) расидани кӯдакон, инчунин ҳангоми ақди никоҳ бастани кӯдакони ноболиғ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун дар мавриди аз ҷониби кӯдакон то ба синни балоғат расиданашон ба даст овардани мукаллафияти пурра, қатъ мегардад.

Мавҷудияти ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар нисбати фарзанд ба нафъи ҷомеа мебошад. Дар оила зиндагӣ ва тарбия ёфтани кӯдак ин уҳдадории падару модар дар назди давлат мебошад. Чӣ тавре ки аз талаботи қисми 2 моддаи 34 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, падару модар барои тарбияи фарзандон масъуланд. Ҳуқуқи падару модар дар тарбияи кӯдакон, ба кӯдак додани ном ва фамилия, муайян кардани ҷои истиқомати кӯдак ва монанди инҳо баробар аст. Онҳо инчунин уҳдадоранд, ки фарзанди худро тарбия намоянд, аз ҷиҳати моддӣ таъмин намоянд ва ғайра. Дар иҷрои уҳдадориҳо низ падару модар баробаранд.

Ҳамин тавр, баробарии падару модарро нисбати фарзандонашон қонуни оилавӣ дар ҳар як ҳолати мушаххас таъмин менамояд. Чунки баробарӣ дар амали ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар дар тарбия ва таъмини фарзанд (моддаи 63 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон (моддаи 64 КО Ҷум­ҳурии Тоҷикистон), татбиқи ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар (моддаи 65 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон), татбиқи ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар аз ҷониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш ҷудо зиндагӣ мекунад (моддаи 66 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон), ифода меёбад.

Қисми 2 моддаи 61 КО ҶТ ба қатъ гардидани ҳуқуқҳои падару модар бахшида шудааст. Ибтидои пайдоиши ҳуқуқҳои падару модар таваллуди фарзанд мебошад, амали он то ба балоғат расидани кӯдак вобаста аст. Яъне, ба синни 18 — солагӣ расидани кӯдак яке аз асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқҳои падару модар эътироф гардидааст. Моддаи мазкур ҳолатҳои аз ҷониби кӯдакон то ба синни балоғат расиданашон ба даст овардани мукаллафияти пурраро низ асоси қатъ намудани ҳуқуқҳои падару модар муқаррар намудааст. Ба ин ҳолатҳо никоҳ бас­тани ноболиғон (моддаи 22 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон), но­бо­лиғи дорои эмансипатсияшуда (моддаи 28 КГ Ҷумҳурии То­ҷикистон) дохил карда шудааст, ки ин ноболиғон ба монанди ба балоғатрасидагон соҳиби мукаллафияти пурра мебошанд.

Ҳамин тавр, ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар дар як вақт амал мекунанд, ин ҳуқуқу уҳдадориҳо бо таваллуди кӯдак ба вуқӯъ омада, бо воқеияти ба балоғатрасӣ ва дорои мукаллафияти пурраи гражданӣ шудани кӯдак қатъ мегардад.

Моддаи 62.     Ҳуқуқи падару модари ноболиғ

1. Падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо кӯдак муста­қи­лона зиндагӣ кунанд ва дар тарбияи ӯ иштирок намоянд.

2. Падару модари ноболиғ, ки ақди никоҳ набастаанд, дар сурати таваллуд шудани кӯдак ҳақ доранд пас аз расидан ба синни ҳабдаҳсолагӣ мустақилона ҳуқуқи падару модарии худро татбиқ намоянд. То ба синни ҳабдаҳсолагӣ расидани падару модари ноболиғ ба кӯдак васӣ таъин шуданаш мумкин аст, ки якҷоя бо падару модари ноболиғ тарбияи кӯдакро анҷом медиҳад. Ихтилофе, ки байни васии кӯдак ва падару модари ноболиғ ба миён меоянд, аз ҷониби мақоми васояту парасторӣ ҳал карда мешаванд. (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613).

3. Падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо асосҳои умумӣ барои эътироф намудани падарӣ ва модарии худ баҳс намоянд, инчунин то расидан ба синни ҳабдаҳ онҳо ба тартиби муқар­рарнамудаи судӣ ҳуқуқи талаби муқаррар намудани па­дарӣ ва модариро нисбати фарзандонашон доранд. (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613).

Масъалаи вобаста ба ҳуқуқи падару модари ноболиғ аввалин маротиба дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудааст. Ноболиғ будани модар ва падари кӯдак ба мустақилона истифода намудани ҳуқуқҳояшон бетаъсир намемонад. Аммо модари кӯдак дар ҳар ҳолат новобаста аз синну солаш вазифаи модариашро адо менамояд, чунки манфиати кӯдак бо модар якҷоя зиндагӣ карданро талаб менамояд.

Қисми якуми моддаи 62 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи падару модари ноболиғро оид ба мустақилона зиндагии якҷоя намудан ба кӯдак ва тарбия намудани онро муқаррар кардааст. Барои якҷоя бо кӯдак зиндагӣ кардан синну соли падару модари ноболиғ аҳамият надорад. Аммо онҳо ба синни ҳабдаҳ нарасида бошанд, он гоҳ онҳо кӯдакро танҳо тарбия карда наметавонанд. Барои ҳамин ҳалли ин маврид дар қисми дуюми моддаи номбурда ба низом дароварда шудааст.

Падару модари ноболиғ аз ҳуқуқҳое, ки дар моддаҳои 63-64 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, бо ба инобат гирифтани талаботи қисми 2 моддаи 62 ҳамин Кодекс истифода мебаранд. Ғайр аз ин, нисбати падару модари ноболиғ масъулияти қонуни оилавӣ пешбиникарда татбиқ карда мешавад.

Қисми дуюми моддаи 62 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон лаҳзаи саршавии татбиқи мустақилонаи ҳуқуқи падару модарии ноболиғонеро, ки ақди никоҳ набаста соҳиби кӯдак шуда, падару модариашон муқаррар шудааст, муайян кардааст. Ин қисми модда муқаррар кардааст, ки падару модари ноболиғ пас аз расидан ба синни ҳабдаҳсолагӣ мустақилона ҳуқуқи падару модарии худро татбиқ мекунанд. Агар падару модари ноболиғ ба синни ҳабдаҳсолагӣ нарасида бошанд, ба кӯдак васӣ таъин шуданаш мумкин аст, ки якҷоя бо падару модари ноболиғ тарбияи кӯдакро анҷом медиҳад. Яъне, таъини васӣ ба кӯдак аз рӯи ин меъёр ҳатмӣ нест. Дар ҳар як ҳолати мушаххас ин масъала ҳал карда мешавад.

Қонунгузор ба кӯдак аз он нуқтаи назар васӣ таъин намуданро пешбинӣ кардааст, ки падару модари ноболиғ то синни ҳабдаҳсолагӣ ҳанӯз комил нашудаанд ва дорои қобилияти пурраи амалкунӣ нестанд. Васӣ бошад, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ манфиати кӯдакро намояндагӣ мекунад.

Васӣ дар асоси талаботи моддаи 33 КГ Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин мегардад. Васӣ бо падару модари ноболиғ якҷоя ба тарбияи кӯдак машғул аст. Васигӣ нисбати кӯдак то ҳаб­даҳсолагӣ падару модари ноболиғи ӯ амал карда, баъди он қатъ мегардад. Азбаски падару модари ноболиғи то ҳабдаҳсола ба қадри зарурӣ ба камол нарасидаанд, таъини васӣ ба кӯдак ба ҳимояи манфиати кӯдак мебошад. Чунки падару модар ноболиғ дар ин синну сол пурра аз уҳдаи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак баромада наметавонад. Масалан, ҳангоми пайдо шудани баҳс оид ба мерос манфиати кӯдакро падару модар ноболиғ намояндагӣ карда наметавонад, чунки ӯ аз нуқтаи назари қонуни гражданӣ қобилияти пурраи амалкунӣ надорад. Дар ин маврид намояндагии кӯдакро васӣ ба уҳда дорад.

Васӣ ва падару модари ноболиғ то кадом андоза дар тарбияи кӯдак иштирок менамоянд, аз муносибати ҳар ду вобаста аст. Аммо ҳангоми ба вуқӯъ омадани баҳс дар байни онҳо муамморо мақоми васояту парасторӣ ҳал менамояд. Ҳалли масъала бо назардошти манфиати кӯдак анҷом меёбад. Дар ҳаёт одатан васигиро бобо ва бибии кӯдак ба уҳда мегиранд, ки одатан байни онҳо ва падару модар ноболиғ қариб ки баҳс пайдо намешавад. Одатан аъзои оилаи падару модар ноболиғ (падару модар, бобою бибӣ ва ғайра) ба таври ихтиёрӣ вазифаи васигиро ба уҳда мегиранд ва ба талаботҳое, ки нисбати васӣ қонун (моддаи 148 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон) пешбинӣ кардааст, ҷавобгӯ мебошанд.

Дар мавриди аз уҳдаи васигии кӯдак набаромадан, набудани бобою бибӣ ва дигар шахсе, ки вазифаи васигиро ба зимма мегирад, он гоҳ ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои падару модар ноболиғ ва кӯдак ба уҳдаи мақоми васоят ва парасторӣ гузошта мешавад.

(Давом дорад)