Талош барои дарёфти шарикони рушд ва расидан ба қуллаҳои баланд

№146 (4566) 23.11.2022

Комил ШариповҶамъияти саҳомии кушодаи «Ҳумо», ки умри ҳафтоду ҳафтсола дорад, дар гузаштаи на чандон дур  бо номҳои заводи «Трактородеталь»,  «Душанбесельмаш» ва ИИ «Тоҷикгид­роагрегат» фаъолият карда, дорои чордаҳ коргоҳ, сеюним ҳазор коргар буд. Бо маҳсулоти  зарурии босифаташ дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур гардида, барои корхонаҳои трактору комбайн­истеҳсолкунандаи шаҳрҳои Ростови лаби Дон, Чернобил, Днепропетровск,  Лвов, Тошканд,  Таганрог, Красноярск,  Павлодар, Чебоксар ва ғайраҳо қисмҳои эҳтиётӣ бароварда, ирсол менамуданд. 

Соли 1978 завод истеҳсоли якчанд навъ филтр, қулфу калид ва силиндри гидравликиро ба тариқи азхудкунӣ ба роҳ монда, насос-дозотарҳои тамғаи НД-80 К-ро ба фурӯш бароварда, таваҷҷуҳи бисёр харидорони берунаро ҷалб кард. Соли 1984 истеҳсоли танзимкунандаҳои гид­равликии тамғаи №ГА-34000 К ва танзимкунандаҳои ҳаракатдиҳандаи электрогидравликиро, ки барои комбайнҳои ғалладарави «Дон-1200» ва «Дон-1500»  бисёр зарур буд, ба роҳ монда, ҳамкориро ба шаҳру вилоятҳои собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ тавсеа бахшид. Охирин дастоварди коргарону мутахассисони корхона дар замони истиқлолият соли 1996 истеҳсоли танзимкунандаҳои гид­равликии навъи РПВ ва соли 1999 насосҳои дандонадори НШ-50, НШ-32 ва соли 2001 истеҳсоли насоси  НШ-10 маҳсуб меёбанд. Дар ташкилу идоракунии иқтисодиёту нақшабандии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин интегратсияву махсусгардонии истеҳсолоти ватанӣ ҳукмрон буда, ягон монеа садди роҳ намегардид. Вале баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ муносибату муомилот аз байн рафт. Дигар ба маҳсулоти корхонаҳо  ниёз намонд. Беҳтарин мутахассисону навоварону ихтироъкорон, ки тарки корхонаву шаҳру кишвар карданд, сирру асрори ҳунару истеҳсоли маҳсулоти нозуку ноёб, босифату бозоргири  коргоҳҳои корхонаҳои калонро низ бо худ бурданд.

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо хусусигардонии корхонаҳои саноатии кишвар ва сохторҳои аграрии он асосан аз нимаи дуюми солҳои навадуми асри гузашта ибтидо мегирад. Афсӯс, ки на ҳама шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба моҳияти ин таҳаввулот ва мақсади хусусигардонии моликияти давлатию ҷамъиятӣ дуруст сарфаҳм рафтанд. На ҳамаи соҳибмулкон санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба хусусигардонӣ ва оинномаву шартномаҳояшонро дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя ва иҷро менамуданд. Ана барои ҳамин қисман корхонаҳои саноатӣ ба харобазор, ҳатто рӯ ба нестӣ оварда, дар деҳот бошад, бисёр киштаҳо ба чарогоҳҳои бесоҳиб табдил ёфтанд. Заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ баромаданд.

 Чунин ҳолати номатлуб қаҳрамони мо, собиқ вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум аз ҳавзаи интихоботии Заҳматобод №7 шаҳри Душанбе, феълан  раиси комиссия оид ба буҷет ва идораю ихтиёрдории моликияти коммуналии  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, номзади илмҳои иқтисодӣ Комил Шариповро, ки дар гузаштаи наздик дар вазифаву мансаби муовини директори  фабрикаи тамоку  ва муовини раиси ноҳияи Октябр (ҳоло Исмоили Сомонӣ) кору фаъолият кардааст, бетараф намегузошт.  Эшон дастпарвари факултети «Иқтисодиёт ва идора»-и Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмати шаҳри Душанбе буда,  дар мавзӯи «Ислоҳоти аграрӣ-таҳкурсии рушди устувори хоҷагии халқ» муваффақона рисолаи илмӣ дифоъ намуд. Гуфтан бамаврид аст, ки хусусигардонӣ ва ташкили истеҳсолоти саноати кишоварзӣ дар даврони истиқлолият самтҳои асосии пажӯҳиши илмиаш маҳсуб меёбад.

Ба ҳайси вакил дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995 — 2000), чун узви Кумитаи иқтисод ва молия фаъолият намудан, доираи фаҳмишу таҷрибаро дар ин самт тавсеа бахшид.  Дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба дастгирию кумаки истеҳсолкунандагони ватанӣ,  консепсияи рушди саноати маҳаллӣ, ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мақсади рушди иқтисоди ватанӣ) таклифу пешниҳод ва иловаҳои судманд баён карда, дар баррасии онҳо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дош­танд. Дар маҷмӯъ,  ҳамчун вакил дар мақомоти олии қонунгузор вобаста ба  таъмини волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ бевосита саҳмгузор буд.

Комил Шарипов чор даъват паи ҳам вакили Маҷлиси вакилон, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба буҷет ва идораю ихтиёрдории моликияти коммуналӣ буда, ба моликияти ҷамъиятӣ диққату эъти­бори ҷиддӣ медиҳад. Ба кам касон муяссар гардидааст, ки зиёда аз чоряк аср сазовори эҳтирому эътиқоду боварии халқ ҳамчун вакил фаъолияту хизмат карда бошад.  Инро ӯ мукофоти олӣ аз ҷониби халқу миллат медонад. Эшон бо хизмати содиқона, хоксорию таҳаммулпазирӣ ва ба дарди мардум дармонбахш буданаш ба ин обрӯ, эътиқоду боварӣ гардиданд. Подоши ҳамаи ин аз ҷониби Сарвари давлат  бо медали «Хизмати шоиста» сазовор донистанашон мебошад. Панду насиҳати падари бузургвор (рӯҳашон шод бод) Карим Шариповро, ки самари умрашонро ба хизмати давлату ҳукумат бахшидаанд, дар ёд доранд: «Писарам, агар тавонӣ, ба  дасти рос­тат тавре хайр бикун, ки дасти чапат нафаҳмад. Некӣ бикун, вале ҳаргиз ба забон наёр, ки Худованд миннатгузориро хуш надорад…».

Барои роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии ҶСК «Ҳумо» моҳи июли соли 2006 санаи фаромӯшношуданист.  Корхонаи  муштараки саҳомии пӯшидаи  «Тоҷ­Ирон», ки бо тасмими  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон ва саҳми муштараки тарафҳо ҶСК «Ҳумо» ва Ширкати «Тракторсозии  Ирон» таъсис ёфта буд, бо иштироки  бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмади Нажод бо расми тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Аз ҳама зиёд раиси  Шӯрои директорони ҶСК «Ҳумо» ва ҳамзамон КМСП «ТоҷИрон» Комил Шарипов шоду қаноатманд буд, зеро боварӣ дошт, ба ҳар ҷое ки қадами мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расад, ҳатман ба он макон нус­рату файзу баракат мерасад. Бинобар ин, ин рӯзи муборакро аз ҳама зиёд интизор буданд ва бовар доштанд, ки корхонаашон чун мурғи ҳумо ба қуллаҳои баланд рафта мерасад. Охир, ба ҳамин муроду орзуву мақсадҳо ин номро интихоб кардаанд. Ҳумо мурғи афсонавиест, ки гӯё дар қуллаҳои баландтарини  кӯҳҳо ошён мегузорад. Бо тавсеаю дастуру ҳидоятҳои сарони давлатҳои дӯсту бародар корхонаҳо самти фаъолияташонро куллан дигар карданд. Ҳадаф аз ташкили корхонаи мазкур ба роҳ мондани истеҳсол ва бандубасти трактору мошинолоти кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва фурӯши онҳо, расонидани хизмати техникӣ бо шарикони рушд мебошад. Инак, зиёда аз понздаҳ сол мешавад, ки истеҳсолотро ҳам ба таҷҳизоту технологияи муосир мувофиқ ва ҳам маҳсулотро ба талаботи рӯз мутобиқ ба роҳ мондааст…

«Чаро як Иттиҳоди истеҳсолии  «Тоҷикгидроагрегат» моҳияташро гум кард…?»  хулоса мебароварду ба худ меандешид  Комил Шарипов ва посух меҷуст:  «Агар аз як ҷиҳат пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ  ва заволи ҳукмронии сиёсӣ ба иқтисодиёт бошад, сабаби асосӣ  аз байн рафтани  фармоишгарону харидорони маҳсулоти корхона ва канда шудани муносибатҳои иқтисодӣ буд. Феълан иқтисодиёт ба сиёсат ҳукмрон аст. Мо бояд талаботи бозори дохилиро омӯхта, истеҳсолотро ба роҳ монем!» – ба хулоса омад қаҳрамони мо ва дар як фурсати кӯтоҳ вобаста ба талаботу ниёзи КВД  «Ширкати Алюминийи Тоҷик», Заводи сементбарории шаҳри Душанбе, КВД «Роҳсозӣ ва обу корези Душанбе» ва дигар қисмҳои ҳарбӣ ва майдончаҳои варзишии пойтахт истеҳсолоти корхонаро ба роҳ монданд, аз рӯи дастуру супоришҳои Сарвари давлат сеху коргоҳҳо, биноҳои истеҳсолотию ғайриистеҳсолӣ, дастгоҳу таҷҳизот, ки аз ҷиҳати физикию маънавӣ куҳнаю корношоям шуда буданд, таҷдид ёфта, ба мақсади ташкили ҷойҳои нави кор иҷорагиронро даъват намуда, пешниҳоди мушаххас мекарданд. Бо ин роҳ шумораи ҷойҳои кор то ба 150 адад афзуда, вобаста ба талаботи бозори дохилӣ истеҳсоли қуттиҳои плас­тикӣ барои меваю сабзавоти тару тоза, маҳсулоти гуногуну рангоранг аз санги мармар, дару тирезаҳои плас­тикӣ, бандубасти дучархаи истеҳсоли заводи «Мотовелло»-и шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба роҳ монда шудаанд.

Ҳаёт, рафти зиндагӣ истеҳсолу хизматрасониҳои навро ба миён гузошт: тайёр кардани бетон, матолиби реклама, хиштҳои сементӣ, насби дару тирезаҳои чӯбин, чопи китобу маводи телеграфӣ ва низому ташкили барномаҳои электронии дахлдори соҳавиро роҳандозӣ намуда, имконият фароҳам омад, ки зиёда аз 50 нафар қувваи қобили дигари меҳнатиро ба шуғли доимӣ ҷалб намоянд.

Дар Паёми солонаи Президенти мамлакат (21-уми декабри 2021) омадааст, ки «Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат ҳалли масъа­лаҳои иҷтимоию  иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ,  аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар, пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022 — 2026,  яъне то ҷашни 35 — солагии  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави кор таъсис дода шавад». Дар ин хусус барномаи мушаххаси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон низ қабул шудааст. Дар ин самт фаъолияти мақомоти идораву иҷроияи ҶСК  «Ҳумо» ва КМСП «Тоҷ­Ирон» ҳаматарафа тавсеа меёбад. Бо роҳбарону мутахассисони КВД ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» ва намояндагиҳои ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ  машварату ҳамкориҳо роҳандозӣ намуда, барои истеҳсолу дастрасии таҷҳизоти техникии соҳаи кишоварзӣ азму талош доранд. Мисоли равшани ин дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ дар КМСП «ТоҷИрон» ба роҳ мондани истеҳсоли ядак (присеп) бо иқтидори бардошти аз 4 то 6 тонна, испор бо теғаву чархи ҷӯяккашак, исканачаи хӯшағундор, дастаи чангчаю диски он ва ғайра мебошад. Агар паҳншавии бемории сироятии COVID -19 монеъ намегардид, бо даъвату ҳамкории муштараки ҶСК «Ҳумо», КМСП «ТоҷИрон» Ширкати «CAUIA International corporation»-и Кореяи Ҷанубӣ корхонаи бандубасти автомобил ва техникаи соҳаи кишоварзӣ — ҶДММ «Автомобили ТОҶКАУЛА»-ро дар шаҳри Душанбе таъсис медоданд. Асноди муҳими таъсиси корхонаро ба тасвиб расонидаанд ва боварист, ки дар фурсати муносиб он бунёд хоҳад шуд.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам ҶСК  «Ҳумо» ва КМСП «ТоҷИрон» дар бозори дохилӣ фармоишгарони боэъти­мод пайдо накарданд. Бинобар ин, коркард ва истеҳсоли маҳсулот асосан ба таври универсалӣ ва миқдоран кам бароварда мешавад. Албатта, чунин ҳолат ба пастравии самаранокии истеҳсолот ва ҳосилнокии меҳнат оварда мерасонад. Роҳ ба бозори берунӣ ҳам баъди бартараф кардани ин монеаҳо оғоз меёбад. Раиси Шӯрои директорон низ дар андешаи чунин шарикони рушданд, зеро ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат ҳам ба кишвари мутараққии агросаноатӣ табдил додани Тоҷикистони соҳибис­тиқлол аст.

А. Абдураҳимов,

К. Давлатзода,

Кормандони шоистаи Тоҷикистон