Соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои асосии хоҷагии халқи кишвар маҳсуб меёбад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 162 ҳазор хоҷагии хурду калони деҳқонӣ мавҷуд буда, 46 дарсади аҳолии кишвар дар ин соҳа фаъолият мекунанд. Вусъати шаклҳои нави хоҷагидорӣ, таҷдиди хоҷагиҳои калони серсоҳа ва дар ин замина ташкил кардани хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ — чунин ба назар мерасад, ки соҳаи кишоварзӣ хеле рушд ёфтааст, вале агар амиқтар назар афканем, чизи дигарро мебинем…
Аввалан, тақсимоти замин. Ҳар як деҳқон соҳиби саҳм шудааст ва ин саҳмҳоро соҳибхоҷагӣ ихтиёрдорӣ карда, тибқи муқаррароти қонун, хоҷагии деҳқонӣ ташкил кардааст. Деҳқони саҳмдор мутеи хоҷагидор аст, зеро на ҳар деҳқон қудрату тавони ташкил кардани хоҷагии деҳқониро дорад. Ин кор давуғеҷ ва коғазбозиҳои зиёдро талаб мекунад. Раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар доираи фаҳму фаросати худ роҳбарӣ мекунанд. Аксар аз аҳли заҳмат нестанд: баъзе ронандаи автомашинаҳои боркашанду баъзе сарчӯпони хоҷагии чорводорӣ, бархеи дигар хоҷию муфтии бознишастаю солманд.
Дар натиҷаи ин амалҳо ва иштибоҳоти зиёд коридани ғалла ва бунёди боғу токпарварӣ дар заминҳои обӣ, сохтмони иншоот ва манзили зист дар заминҳои киштшаванда ба меъёри муқаррарӣ табдил ёфтааст.
Тахаллуфи аввал — пахтакорӣ коҳиш меёбад
Истифодаи заминҳои обӣ ба мақсади кишти гандум ё ҳар гуна зироати ғалладона яке аз иштибоҳҳои аввал дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Мушоҳидаҳо, таҳлилҳо нишон доданд, ки хоҷагиҳо дар масоҳати бештари заминҳои обӣ гандум мекоранд, ки хилофи қоидаҳои соҳаи кишоварзӣ аст, гарчанде қонун дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ то як андоза хоҷагидоронро мустақил гардонидааст.
Ҳоло дар ноҳияи Восеъ майдони кишти гандумро ба се ҳазор гектар расонидаанд. Аксари раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ як ақида доранд: барои кишти сабзавот об намерасад! Як бор ба худ савол намедиҳанд, ки чаро қаблан об мерасид?
Хоҷагиҳои деҳқонӣ тибқи қонун дар кишти ҳар навъ зироат озоданд. Ин озодӣ онҳоро фориғбол кардааст. Мутахассиси соҳаи кишоварзӣ деҳқонро маҷбур карда наметавонад, лекин ӯ бояд талқин намояд ва омӯзонад, то ин ки деҳқон судро аз зиён фарқ кунад.
Шаклҳои нави хоҷагидорӣ хеле шитобкорона ҷорӣ шуда, замин ба дасти ашхосе расид, ки ба он ҳеҷ иртиботе надорад. Онҳо бо ҳар роҳу восита мояи ягонаи зисти марди деҳқонро соҳиб гашта, заминро бозпас ба деҳқон мефурӯшанд, чунки худ заминро уҳда карда наметавонанд. Ин гуна ҳодиса – хариду фурӯши сарвати истисноии давлат – заминро дар ҳар ноҳияи минтақаи Кӯлоб вохӯрдан мумкин аст.
Хоҷагиҳои деҳқонӣ аз замини обӣ дар як сол як ҳосил – гандум гирифта, то соли дигар даст болои даст менишинанд. Ин замин 4-5 моҳи дигар подачароро мемонад, дар он бангдевона мерӯяду гӯсфандхорак. Ҳол он ки мумкин аст дар ин замин сабзӣ, турб, карам, гулкарам ва дигар анвои сабзавот парвариш кард.
Деҳқон ин ҳолати заминро мебинаду оҳ мекашад, афсӯс мехӯрад. Хулоса ин аст: Мо аз пахтакорӣ ҳар чӣ бештар канораҷӯйӣ кунем, ҳамон андоза зиёдтар ба иштибоҳ роҳ медиҳем, чунки пахта зироатест, ки аз он зиёда аз 150 намуди молу маҳсулот истеҳсол мешавад.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 январи соли 2016 омадааст: «Қобили қайд аст, ки баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин ва ҷорӣ намудани кишти такрорӣ ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст». Вале дар аксари ноҳияҳои минтақа хилофи дастуру супоришҳои Сарвари давлат амал карда, аз қитъаҳои киштбоби обӣ самаранок истифода намебаранд, фақат гандум мекоранду боғ бунёд мекунанд. Истеҳсоли пахта рӯ ба пастравӣ дорад.
Тибқи омори ҷорӣ, дар кишвар қариб 30 хоҷагии махсусгардонидаи тухмипарварии пахта ташкил шудааст, ки чигити хушсифати маҳаллӣ истеҳсол мекунанд. Ин омил заминаи мусоиде барои рушди ин соҳаи сердаромади аз назарҳо дурмонда фароҳам оварда, барои ба майдони диловарияш баргардонидани деҳқон мусоидат мекунад. Тақвияти неруи ҳаётбахши замин дар дасти деҳқон аст ва соҳаи пахтакорӣ метавонад ба пастшавии шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ таъсири мусбат расонад.
Ҳоло саҳлангорӣ дар ин соҳа ба фурӯши чаканаи ин маҳсулоти дорои моҳияти стратегӣ оварда расонидааст. Тоҷирон дар ҳудуди деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Кӯлоб ва навоҳии гирду атроф кӯча ба кӯча маҳсули заҳмати бо ранҷ кашидаи деҳқонро бо нархи арзон – 2,5 -3 сомонӣ харидорӣ кардаанд, чунки деҳқон дигар илоҷ надошт: Ӯ то кай пахтаро дар оғилу таҳхона нигоҳдорӣ мекунад? Ин ба наху сифати пахта ҳам бетаъсир намемонад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифати истеъмолӣ «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020»-ро қабул ва роҳандозӣ кардааст. Гумони ғолиб он аст, ки замин то ҳол соҳиби аслии худро наёфтааст. Агар меёфт, «мошин – мошин» ба шаҳри Кӯлоб ва навоҳии атрофи он пиёз, картошка ва сабзиро аз хориҷи кишвар намеоварданд. Ин ҳисси масъулиятшиносии мутасаддиёни соҳаи кишоварзиро то кунун бедор накардааст ва касе аз ин изҳори шармсорӣ ҳам намекунад: Мо чаро картошкаро аз Покистону сабзиро аз Қирғизистон меорем!?
Тасаввур кунед: кореягиҳо, ки таҷрибаи беназир дар пиёзкорӣ доранд, бо пардохти пешакии 20 дарсади маблағи ҳосили рӯёнида бо хоҷагиҳои собиқи вилояти Кӯлоб шартнома баста, фоидаи зиёд мегирифтанд. Аз таҷрибаи беназири кореягиҳо деҳқонони мо бархӯрдор шуда, батадриҷ ин таҷрибаро омӯхтанд ва аз ҳар як гектар то 700 сентнерӣ ҳосил мебардоштанд. Имрӯз бошад, пиёзро аз хориҷи кишвар меоранд…
Тахаллуфи дуюм – боғу токпарварӣ дар заминҳои обӣ
Иштибоҳи дигаре, ки дар ин соҳа ба назар мерасад, боғу токпарварӣ дар заминҳои обӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар заминҳои обӣ, ки дар ҷумҳурӣ хеле маҳдуданд, танҳо бунёди боғҳои суперинтенсивӣ – боғҳои муосирро ба роҳ мондан ба мақсад мувофиқ асту халос. Дар ин гуна боғҳо ниҳолон буттамонанд буда, соли дуюм ба ҳосил медароянд, коркарди зиёдро талаб намекунанд ва ҷамъоварии ҳосилаш ҳам осон аст. Дар байни қатори онҳо (аз ҷумла ниҳолони себ) зироати дигар низ коштан мумкин аст.
Дар ноҳияи Хуросон дар майдони ду ҳазор гектар замин боғи лалмӣ бунёд карданд ва Сарвари давлат ба меҳнати бунёдкоронаи деҳқонон баҳои сазовор дод. Ин беҳтарин дастовард дар соҳаи боғдорӣ мебошад.
Бунёди боғ дар заминҳои обӣ аз якчанд ҷиҳат манфиатбахш нест. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як гектар боғ ба ҳеҷ ваҷҳ фоидаи як гектар пахта ё сабзавотро намедиҳад. Агар 20 гектар замини обиро бо боғ банд кунем, мебинем, ки як сол ё ду сол баъд онро сармо мезанад ё жола, чунки иқлими мо ҳамин гуна аст. Агар кишти чигит ё сабзавотро жола зад, онро аз нав коридан имкон дорад. Дигар ин ки пахта ашёи стратегӣ буда, ҷои онро дар фоиданокӣ ҳеҷ маҳсулоти дигари зироатию боғпарварӣ иваз карда наметавонад.
Дар деҳаи Файзободи ноҳияи Кӯлоб дар майдони 24 гектар замини обӣ боғи зебое доман густурда буд. Файзалӣ Шарифов, агрономи соҳа изҳор дошт, ки он тайи чанд сол ба қадри як гектар замини пахта фоида намедод. Дар натиҷа, онро ба пахтазор табдил доданд ва аз ҳар як гектар замини мазкур то 35-40 сентнерӣ ҳосил мебардоштанд. Чун шаклҳои нави хоҷагидорӣ ҷорӣ шуда, таҷдиди хоҷагиҳои серсоҳа оғоз гардид, дастандаркорон боз ба бунёди боғ дар ин мавзеъ ва дигар заминҳои обӣ оғоз карданд. Маълум нест, ки ин дафъа кор ба чӣ фарҷом меёбад.
Талу теппаҳое, ки дар ҳудуди ноҳияҳои ба номи Шамсиддини Шоҳин, Мӯъминободу Ховалинг воқеанд, барои бунёди боғҳо хеле мусоиданд. Ноҳияи Мӯъминобод яке аз ноҳияҳои биҳиштосои ҷумҳурӣ мебошад. Пештар дар ин ҷо ду корхонаи калони шароббарорӣ фаъолият мекард, ки маҳсули онҳо воҳиди муҳими содиротии ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Дар собиқ хоҷагии ба номи Мичурин 700 гектар ангурбоғ ва 40 гектар боғи себ мавҷуд буд. Таъм ва сифати ангури навъи тойфии ин ноҳия аз ангури тойфии ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ фарқ мекард. Ҳар сол ин навъи ангурро мувофиқи шартнома ба Шарқи Дур равон мекарданд. Аз ҳама муҳим, садҳо нафар ба ҷои кор таъмин буданд. Ҳоло чӣ? Ҳар сол дар мавсим ба бозори ин ноҳияи овозадор аз шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода ангур меоранд…
Тахаллуфи сеюм – тахаллуфи сангин
Аз заминҳои обӣ додани қитъаи замин барои сохтмони манзили зист дар сархати хиёнатҳоест, ки ҳамсанги хиёнат ба марзу бум аст. Мардум дар собиқ заминро чун гавҳараки чашм ҳифз мекард ва дар замини обӣ бунёд кардани манзили зист ё иншооти дигар ба гӯшаи хотираш ҳам намерасид. Дар ин бора ҳатто тавони орзу кардан надошт: Аз як тараф эҳтироми қонун, аз тарафи дигар меҳри беандоза ба замин. Виҷдони пок имкон намедод, ки майдони кишт – сарчашмаи ҳама нозу неъмат дар ин сарзамини камзамин коҳиш ёбад. Ин амали номатлуб, яъне аз ҳисоби заминҳои кишт васеъ шудани деҳаҳо ё сохтмони иншооти дигар ҳеҷ касро бетараф монда наметавонад.
Ин амал баъди таъкиду супоришҳои чандинкаратаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самаранок истифода бурдани обу замин ҳанӯз ҳам идома дорад. Ба ин кор дар навоҳии гирду атрофи шаҳри Душанбе то андозае хотима дода бошанд ҳам, дар ноҳияҳои дигар он идома меёбад. Мусаллам аст, ки таҳсими заминро ниҳоду хадамоти кумитаҳои заминсозӣ ва шуъбаҳои меъморӣ дар асоси қарорҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳаллу фасл мекунанд. Шоҳидем, ки худи онҳо дар ин кор ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Дар ноҳияи Мӯъминобод дар замини обӣ ба сохтмони як омӯзишгоҳ шурӯъ кардаанд. Намедонам, кӣ муносиб дидааст дар майдони киштбоб иншоот бино кунад? Ҳол он ки дар маркази ноҳия ҷойҳои муносиб барои сохтмони ҳар гуна иншооти фарҳангию таълимӣ хеле зиёд аст. Барои мисол, дар шафати кӯчаи марказии ноҳия бозоре воқест, ки солҳост рӯи савдогареро надида.
Сохтмони манзил инчунин дар заминҳои кишти деҳаи Боғгоҳӣ ва заминҳои гирду атрофи маркази ноҳия, деҳаи Шаҳринав давом дорад.
Дар деҳаи Тақакаппаи ноҳияи Кӯлоб, дар замине ки қаблан пахта мекориданд, мактаби ибтидоӣ сохтаанд, ҳол он ки дар гирду атрофи деҳа заминҳои санглох зиёданд.
Байни шаҳри Кӯлобу деҳаи Лағмон бошад, дигар замини холӣ намондааст. Қаблан ин заминҳо шаҳри Кӯлобро бо сабзавоти тару тоза таъмин мекарданд. Дар ноҳияи Кӯлоб мавзеъҳои сангзамину беҳосил хеле зиёд аст, ки барои сохтмони манзил мувофиқ аст, вале аз чӣ бошад, ки рӯ меоранд ба заминҳои обӣ.
Раиси хоҷагии ба номи Ҳамадонӣ Абдуҷаббор Зардиев як деҳаи аз ярч зарардидаро ба ин сангзамин кӯчонд, ки хеле зебо ба назар мерасад. Ӯ дар ин минтақа шояд ягона сарвари хоҷагӣ бошад, ки заминҳои обиро аз «зуҳури хонасозӣ» эмин дошт.
Абдухолиқи Мирзозода, «Садои мардум»