Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол дар натиҷаи истеъмоли тамоку 4 миллиону 800 ҳазор нафар мефавтанд ва агар чораҳои пешгирикунанда андешида нашаванд, то соли 2030 ин рақам ба 10 миллион нафар хоҳад расид. Вобаста ба зарари тамоку гуфта мешавад, ки никотини таркиби он ба узвҳои ҳозима, нафаскашӣ, рагҳои хунгард таъсири манфӣ расонида, ба сар задани бемориҳои илтиҳоби меъда (гастрит), захми меъда, бронхит, зиққи нафас (астма), саратони шуш ва сактаи дил боис мегардад.
Зимнан, дар кишвар ба ҳифзи саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Бо ин мақсад соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» қабул гардид, ки муқаррароти он истеҳсол ва истифода аз маҳсулоти тамокуро ба танзим медарорад. Сипас, соли 2018 ба қонуни зикршуда тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки меъёрҳо дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку ва пешгирии беморшавии аҳолӣ, инчунин воридот, содирот ва фурӯши онро муайян намуд.
Дар банди якуми моддаи 6-и қонуни мазкур омадааст: «Истифодаи маҳсулоти тамоку, аз ҷумла чилим, нос ва сигори электронӣ, дар дохили биною иншоот қатъиян манъ аст». Ҳамчунин, ин моддаи қонун истифодаи маҳсулоти тамокуро дар як қатор ҷойҳои дигар ҳам манъ кардааст. Аз ҷумла, муқаррар мекунад, ки дар «дохили бино ва ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, динӣ ва илмию таълимӣ» сигор кашидан манъ аст. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин талабот чандон иҷро намешавад. Ин ҷиҳат, агар аз як тараф аз бепарвоӣ ва қонунро надонистани мардум рӯй диҳад, аз ҷониби дигар, мавҷуд набудани ҷойи махсуси сигоркашӣ дар ҳудуди иншооти зикршуда ба ин боис гаштааст.
Дар дохили биноҳои маъмурӣ, утоқҳои кории ташкилоту идораҳо низ утоқҳои хоса барои сигоркаш ба назар намерасанд. Ба истиснои баъзе аз меҳмонхонаҳо. Илова бар ин, қариб ҳар рӯз ба сигоркашии одамон дар тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, буфет ва ҷойҳои дигари серодам шоҳид мешавем. Бехабар аз он ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» дар чунин ҷойҳо сигоркаширо манъ кардааст. Ё шояд хабар дорему қонунро риоя намекунем?
Тибқи талаботи қонуни зикршуда, дар «дохили ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксӣ, истгоҳҳои барои нақлиёти ҷамъиятӣ таҷҳизонидашуда, биноҳо ва дар ҳудуди фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ» кашидани сигор манъ аст, вале ҳама шоҳид мешавем, ки дар таксиҳо ҳадди ақал як нафар сигорӣ асту дар роҳ ду — се маротиба сигор мекашад. Боз бисёр мебинем, ки дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ нафарони зиёд бо ҳамдигар суҳбаткунон сигор мекашанд ва касе чизе намегӯяд.
Ҳамчунин, моддаи 6-и қонуни мавриди назар дар «дохили бинои осоишгоҳҳо ва иншооте, ки дар онҳо чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангию фароғатӣ гузаронида мешаванд», «дохили бинои меҳмонхонаҳо ва хобгоҳ», «майдончаҳои кӯдакон», «нақлиёти истифодаи шахсӣ, ки дар он кӯдакони то 16 — сола ҳузур доранд» ва «даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва биною иншооти дигаре, ки барои одамон дастрас мебошанд», сигоркаширо манъ мекунад.
Илова бар ин, тибқи моддаи 8-и қонуни мазкур ҳар нафаре, ки дар маконҳои манъшуда сигор мекашад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Мувофиқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадор карда шудаанд, ки берун аз биноҳо ҷойҳои махсуси истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян намоянд. Вале, чунон ки мебинем, ин ҷиҳат ҳанӯз ҳам саҳл гирифта мешавад.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
рӯзноманигор