Талаботи нав барои муҳоҷирони меҳнатӣ

№27 (3012) 05.03.2013

Чанде пеш дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия вобаста ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

 

Дар нишасти матбуотӣ талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои номатлуби муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамаҷониба таҳлил ва баррасӣ шуд.

Тавре муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидғуфрони Абдулло ёдовар шуд, мутобиқи талаботи Қонуни федералии Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2012 таҳти №321-Ф3 «Дар бораи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 26 Қонуни федералӣ «Оид ба воридшавӣ ва баромад аз Федератсияи Россия» шаҳрвандони хориҷие, ки қаблан дар давраи будубоши худ дар ҳудуди Федератсияи Россия қонунгузории онро риоя накардаанд, ворид шудан ба ин кишвар ба муҳлати се сол манъ карда шудааст. Яъне, шаҳрванди хориҷие, ки бо мақсади фаъолияти корӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид шуда, дар муддати се моҳ иҷозатномаи корӣ нагирифтааст, ғайр аз беморӣ, офатҳои табиӣ, ки имконияти баромадан аз ҳудуди Федератсияи Россияро надорад, бояд дар муддати 30 шабонарӯз ин кишварро тарк намояд.

Қонуни Федератсияи Россия «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Федератсияи Россия «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» аз 1 декабри соли 2012 мавриди амал қарор дорад. Дар қонуни мазкур муқаррар шудааст, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки дар соҳаҳои коммуналӣ, хизматрасонӣ ва соҳибкорӣ машғуланд, пеш аз ба кор қабул шудан доштани сертификат барои донистани забони русӣ ҳатмист. Муҳоҷири ба қаламрави Федератсияи Россия дохилшуда бояд на кам аз 800 калимаи русиро донад. Ғайр аз ин, намояндаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Собелев зикр намуд, ки гирифтани чунин сертификат танҳо дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон имкон дорад.

Инчунин ташкили ғайриқонунии воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба қаламрави Федератсияи Россия, будубоши ғайриқонунии онҳо дар Федератсияи Россия ҷарима ба маблағи то 300 ҳазор рубл, корҳои маҷбурӣ ба муҳлати то 420 соат, корҳои ислоҳотӣ ба муҳлати ду сол, маҳдуд кардан аз озодӣ ба муҳлати як сол, маҳрум сохтан аз озодӣ то панҷ сол, бо маҳдуд намудани озодӣ ба муддати ду сол ё бе чунин маҳдудсозӣ пешбинӣ шудааст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»