Моҳи майи соли равон ду қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки мувофиқи онҳо минбаъд нархи 16 намуди молу маҳсулот, аз ҷумла орд (навъҳои 1 ва 2), нони аз орди навъҳои 1 ва 2 истеҳсолгардида, маҳсулоти макаронӣ, гандум, биринҷ, картошка, сабзӣ, пиёз, карам, қанди сафед, шакар, равғани растанӣ, пахта, офтобпараст, равғани маска, шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог, наск, нахӯд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав, гӯшт — гӯшти гов, гӯсфанд ва мурғ, тухми мурғ, намак, чой ва ғизои кӯдакона ба танзим дароварда мешавад. Вобаста ба муҳтаво ва мақсади қарорҳои мазкур бо муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назар Одиназода мусоҳиба оростем.
- Вокуниш ба ин иқдом дар ҷомеа гуногун аст ва эҳсос мегардад, ки аксаран моҳияти онро нафаҳмидаанд. Хуб мешуд, агар ба ин масъала равшанӣ меандохтед.
- Моҳи майи соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» қабул гардид. Дар моддаи 22 қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасониҳоро ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Низомномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 майи соли 2018, №257 тасдиқ шуд.
Ғайр аз ин, мутобиқи моддаи 15 — уми қонуни зикршуда номгӯйи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор мегиранд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад. Ин меъёрест, ки дар қонун пешбинӣ гардидааст.
Дар Низомнома зикр шудааст, ки «танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) барои мол, маҳсулот ва хизматрасониҳо дар ҳолатҳое амалӣ карда мешавад, ки агар болоравии нархҳо (тарифҳо) дар давоми як моҳ то 20 фоиз ва зиёда аз онро ташкил диҳад». Дар боби 3-юми Низомнома усулҳои танзими давлатии нархҳо муайян карда шудааст. Танзими давлатии нархҳои маҳсулоти истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо бо чунин усулҳо амалӣ карда мешавад: муқаррар намудани сатҳи ниҳоии иловапулии савдо, муқаррар намудани сатҳи ниҳоии нархи фурӯши чакана ва муқаррар намудани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ.
Меъёрҳои танзимкунанда барои маҳсулот, молҳои истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ аз рӯйи натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда муқаррар карда мешаванд. Танзими давлатии нархҳо барои маҳсулот, молҳои истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо муваққатан ҷорӣ мегардад ва хусусияти доимоамалкунанда надорад. Яъне, то муътадил шудани нарх амал мекунад. Ин дар таҷрибаи дигар давлатҳо низ ҳаст.
Бояд қайд кард, ки дар моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизмати маишӣ» номгӯйи молу маҳсулоти хӯрокворӣ, ғайрихӯрокворӣ ва хизматрасониҳо муайян шудааст, ки аз он 16 намуди молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим интихоб гардид. Дар оянда эҳтимоли такмил ёфтани ин номгӯй вуҷуд дорад.
- Агар нарх аз ҷониби ширкатҳое, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармоӣ доранд, баланд шуда бошад, нисбат ба онҳо чӣ чора андешида мешавад?
- Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», ширкатҳое, ки мавқеи ҳукмфармоиро дар бозори мол (кор ва хизматрасонӣ) ишғол мекунанд, зери танзими зиддиинҳисорӣ қарор мегиранд. Хадамот Феҳристи субъектҳои хоҷагидореро, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармоӣ касб кардаанд, дорад. Дар ин самт маълумоти омориву гумрукиро истифода менамоем. Бинобар сабабе, ки мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор тағйирпазирист, ба Феҳрист низ ҳар сол тағйирот ворид карда мешавад.
- Дар ҳолати то сатҳи зараровар паст шудани нархи 16 намуди молу маҳсулоти зикршуда чораандешӣ мешавад?
- Вақте ки нархи маҳсулот паст шуд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки истеҳсоли он зиёд шудааст. Истеҳсол, ки зиёд шуд, аз ҳисоби ҳаҷми фурӯши он соҳибкор бурд мекунад.
Дар масъалаи паст шудани нархи молу маҳсулот дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» мафҳуми «нархи пасти инҳисорӣ» пешбинӣ гардидааст. Ширкатҳое мавҷуданд, ки амалҳои мувофиқашударо ба вуҷуд оварда, нархи молу маҳсулоти муайянро паст намуда, бар зарар мефурӯшанд. Мақсади чунин ширкатҳо аз бозор баровардани рақибон ва дар оянда баланд бардоштани нарх мебошад. Агар бо чунин мақсад нархи молу маҳсулот паст шуда бошад, ҳатман чораандешӣ мешавад.
Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»