Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарбияи ватандӯстӣ — яке аз самтҳои афзалиятноки паём

№13 (4596) 16.01.2023

IMG_290724-уми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёкон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талош баҳри фардои ободу дурахшони кишвар ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тар­бияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва танзими меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯс­тии шаҳрвандон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худ­ро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем».

Воқеан, дар марҳилаи кунунӣ арзишҳои миллӣ аҳамияти махсус пайдо кардаанд. Тарбияи ҷавонони кишвар дар рӯҳияи баланди ватандӯс­тию ватанпарастӣ, ифтихор аз ватандорӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, меҳнатдӯстию масъулиятшиносӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии онҳо, истифодаи пурсамари иқтидори зеҳнӣ ва маънавии онҳо ба манфиати ҷомеа хеле саривақтӣ буда, масъалаҳои муҳимтарини аҳли ҷомеа ҳисобида мешавад, зеро рушди кишвар ба ҳалли дуруст ва саривақтии ин масъа­лаҳо — таълиму тарбияи фарзандони комил, сатҳи маълумот, маърифат ва салоҳияти онҳо  вобаста аст.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҳаллу фасли масъа­лаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон нақши бағоят муҳим мегузоранд. Аз мазмуну муҳтавои ҳар як Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки тамоми дастуру супоришҳо ва талошҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи Тоҷикистон, рушду ободии Ватани азизамон, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳиб­истиқлол дар арсаи байналмилалӣ равона шудаанд.

Инсон ба давлати худ дар сурате манфиатовар буда метавонад, ки онро воқеан ҳам бо ҳастию оромии фарзандон, бо зиндагии осоиштаи ҳамватанон, бо далерию матонати қаҳрамонон эҳсос намояд, Ватанро бо ҳама пастию баландиҳои рӯзгори мардум, бо ҳама арзишҳои таърихию замонавӣ, бо ҳама мағлубияту музаффариятҳо, ки барои имрӯзу фардо таъсирҳо дорад, дӯст дорад, аз таҷрибаи он сабақ бардорад ва вазифаю масъулияти муқаддаси худро дар назди насли оянда аз ёд набарорад. Ин аст дарси ватандории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими меъёрии ҳуқуқӣ мақому манзалат ва нуфузу эътибори бештарро касб кардааст.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштанаш, инчунин аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ, волоияти қонун ва амсоли онҳо андешаронӣ намуданд, ки боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон, мебошад.

Паём ҳамчун санади муҳим дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии мамлакат, таъмини амнияти давлат, волоияти қонун ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Зеро солҳои охир вазъи сиёсии ҷаҳон тағйир ёфта, хавфҳои нави  умумибашарӣ ба миён омадаанд. Дар ин раванд,  аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам боло рафта, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа баргузории онро бесаброна интизорӣ мекашанд, тавассути воситаҳои ахбори омма матолиби онро бо таваҷҷуҳи хос тамошо ва мутолиа мекунанд.

Паём аз ҷониби дигар, ба қалби мардум шуълаи умед­ро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят менамояд. Дар он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхорӣ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа пешбинӣ гардидааст. Пешвои миллат дар Паёмашон дастовардҳои асосии иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2022 ҷамъбаст карда, барои таҳкими ин комёбиҳо дар назди Ҳукумати кишвар вазифаҳои нав гузоштанд.

Боиси сарфарозист, ки дар натиҷаи роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа саъю талоши бунёдкорӣ авҷ гирифта, ин раванди нек боиси таҳкими мақому нуфузи давлати соҳиб­истиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Дар натиҷа мо тавонистем, ки ҳатто дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ низ татбиқи ҳадафҳои миллиамонро бомаром идома диҳем.

Бинобар ин, на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон бояд ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз­ро сармашқи фаъолият қарор диҳанд.

Сулаймон ТАЛБАКЗОДА,

муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон