Ҳукумати кишвар барои наҷоти бонкҳои тиҷоратии кишвар гурӯҳи кории нав таъсис дод, ки роҳбарии он ба уҳдаи Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи молия ва иқтисоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, вогузор гардидааст.
То кунун ба ҳалли буҳрон дар бонкҳои тиҷоратии кишвар Вазорати молия ва Бонки миллӣ машғул буданд. Гурӯҳи кории нав ба ҳалли мушкили «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» талош хоҳад кард.
Таъсиси гурӯҳи кории нав дар ҳолест, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ (22-юми декабри соли 2017) аз вазъи ногувори бонкҳо дар кишвар изҳори нигаронӣ карда гуфтанд, ки онҳо ба «тормози рушди иқтисодӣ» табдил ёфтаанд ва ба Ҳукумати мамлакат дастур доданд, «нақшаи таҷдиду солимгардонии ҷамъиятҳои саҳҳомии «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин таҳия ва амалӣ намояд».
«Садои мардум»