Агар хомӯш биншинем, гуноҳ аст

Тарғиби гадоӣ аз тариқи «Youtube» ва хавфи мӯд шудани он

№70 (4490) 09.06.2022

ЮтубеТайи ду соли охир ҷавонони зиёд пайдо шуданд, ки аз ҳисоби блогерӣ, яъне роҳандозӣ кардани саҳифаҳои инфиродӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан «YouTube» маблағ ба даст меоранд. Вале аввали моҳи марти соли ҷорӣ ширкати «YouTube» эълон кард, ки минбаъд барои корбаронаш дар Россия ва онҳое, ки аз он кишвар наворҳои блогерони дунёро тамошо мекунанд, пул намедиҳад ё ба истилоҳ, «монетизатсия»-ашонро хомӯш мекунад. Чунин тасмим гирифтани «YouTube» ба блогерони тоҷик низ беасар намонд ва даромади аксари онҳо қариб 90 фоиз коҳиш ёфт.

ТАРҒИБГАРОНИ ТАЛБАНДАГӢ ДАР «YOUTUBE». ОНҲО КИСТАНД ВА ЧӢ ГУНА ПАЙДО ШУДАНД?

Мутаассифона, ҳоло сербинандатарин «контент» дар «YouTube»-и тоҷикӣ навори кумакхоҳии бархе аз ҳамватанон мебошад, ки дар як шабонарӯз то 500-600 ҳазор бинанда дорад.

Сифати маҳсули эҷоди корбарони бахши тоҷикии «YouTube» пеш аз қатъ шудани «монетизатсия» (ба даст овардани фоида бар ивази нашри навори сербинанда дар шабакаҳои иҷтимоӣ) баланд набуд, вале пас аз моҳи март якбора бадтар шуд. Яъне, саҳифаҳое, ки то моҳи март саҳначаҳои ҳаҷвӣ ё барномаҳо дар шакли суҳбат омодаву таҳия мекарданд, ҳоло ба нашри навор аз ҳаёти сангини бархе аз сокинони манотиқи гуногуни кишвар машғуланд.

ҳоло ютубканалҳои «Qurbon Nеgmatov», «Дӯстмурод Шарипов», «Mehrob pro», «Samandar pro», «Rahim production» ва ғайраҳо наворҳоеро, ки моҳияти бечораҳолӣ доранд, пахш мекунанд. Ин дар ҳолест, ки аз тариқи каналҳои зикршуда пеш саҳначаҳои ҳаҷвӣ нашр мегардид. Масъулини саҳифаҳои мазкур хуб медонанд, ки қатъ шудани «монетизатсия» ба онҳо имкони идома додани корро дар «YouTube» намедиҳад ва роҳи нави пулёбиро «ихтироъ» карданд.

Бешубҳа, тағйирот дар муҳтавои наворҳои блогерон, пеш аз ҳама, ба фоидаи моддӣ рабт мегирад. Фоидае, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо ошкор намекунанд. Зимнан, ин фикр ҳам пайдо мешавад, ки то қатъ шудани «монетизатсия»-и «YouTube» аксари он блогерон ба рӯзгору тарзи зиндагии муҳтоҷону дармондагон таваҷҷуҳ зоҳир намекарданд. Ҳоло ки шабакаи иҷтимоӣ пулдиҳиро қатъ кард, ҳама ба нашри «муҳтоҷномаҳо» рӯ оварданд.

Блогерон, агар бо нашри барномаҳои қаблиашон мегуфтанд, ки аз ҳисоби тамошобинони саҳифа­ашон сарфу харҷашонро пӯшонида, фоида ҳам ба даст меоранд, пас ҳоло аз хусуси фоида лаб намекушоянд ва вонамуд мекунанд, ки гӯё шабу рӯз барои эҳтиёҷмандон заҳмат мекашанд.

БА МУҲТОҶОН КИҲО ВА ЧӢ ТАВР КУМАК МЕКУНАНД?

Дар фазои тоҷикии «YouTube» ҳар рӯз наздики 10 навор ба мазмуни имдодхоҳӣ пайдо мегардад, ки хеле зуд ва бидуни машаққати зиёдатӣ таҳия гаштаанд. Як нафар, (ҳеҷ гуна далел вуҷуд надорад, ки ӯ дар ҳақиқат муҳтоҷ аст) ба касе, ки дар «YouTube» саҳифа дорад муроҷиат намуда, хоҳиш менамояд, ки доир ба мушкилиаш «барнома» таҳия кунад, то мардум ба ӯ ёрӣ расонанд. Блогер аз хонаи он нафар матлаб омода карда, ба қавле, мушкили ӯро нишон медиҳад ва дар навор рақами корт мегузорад, ки мардум пул гузаронанд. Одамони саховатманд ва қисме аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар корти пешниҳодшуда пул мефиристанду мушкилро ҳал мекунанд. Сипас, блогер боз аз ҳаёти он нафари мушкилдор навор таҳия мекунад ва ин дафъа муваффақияташро ба обуначиҳояш нишон медиҳад.

Ин як занҷир аст. Занҷири занг­зада, ки як-ду соли охир батамом қолаб гирифт, сахт шуд ва шикас­танаш мушкил гардид. Дар бахши тоҷикии «YouTube» матолиби хубу фоидаовар зиёд набуда, шумораи обуначиҳову бинандагонашон ниҳоят кам ҳастанд, вале дар ин баробар, садҳо ҳазор нафар ба бечоранолии ба ном эҳтиёҷмандон таваҷҷуҳ зоҳир ва кумак мекунанд.

«Муваффақият»-и блогерону муҳтоҷонро дида, андешаи «ҳақиқатан ҳам мардуми мо хайр­хоҳанд» ба сарамон пайдо мешавад, вале ин кори блогерон ва муносибати бинандагон ҷомеаро ба куҷо мебарад, номаълум аст.

ТАРАФИ МУСБАТ ҲАМ ДОРАД, АММО…

Албатта, баёни аҳволи эҳтиёҷ­мандон тавассути наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанбаи мусбат ҳам дорад. Яъне, метавонад ҳисси раҳму шафқат ва гуманизмро дар мардум бедор кунад. Масалан, бисёриҳо аз садамае, ки дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ронандаи автобус сар зада, ба 7 автомашина зарар расонд, огоҳанд. Ронандаи автобус зарари расидаро ба автомашинаҳои харобшуда, ки дар маҷмӯъ, 315 ҳазор сомониро ташкил дод, бояд пардохт мекард. Дар ин миён дастандаркорони ютубканали «Qurbon Nеgmatov» ба хонаи ронандаи автобус Назар Назаров рафта, аз шароити зиндагии ӯ бо нашри навор маълумот доданд, ки онро дар як шабонарӯз зиёда аз 300 ҳазор бинанда тамошо кард.

Нахуст ширкати «Рахш-таксӣ», ки автомашинаҳои зарардида ба он тааллуқ дошт, зарари расидаро бар дӯш гирифт ва баъди 2-3 рӯз блогерон ба хонаи ронандаи автобус дар халтаи селлофанӣ пул бурданд. Чанд сомонӣ будани пулро нагуфтанд, вале ишора карданд, ки бо он метавонад хонаи нав сохта, зиндагиашро беҳтар созад.

Бешубҳа, ин амали блогеронро метавон хуб гуфт, зеро маҳз тавассути навори онҳо қаҳрамони матлаб аз мушкил, ки шояд барои бартараф карданаш солҳо меҳнат мекард, халос шуд. Вале бадии кор дар он аст, ки баъзе аз қаллобон метавонанд барои дарёфти пули муфт худро бечораву муҳтоҷ вонамуд кунанд.

Ҳеҷ кас бар зидди хайр кардану дасти эҳтиёҷмандро гирифтан нест, ҳар кас метавонад ба муҳтоҷон кумак расонад, вале тарзе бояд амал кард, ки талбандагӣ мӯд нашавад, ки одати бисёр зишт аст. Бинобар ин, беҳтар аст, пеши роҳи амали чунин блогерон гирифта шавад. На ба маънои сензура, балки ба хотири танзими муҳтавои наворҳояшон. Зеро баробари ҳар навори нашршуда даҳҳо нафари дигар, ки хонаву мошин надоранд ва кор намекунанд, ба блогерон муроҷиат намуда, хоҳиш мекунанд, ки аз рӯзгори онҳо ҳам навор пахш кунанд, то онҳо низ чизе ба даст оранд.

Мӯд шудани талбандагӣ боз аз он ҷиҳат бад аст, ки минбаъд ин ­тоифа намехоҳанд кор кунанду меҳнат, зеро медонанд, ки дар наз­ди камераи блогер як бор бо чашмони ашкбор намоён шаванд, ба корти бонкиашон пул мегузаронанд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»