Мусоҳибаи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода
- Дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтани соҳаи сайёҳӣ ба кадом ҷанбаҳо рабт дорад?
- Сайёҳӣ воситаи асосии ҷалби сармоягузорӣ, соҳаи ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, василаи ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва манбаи боэътимоди рушди устувори иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ гардидааст.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.
Соли 2018 нишондиҳандаҳо натиҷагирӣ карда шуда, бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳони хориҷӣ ба 1 миллиону 155 ҳазор расид, ки нисбат ба як соли пеш 2,6 маротиба зиёд мебошад. Соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии ба ҷумҳурӣ ташрифоварда 1 миллиону 257 ҳазору 300 нафарашон сайёҳ буданд.
Зимнан, намояндагони бахши сайёҳии мамлакат дар калонтарин намоишгоҳҳои сайёҳию тиҷоратӣ ва ҳунармандӣ, ки дар Германия, Британияи Кабир, Малайзия, ИМА, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Юнон, Туркия, Испания ва дигар давлатҳои мутараққӣ баргузор гардид, ширкат варзида, захира ва имконияти сайёҳии мамлакатро ба дӯстдорони сайру сайёҳати Тоҷикистон таблиғу ташвиқ намуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳоло 3000 ёдгории таърихию фарҳангие, ки ба қайд гирифта шудаанд, барои ворид кардан ба феҳристи сайёҳӣ мавриди таҳқиқ қарор дорад.
- Яке аз масъалаҳои муҳим таъмини амнияти сайёҳон аст…
- Саҳми мақомоти қудратӣ дар таъмини амнияти сайёҳони дохилию хориҷӣ назаррас буда, аз соли 2018 дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи милитсияи сайёҳӣ фаъолият мекунад.
Андешидани тадбирҳо барои таъмини амнияти сайёҳон яке аз ҳадафҳои «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маҳсуб мешавад. Далели боэътимоди амнияти Тоҷикистон он аст, ки Маркази таҳлилии америкоии «GaIIup» зимни назарсанҷии шаҳрвандони 142 давлати дунё Тоҷикистонро дар зинаи дуюми амнтарин кишварҳои олам ҷой дод.
Нашрияи «Индепендент» (The Independent) пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанберо ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона шомил намуд. Департаменти давлатии ИМА оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия дод.
- Барои рушди бемайлони соҳа чӣ имтиёзҳо муқаррар гардидааст?
- Тибқи санадҳои қабулгардида, ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида аз воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод буда, боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 дарсад коҳиш дода шуд.
Фароҳам овардани имтиёзи андозию гумрукӣ ҳавасмандии соҳибкоронро боз ҳам зиёд намуда, дар заминаи ин имтиёзҳо ҳоло зиёда аз 20 лоиҳаи инфрасохтории сайёҳӣ дар самтҳои бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, боғҳои фарҳангию истироҳатӣ, роҳи танобӣ, меҳмонхонаю осоишгоҳ ва дигар иншооти сайёҳӣ бомаром идома дорад.
Бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари америкоӣ сармоягузорӣ менамоянд, раводиди бисёркаратаи панҷсола ва барои содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистонанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода мешавад.
Барои ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ раводиди навъи сайёҳии бисёркаратаи то 60 — рӯза ҷорӣ шуд. Инчунин, ба хотири муҳайё сохтани шароити хуби таълимӣ ва хизматрасонии муосир барои тарбияи мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ таъсис ёфт. Айни замон дар беш аз даҳ муассисаи таълимии ҷумҳурӣ мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ омода мешаванд.
Ҳамчунин, дар бозори хизматрасонии сайёҳӣ зиёда аз 240 ширкати сайёҳӣ ва зиёда аз 280 субъекти хизматрасонӣ — меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ҳостел ва мотел, маркази муолиҷавӣ, базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият мекунанд.
- Пойтахти кишварҳо барои рушди туризм ва инкишофи он саҳми калон доранд…
- Дуруст. Душанбе ҳоло гулбоғро мемонад. Пойтахт, воқеан, ба шаҳри орзуҳо мубаддал гаштааст. Он аз ҷумлаи шаҳрҳои сайёҳист, ки ҳама нишонаи таърихи бостонӣ ва фарҳангиро дар радифи ободонӣ ва сохтмони биноҳои замонавӣ ҳифз намуда, бо таърих, табиат, маданияти меросӣ диққати сайёҳонро ҷалб кардааст.
Дар ҷолибсозии симои шаҳр барои сайёҳон саҳми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бузург аст. Ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар бунёди меҳмонхонаҳои панҷситорадор, иншооти тиббӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, чойхонаҳои бо нақшунигори миллӣ орододашуда, кохҳои бегазанди бо усулҳои муосир бунёдшуда, китобхонаю осорхонаҳо яке аз самтҳои афзалиятноки рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ба шумор мераванд.
Шаҳри Душанбе ҳамчун дарвозаи асосии қабули сайёҳон ва садҳо ҳазор меҳмонони хориҷӣ барои сайёҳоне, ки ба самти манзараҳои зебову дидании минтақаи Бадахшон, Хатлону Зарафшон, Ромит ва Варзоб равонаанд, ба макони аввалияи будубоши бароҳату бофароғати сайёҳон табдил ёфтааст. Тибқи назарсанҷии Агентии иттилоотӣ ва таҳлилии «ТурСтат», пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои саёҳати баҳорӣ ва тирамоҳӣ шомил гардид.
- Ҷаззобтарин мавзеъҳо, ки ба ҷалби бештари сайёҳон ва шинохти беҳтари кишвар боис мешаванд, кадомҳоянд?
- Метавон даҳ ганҷинаи пурасрори Тоҷикистон — Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим, мавзеи Ҳафткӯл, Қалъаи Ҳисор, Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Қалъаи Карон, «Боғи миллии Тоҷикистон», Гармчашма ва Қалъаи Ямчунро, ки сайёҳонро бо таърихи ғаниашон мафтун мекунанд, ном бурд.
Дар ҳудудҳои ҳифзшавандаи мамлакат навъҳои гуногун ва нодири ҳайвоноти барои рушди сайёҳии шикор мувофиқ арзёбӣ гардида, ҳазорон дӯстдори шикорро ҷалб менамоянд. Масоҳати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон зиёда аз 3 миллион гектар доман густурдааст, ки аз мамнуъгоҳои табиии давлатӣ, парваришгоҳҳо, ёдгориҳои табиӣ, паркҳои табиӣ ва дигар зарфиятҳо иборат мебошанд. Тоҷикистон чун макони зисти ҳайвонҳои нодир — гӯсфандони кӯҳии «Марко Поло» ва бузи пармашох ё морхӯр шинохта шудааст. Ҳар сол теъдоди довталабони шикори ин ду ҷонвари нодир меафзояд. Айни замон дар мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои табиии кишвар 85 навъи ҳайвони нодир, ба монанди озодапаланг, гурги сурх, оҳуи бухороӣ, ғизол, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, бабри барфӣ, хирси бӯр, гавазни бухороӣ, ҷайрон, силовсини туркистонӣ, ки сайёҳон, махсусан ба дидани онҳо мароқи зиёд доранд, ҳифзу нигоҳбонӣ мешаванд. Миёни ин объектҳо «Парки миллии Тоҷикистон» бо ҳашамат, зебоӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва ҳайвоноту набототи нодир дар Осиёи Марказӣ беназир мебошад. Ин макони афсонавӣ соли 2013 ҳамчун мавзеи нодири табиӣ ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гаштааст.
- Дар оянда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва муаррифии бештари зарфиятҳои сайёҳӣ чӣ тадбир андешида мешавад?
- Кумита, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади кашфи бозорҳои нави сайёҳӣ, омӯзиши таҷриба, ҷалби сармоя ва рушди инфрасохтори соҳа дар заминаи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллӣ ва ҷонибҳои ҳавасманд чораҳои амалӣ андешида, имконоти мавҷударо сафарбар хоҳад кард.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»