Муҳоҷират падидаи маъмулист. Кишваре нест, ки як қисми сокинони он ба мамлакати дигар барои дарёфти кор нараванд. Ин раванд таърихи қадима дорад.
Имрӯз муҳоҷират қариб тамоми кишвари дунёро фаро гирифтааст. Теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ дар панҷоҳ соли охир аз 60 то ба 215 миллион нафар расидааст. Мувофиқи пешгӯиҳои Созмони Милали Муттаҳид то соли 2050 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 405 миллион нафар хоҳад расид.
18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи байналмилалиро оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо қабул намуд. Тибқи он аз соли 2000, ҳар сол 18 декабр Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон қайд карда мешавад. Бо вуҷуди он ки муҳоҷирони меҳнатӣ дучори мушкилоти зиёд ҳастанд, саҳми онҳо дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ арзанда аст. Ин нукта дар паёми ҳарсолаи котиби генералии СММ ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон таъкид гардида, аз кишварҳо даъват карда мешавад, ки ба Конвенсия оид ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамроҳ шаванд ва аз ҳуқуқҳои онҳо ҳимоят намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин конвенсия ҳамроҳ гардидааст.
Муҳоҷирати меҳнатии сокинони Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми қарни гузашта оғоз ёфт. Сабабҳои ин раванд дар аввал нобасомониҳои кишвар, касодии иқтисодиёт, афзоиши бекорон ва ғайра буд. Шаҳрвандон, асосан, ба Федератсияи Россия ва Қазоқистон барои пайдо кардани кор ҳиҷрат мекунанд.
Табиист, ки бархе аз муҳоҷирон бинобар сабабҳои гуногун дар кишварҳои хориҷӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд ва аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ карда наметавонанд. Барои ҳалли мушкилоти онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбир андешида мешавад. Барои мисол соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ба тасвиб расид.
Дар ҷараёни вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин 27 феврали соли ҷорӣ мувофиқа ҳосил шуд, ки 102 576 нафар шаҳрванди кишвар, ки тибқи бандҳои 4 ва 8 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» воридшавиашон ба ин кишвар манъ гардида буд, ҳуқуқи дубора воридшавиро ба Федератсияи Россия пайдо намуданд. Инчунин, 19528 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар давраи афв дар Федератсияи Россия қарор доштанд, фаъолиятро расмӣ намуданд.
27 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14 — уми Комиссия оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар он масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла таъминоти иҷтимоӣ (нафақаи суғуртавӣ), ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баамалбарории фаъолияти муваққатии меҳнатӣ, оид ба мақоми ҳуқуқии намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул шуданд. 24 — 25 апрели соли 2017 ҷаласаи 12-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23 -24 майи соли ҷорӣ ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Дар доираи ин ҳамоишҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ Конференсияи байналмилалӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид, ки иштирокчиёни он масоили марбут ба муҳоҷиратро баррасӣ ва мубодилаи афкор намуданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»