Фаъолияти низоми бонкии кишвар тайи ду соли охир бо мақсади бартараф намудани таъсири омилҳои буҳронӣ, солимгардонии бахши бонкӣ ва дар сатҳи устувор таъмин намудани рушди иқтисодиёт ва низоми молиявии кишвар, аз ҷумла, баҳри вусъат додани дастрасӣ ва сифатнокии хизматрасониҳои бонкӣ, маблағгузории иқтисодиёт, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ равона гардид.
Аз ҷумлаи тадбирҳои дар давраи буҳронӣ андешидашуда ташкил намудани Гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти низоми бонкӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи Нақшаи стратегии солимгардонии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 амал менамояд. Бояд гуфт, ки нақшаи стратегии мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, таҳкими самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, пурзӯр намудани фаъолияти назорати бонкӣ, ҷорӣ намудани амалиёти нав дар бозори озод, пешрафти инфрасохтори муосири технологӣ ва гузаронидани дигар ислоҳот таҳия гардида, татбиқи бомуваффақияти он барои беҳтар намудани вазъи молиявии низоми бонкӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба бонкҳои ватанӣ мусоидат мекунад.
Сатҳи баланди долларикунонӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва молиявии онро номуътадил намуда, пайваста осебпазирии иқтисодиёти кишварро аз таъсири омилҳои буҳронӣ ва шокҳои берунӣ афзун мегардонад. Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2015 сиёсати дедолларикунонии иқтисодиётро пеш гирифта, дар доираи он як қатор тадбирҳои судманд андешида истодааст. Вобаста ба ин, бо мақсади аз байн бурдани ҳолатҳои ҳаннотӣ дар бозори дохилии асъор, нуқтаҳои мубодилаи асъор ва нуқтаҳои интиқоли пул, ки дар ташкилотҳои қарзӣ ва берун аз қароргоҳҳои онҳо ҷойгир буданд, пурра баста шуданд. Айни замон амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақдро танҳо марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиал ва саридораҳо тибқи талаботи Дастурамали №211 «Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ» анҷом медиҳанд.
Ҳамчунин, назорати фаъолияти воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ дар самти анҷоми амалиёти мубодилавӣ ва истифодаи асъори хориҷӣ аз ҷониби гурӯҳҳои фаврии муштарак дар ҳамбастагӣ бо Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситодҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо пурзӯр карда шуд. Дар натиҷа, агар 1500 нуқтаи ивази асъор баста шуда бошад, айни ҳол зиёда аз 4300 филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ ин амалиётро анҷом дода истодаанд.
Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, таъмини рақобатпазирии онҳо ва пурзӯр намудани заминаи сармоявии низоми бонкӣ ҷиҳати тобовар будани он ба таконҳои манфии иқтисодиёти дохиливу беруна талаботи ҳадди ақали сармоя барои бонкҳои навтаъсисро аз 50 млн. сомонӣ ба 80 млн. сомонӣ зиёд кард.
Илова бар ин, дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидашуда, ки асосан гузариш аз сиёсати миқдорӣ ба сиёсати сифатӣ гуфтан мумкин аст, ҷараёни баланд бардоштани сармоя дар ташкилотҳои қарзӣ тавассути ҷалби сармояи иловагӣ ва ҳамроҳшавию табдилёбӣ идома дорад. Вобаста ба ин, қайд кардан лозим аст, ки дар гузаштаи наздик дар доираи сиёсати пешгирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми бонкии кишвар ду бонки нав ба фаъолият оғоз намуда, барои пешниҳоди хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ омода мебошанд.
Дар ин раванд, устувории қурби пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ тавассути амалӣ кардани сиёсати қурби ягона таъмин гардида, он бо дарназардошти риояи меъёри фарқият то ба 2 фоиз ҳамгунсозӣ (унификатсия) карда шуд.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон Барномаи нави низоми электронии савдои «Thomson Reuters» ба фаъолият оғоз намуд, ки дар асоси он тамоми амалиёти асъорӣ байни Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ тавассути ин барнома гузаронида мешаванд. Амали мазкур фаъолияти бозори байнибонкии асъорро вусъат бахшида, анҷомдиҳии амалиётҳои қарздиҳӣ, мубодилавӣ, амонатгузорӣ ва дигар амалиёти ташкилотҳои қарзиро воқеӣ, сода ва шаффоф гардонид.
Дар натиҷаи андешидани ин чораҳо, бо маҳдуд гардидани фаъолияти ҳаннотон ва аз байн рафтани саррофон, лаппишҳои қурбӣ аз байн рафта, муайянии бозори асъор таъмин карда шуд.
Дар ибтидои соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади идомаи татбиқи сиёсати дедолларикунонӣ ва танзими ҳаҷми пули нақд дар муомилот, сабикаҳои ченакии тиллоии 5, 10, 20, 50 ва 100 граммиро ба муомилот баровард ва имрӯз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд бемамониат онҳоро бо пули миллӣ харидорӣ намоянд.
Бо мақсади ҷоннок ва васеъ намудани имкониятҳои сиёсати монетарӣ, инчунин ташаккул ва таъсирбахш намудани механизми фишангҳои фоизии он, Бонки миллии Тоҷикистон ислоҳоти сохтории навро пайваста бо истифода аз таҷрибаи амалиёти муосири татбиқи сиёсати монетарӣ амалӣ намуда истодааст. Дар натиҷа, санадҳои меъёрии танзимкунандаи фишангҳои нав ва доимоамалкунандаи монетарии бо пули миллӣ ифодаёфта, аз қабили қарзҳои шабонарӯзӣ (овернайт), қарзҳои рӯзона (интрадей), музоядаҳои қарзӣ (7 ва 14 — рӯза) ва пасандозҳои шабонарӯзӣ ҷорӣ ва дар амал татбиқ карда шуд.
Вобаста ба ин, дар нуҳ моҳи соли 2017 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тавассути фишангҳои қарзӣ дар ҳаҷми 380,5 млн. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ҷудо гардид.
Бо мақсади табдил додани меъёри бозтамвил ба меъёри фоизи калидӣ ва нишондиҳандаи асосноки инъикоскунандаи мавқеи сиёсати монетарӣ дар бозори пулӣ, меъёрҳои фоизии ҳамаи фишангҳои дар боло зикркарда бо меъёри бозтамвил пайваст шуданд. Ин имкон медиҳад, ки механизми трансмиссионии алоқамандии меъёри бозтамвил бо меъёри ниҳоии фоизӣ ташаккул ва пурзӯр карда шавад.
Татбиқи ислоҳот дар доираи Нақшаи стратегии солимгардонии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи молиявии бонк ва самаранок гардонидани амалиёти бонкӣ, аз ҷумла паст намудани сармояи манфии Бонки миллии Тоҷикистон низ, равона шудааст.
Тибқи тавсияҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ва Бонки Ҷаҳонӣ (FSAP – Барномаи баҳодиҳии бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2015), бо қарори Раёсати БМТ (№114, аз 25.06. с.2015) дар Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон сохторҳои нав — Идораи суботи молиявӣ ва Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ таъсис ёфта, ба фаъолият оғоз намуданд.
Фаъолияти Идораи суботи молиявӣ дар самти ба роҳ мондани мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ, таҳия ва амалигардонии сиёсати макропруденсиалӣ, баҳодиҳии сатҳи хавфҳо дар низоми молиявӣ ва андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати коҳиш додани онҳо равона гардидааст.
Дар доираи лоиҳаи Кумаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ дар назди Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми дохилии машваратӣ Кумитаи суботи молиявӣ таъсис шуд, ки фаъолияти он мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ва дар самти таъмини суботи низоми молиявӣ ба татбиқи самарабахши сиёсати макропруденсиалӣ ва солим гардонидани фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ равона гардидааст. Дар баробари ин, аввалин Ҳисоботи семоҳа оид ба мониторинги бахши молиявӣ (соли 2016) ва дар давоми соли 2017 аввалин Ҳисоботи суботи молиявӣ барои соли 2016 таҳия гардиданд. Инчунин, ҳисоботи дохилии семоҳа оид ба мониторинги бахши молиявӣ мунтазам таҳия шуда, бо дарназардошти тавсияҳои мушаххас ба баррасии Кумитаи суботи молиявӣ пешниҳод мегарданд.
Шоистаи зикр аст, ки дар соли 2016 лоиҳаи санади нав — «Асосҳои сиёсати макропруденсиалии Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ шуд. Асосҳои сиёсати макропруденсиалӣ заминаи механизми амалӣ намудани сиёсати макропруденсиалӣ ва назорати макропруденсиалии низоми бонкиро, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани хавфҳои низом ва мусоидат ба нигоҳдории суботи молиявӣ анҷом дода мешавад, муайян менамояд.
Фаъолияти Идораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ бошад, пеш аз ҳама, барои расидан ба мақсади асосӣ – баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва васеъ намудани миёнаравии молиявӣ бо роҳи таъмини сатҳи зарурии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ равона гардидааст. Вобаста ба ин, дар сомонаи Бонки миллӣ саҳифаи алоҳида бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, бахши нав таҳти унвони «Суоли рӯз» ва инчунин суроғаи электронии алоҳида «allomushtari@nbt.tj» бо телефони боварӣ (44-600-15-20) ҷиҳати тамос бо муштариён таъсис шудааст.
Дар давоми фаъолият ба ҳама муроҷиати шаҳрвандон, ки аз тариқи хаттӣ, шифоҳӣ ва ба воситаи телефони боварӣ ба идораи мазкур ворид мешаванд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сари вақт чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо мақсади тақвият бахшидани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани дараҷаи маърифати молиявӣ, дар соли 2016 якҷоя бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи «Афзалиятҳои стратегӣ ва нақшаи фаъолият доир ба рушди механизмҳои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» таҳия ва тасдиқ гардид.
Дар баробари ин, бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди соҳаи назорати суғуртавӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти низоми суғуртавӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 1 октябри соли 2016, №408 «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ») Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ аз сохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шуд. Фаъолияти идораи мазкур дар давраи минбаъда ба рушди бозори молиявӣ ва зиёд гардидани сармоягузориҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҷиҳати татбиқи босамари қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сармоякунонии бонкҳои мушкилотдор ва пешгирӣ намудани эҳтимолияти таъсири манфии он ба вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, Бонки миллии Тоҷикистон Нақшаи кории дохилӣ «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо»-ро тасдиқ намуд, ки тадбирҳои асосии он аз пешгирии фишорҳои таваррумию қурбӣ ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошаванда иборат буд.
Иҷрои саривақтӣ ва босамари нақшаи мазкур бо таъмини иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ аз ҷониби ду бонки низомсози мушкилотдор, аз ҷумла пардохти андозҳо, уҳдадориҳои хурдҳаҷми шахсони воқеӣ, пардохти фоиз ва маблағи пасандозҳо, уҳдадориҳои корхонаву намояндагиҳои хориҷӣ, инчунин ҷорӣ намудани талаботи кор бо муштариён оид ба тамдиди амонатҳои калонҳаҷм, чораҷӯӣ ҷиҳати тамдиди қарзҳои байнибонкӣ ва табдили амонатҳои калонҳаҷм ба сармояи бонкҳо имкон дод, ки дар нуҳ моҳи соли 2017 вазъи молиявии низоми бонкӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои асосии он бо натиҷаҳои нисбатан хуб ҷамъбаст гардад.
Меъёри кифоятии сармоя яке аз нишондиҳандаҳои асосии инъикоскунандаи устувории молиявӣ дар низоми бонкӣ ба ҳисоб рафта, дар охири моҳи сентябри соли 2017 аз ҳудуди муқарраршуда 9,4 банди фоизӣ зиёд иҷро гардид ва 21,4 фоизро ташкил намуд. Меъёри мазкур, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, ба андозаи 12,4 банди фоизӣ зиёд буда, бинобар андешидани тадбирҳои солимгардонӣ дар бахши бонкӣ ба амал омад. Дар робита ба ин, ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол (бештар аз 30 рӯз батаъхирафтода) низ тамоюли камшавӣ дошта, 41,9 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба моҳҳои январ – сентябри соли гузашта 5,9 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.
Дар ин давра сатҳи даромаднокии дороиҳо ва сармоя мусбат арзёбӣ гардида, мувофиқан ба 0,42 фоиз ва 1,57 фоиз баробар гардид. Бояд қайд намуд, ки нишондиҳандаҳои мазкур дар ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 1,27 фоиз ва 10,39 фоиз ва дар аввали соли ҷорӣ мутаносибан 2,82 фоиз ва 21,09 фоизро ташкил медоданд.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар робита бо пеш гирифтани сиёсати дедолларикунонӣ мавқеи кушодаи кӯтоҳи асъорӣ аз аввали сол раванди коҳишёбӣ дошта, пайваста таъсири хавфи асъориро ба низоми бонкӣ коҳиш медиҳад. Дар охири моҳи сентябри соли 2017 нишондиҳандаи мавқеи умумии кушодаи асъорӣ нисбат ба сармояи танзимшаванда дар ташкилотҳои қарзӣ кӯтоҳ буда, -7,7 фоизро ташкил намуд, ки меъёри муқарраршударо (±20 фоиз) таъмин менамояд. Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ 57,0 фоизи қарзҳои низоми бонкиро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 банди фоизӣ кам мебошад. Ҳиссаи пасандозҳои асъорӣ бошад, дар ҳаҷми умумии пасандозҳои низоми бонкӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 банди фоизӣ коҳиш ёфта, ба 59,8 фоиз баробар гардид.
Ҷиҳати муҳайё намудани заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани низоми нави алтернативӣ — низоми бонкдории исломӣ дар кишвар ва ба роҳ мондани кори самаранок дар самти танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (аз 23.10.с.2015, №217/ФФ) барои фаъолияти бонкии исломӣ таъсис дода шуд.
Вобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон Созишномаи хизматрасонии машваратиро бо Ширкати машваратии байналмилалии «ISRA Consultancy Sdn»-и Малайзия ба имзо расонд. Дар ҷараёни амалӣ намудани марҳилаи якуми ҳамкорӣ бо ширкати мазкур сенздаҳ санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва нав мавриди таҳия, баррасӣ ва такмил қарор дода шуд, ки 5 адади он аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ гардида, 4 ададаш дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта, ба таври расмӣ дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ интишор гардид.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи Кумаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ бо мақсади таъмини устувории низоми бонкӣ ва шаффофияти он, таҳияи сиёсати макропруденсиалӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва батанзимдарории бонкҳои мушкилотдор тибқи таҷрибаи байналмилалӣ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» таҳия гардид.
Ҷиҳати ҳалли мушкилоти бонкҳо, пурзӯр намудани назорати бонкӣ, кам кардани сатҳи хавфи қарзӣ, аз ҷумла қарзҳои ғайрифаъол ва мутобиқ намудани талаботи санадҳои меъёрӣ ба таҷрибаи байналмилалӣ, дар доираи матритсаи Бонки Ҷаҳонӣ ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуд.
Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти хулосаи вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул» дар таҳрири нав ва лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба дигар қонунҳои марбута (дар маҷмӯъ нуҳ қонун) омода намудааст. Ҳадафи асосии такмили ин қонунҳо идомаи раванди ислоҳот дар қонунгузории соҳаи бонкӣ бо мақсади беҳтар намудани мавқеи кишвар дар ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ — «Пешбурди соҳибкорӣ», инчунин мусоидат барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар солҳои минбаъда мебошад.
Бо мақсади ба танзим даровардани хизматрасониҳои пардохтӣ ва фаъолияти низоми пардохт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» қабул карда шуд. Қонуни мазкур дар соҳаи низоми пардохт нав буда (то ин дам дар доираи дастурамал, тартиб ва қоидаҳо ба танзим дароварда мешуд), барои мутобиқ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ бо таҷрибаи муосири байналмилалӣ, дар самти ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои пардохтӣ, тақвият бахшидани назорат, шаффоф гаштани амалиёт ва дар натиҷа афзоиши воридшавии андоз, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар ҷумҳурӣ равона шудааст.
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» (31 декабри соли 2014, №815) ҷиҳати насби терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ бо намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ ҳайати муштараки корӣ таъсис дода шуд. Дар натиҷаи фаъолияти босамари он шумораи терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ босуръат афзоиш ёфта, то 1 октябри соли 2017 ба 1 640 адад расид, ки нисбат ба соли гузашта 162 фоиз зиёд мебошад.
Айни замон бо низомҳои пардохтии байналмилалии Visa, Mastercard ва Unionpay ҳамкорӣ роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ва бартараф кардани амалиёти иловагии мубодилаи асъор ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ, рушди минбаъдаи хизматрасониҳои пардохт, Бонки миллии Тоҷикистон созишномаҳои дахлдорро бо низомҳои Visa ва Mastercard ба имзо расонидааст. Созишномаҳо бо ширкатҳои мазкур имкон медиҳанд, ки тамоми амалиёти ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии Visa ва Mastercard дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ иҷро гарданд.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ дар кишвар барои бартараф намудани таъсири омилҳои берунӣ, таъмини рушду устувории молиявии низоми бонкӣ корҳои назаррасро анҷом дода, ҳамкории судмандро бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ (аз ҷумла бо Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Ҷамъияти ҳамкориҳои Олмон (GIZ), Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд ва ғайра) ба роҳ мондааст.
Бояд зикр кард, ки тайи се соли охир дар асоси шартномаҳои бо Бонки миллии Тоҷикистон баимзорасида, ширкатҳои рейтингии байналмилалии Standard & Poor’s (S&P) ва Moody’s Investors Service (Moody’s) рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳогузорӣ менамоянд.
Баҳодиҳии рейтингӣ шаффофияти маълумоти омории кишварро таъмин намуда, барои муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, беҳтар намудани фазои ҷалби сармоягузорӣ ва маблағгузории иншооти муҳими стратегӣ мусоидат менамояд.
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон пайваста дар доираи мулоқотҳои судманд бо намояндагони ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ масъалаи тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла низоми молиявӣ – бонкӣ, муҳим арзёбӣ карда, ҷиҳати идома додани ҳамкориҳои минбаъда пешниҳоду таклифҳои манфиатбахш манзур менамояд.
Бояд қайд намуд, ки 11-14-уми октябри соли 2017 дар шаҳри Вашингтони ИМА ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҳафтаи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ иштирок намуда, дар доираи он якчанд мулоқоти судманд барпо намуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ҳайати расмӣ дар мулоқоти Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон бо намояндагони доираҳои тиҷоратии ИМА ширкат варзида, оид ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, шароит ва имкониятҳои мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ ва соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла гидроэнергетика, туризм, низоми бонкӣ ва ширкати бозорҳои дохилӣ дар бозорҳои коғазҳои қиматноки ҷаҳонӣ маълумоти муфассал манзур намуд.
Ҳамчунин, зимни сафари мазкур як қатор мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорони хориҷӣ доир гардид. Аз ҷумла, Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо муовини директор-мудири ХБА ҷаноби Тао Чжан оид ба натиҷаи иҷрои тадбирҳо дар доираи чаҳорчӯбаи барномаи нави ХБА, зарурати роҳандозии барномаи нави ХБА ва ҷалби саривақтии сарчашмаҳо дар доираи барномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуд.
Хурсандибахш он буд, ки аз ҷониби мақоми роҳбарикунандаи ХБА, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои фаъол дар минтақа дар самти гузаронидани ислоҳоти иқтисодию молиявӣ эътироф гардид. Зикр гардид, ки ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус барои оғоз намудани барномаи нави ХБА ва расидан ба ҳадафҳои рушду нигоҳдории суботи молиявӣ — бонкӣ омода буда, чораҳои заруриро якҷоя хоҳанд андешид. Инчунин, Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Ҷордан ва вазири молияи Швейтсария Ули Мауер мулоқот анҷом дода, зикр намуд, ки дар давоми беш аз 20 соли ҳамкорӣ Швейтсария тавонист манфиатҳои Тоҷикистонро дар Шӯрои директорони ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ ҳимоя намуда, барои баланд бардоштани самаранокӣ дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷодаи татбиқи сиёсати монетарӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва хавфҳои ҷойдошта мусоидат намояд.
Гуфтан зарур аст, ки ҳамкориҳои судманди Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки миллии Швейтсария дар шарикии ХБА, Бонки ҷаҳонӣ ва Департамент оид ба рушди байналмилалӣ (DFID) ҷиҳати дастгирии доимӣ ва рушди масоили низоми бонкӣ ҳамеша эҳсос мешавад.
Ҳамчунин, шоистаи зикр аст, ки 24-28 апрели соли 2017 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал чорабинии калони Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI – Alliance for Financial Inclusion) баргузор гардид, ки дар он намояндагони 47 кишвар, инчунин намояндагони созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва намояндагони вазорату идораҳо ширкат намуданд. Дар чорабинии мазкур ҷаласаи ду гурӯҳи корӣ, аз ҷумла оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Data Working Group) ва оид ба стратегияи дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Strategy Peer Learning Group) баргузор гардид.
Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон зиёда аз 2,5 миллиард одамони сайёра ба хизматрасонии бонкӣ дастрасӣ надоранд. Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ, ки соли 2008 таъсис ёфтааст, ба кишварҳои аъзо дар татбиқи сиёсати дастрасии молиявӣ мусоидат менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ ин ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, такмили маърифати молиявӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва пешбурди бонкдории мобилӣ мебошанд.
Бонки миллии Тоҷикистон соли 2011 узви комилҳуқуқи Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ гардид. Айни ҳол зиёда аз 120 ташкилот аз 90 кишвари сайёра ба узвияти ин созмон пазируфта шудаанд ва дар ин кишварҳо қисми зиёди мардуми маҳрум аз хизматрасонии бонкӣ умр ба сар мебаранд.
Баҳри идомаи ислоҳот дар соҳаи бонкӣ минбаъд низ бо мақсади таҳкими самаранокии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки танзимгар ва таъмини устувории молиявии низоми бонкии кишвар бо баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба он, тамоми имкониятҳо дар доираи ваколатҳои ҷойдошта истифода мешаванд.
Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон