Ташаббусҳои беназир ба хотири эмин нигоҳ доштани сайёраи Замин

№83-84 (4503-4504) 08.07.2022

Умарализода МаксудалиМувофиқи маълумоти мутахассисон, яке аз сабаб­ҳои асосии тағйирёбии иқлим ба партови аз меъёр зиёди газҳои гулхонаӣ ба атмосфера мебошад. Мафҳуми «газҳои гулхонаӣ» аз вожаи англисии «greenhousegas» бармеояд. Чунин газҳо, мисли диоксиди карбон (СО2), метан (CH4), оксиди нитроген (NO) ва фреонҳо хусусияти баланди фурӯбарии гармиро дошта, дар равшанӣ дорои ранги шаффоф ҳастанд, ки энергияро дар сайёра зиёд ва иқлимро аз будаш гармтар мекунанд. Газҳои гулхонаӣ аз оғози пайдоиш дар атмосфера дар ҳаҷми ночиз (қариб 0,1%) ба қайд гирифта шуд, ки барои нигоҳ доштани тавозуни гармии Замин дар сатҳи муносиб кофӣ буд. Падидаи табиии гулхонаӣ ба сайёра ва башарият хатар надорад, вале афзоиши консентратсияи газҳои гулхонаӣ дар атмосфера таи дусад соли охир ба баланд шудани таъсири гулхонаӣ ва вайрон шудани тавозуни гармии Замин оварда расонид. Тибқи таҳқиқоти олимон, дар як сол тақрибан 22 миллиард тонна партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ихроҷ мешавад.

Бино ба иттилои мавҷуда, фақат дар даҳсолаи охир партови газҳои гулхонаӣ дар атмосфера 29 дарсад афзудааст, ки он ҳам таъсири омили инсонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, тасмимҳое, ки дар масъалаи тағйирёбии иқлим аз ҷониби давлатҳо ва ё созмону ташкилотҳои байналмилалӣ гирифта мешаванд, ба маҳдудкунии фаъолияти инсон равона шудааст. Мутахассисон кам кардани партови газҳои гулхонаиро яке аз роҳҳои асосии то андозае пешгирӣ намудани раванди гармшавӣ арзёбӣ мекунанд. Аз ин рӯ, кишвари мо пайваста барои рушд додани энергия ва «иқтисоди сабз» тадбирҳо меандешад.

Ҷаҳиши якуякбораи ҳарорати ҳаво ба сӯхтани канданиҳои фоиданоки сӯзишворӣ ва аз байн бурдани ҷангалзорҳо алоқаманд буда, болоравии дараҷаи гармӣ дар кураи Замин танҳо яке аз оқибатҳои он мебошад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳарорати гармӣ нисбат ба 100 соли пеш 10С боло рафтааст. Болоравии ҳарорат боиси обшавии пиряхҳо ва баланд шудани сатҳи оби уқёнус гашта, метавонад минтақаҳои калони хушкӣ ва ҳатто шаҳрҳои калонро ғарқ кунад.

Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дар самти истихроҷи газҳои гулхонаӣ яке аз ҷойҳои охирро ишғол мекунад, аз таъсири тағйир­ёбии иқлим бенасиб намонд. Дар кишвар 13 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 6 дарсади кишварро ташкил медиҳад. Дар чил соли охир беш аз 1000 пирях пурра аз байн рафтааст. Пиряхҳои Тоҷикис­тон манбаи асосии оби кишварҳои минтақа мебошанд. Аз обе, ки ҳар сол дар кишвар ташаккул меёбад (қариб 60 дарсади оби минтақаи Осиёи Марказӣ), 10 дарсад барои эҳтиёҷоти Тоҷикистон истифода мешавад. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар ба таври умумӣ болоравии ҳарорат, бардавомии хушкии ҳаво ва ҳодисаҳои фавқулодаи табиат ба мушоҳида мерасад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз охири солҳои 90-и асри гузашта дар вохӯриву конфронсҳои сатҳи баланд доир ба тағйирёбии иқлим ва мушкилоти дар натиҷаи он бавуҷудомада изҳори назар намуда, барои пешгирии оқибатҳои бештари он иқдом менамоянд. Гувоҳи ин гуфтаҳо силсилаиқдомҳо дар соҳаи об мебошанд, ки аз соли 1999 татбиқ шуда истодаанд. Ғайр аз ин, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдориашро аз коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера изҳор дошта, ҳар чӣ бештар истифода бурдани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар раванди рушди «иқтисоди сабз»-ро ҷонибдорӣ намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2019 изҳор дошта буданд: «Кишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135 — умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад. Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ба ҳар як нафари аҳолӣ дар миқёси минтақа камтарин буда, саҳми муносиби мо дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра мебошад.

КоллажДар нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зарар­овар ба мо истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, асосан гидроэнергетика мусоидати ҷиддӣ менамояд.

Хотирнишон месозам, ки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус захираҳои об, яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди «энергияи сабз» ва рушди «иқтисоди сабз» ба ҳисоб меравад.

Бо пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи «энергияи сабз» шомил мегардад».

Новобаста аз кам будани партови газҳои гулхонаӣ ва рушди энергияи сабз, ки ба беҳтар шудани муҳити зист ва вазъи экологии минтақа мусоидат мекунад, ба қавли коршиносон, Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар раванди тағйирёбии иқлим аст ва аллакай чандин сол боз аз оқибатҳои он зарари ҷиддӣ мебинад. Бинобар ин, Тоҷикистон бо иқдом ва ташаб­бусҳо пайваста таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ­масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ҷалб намуда, дар баробари ин, ҳамчун кишвари рушддиҳандаи «иқтисоди сабз» намуна аст. Гувоҳи ин гуфтаҳо баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Он аз 6 то 9-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд.

Ҷараёни ҳамоиши мавриди назар ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028»-ро воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар инъикос намуданд.

Дар доираи он форумҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо марбут ба обу иқлим дар сатҳи баланд баргузор шуд, ки пешқадам будани кишвари моро дар ҳалли масъалаҳои об ва иқлим нишон дод.

Мақсудалӣ УМАРАЛИЗОДА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон