11-12 октябри соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи тахассусии «Рӯзи саҳрои Россия ва Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Зеваршо Тӯйғунзода, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков, директори Департаменти кишоварзӣ, хӯрока ва сохтмони роҳҳои мошини Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Россия Мария Ёлкина иштирок намуданд. Игор Лякин-Фролов аз муносибатҳои мутақобилан судманди Россия ва Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид кард, ки ҳар ду кишвар дар доираи созишномаҳои зиёд робитаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратии судмандро ба роҳ мондаанд ва гуфт, ки Россия яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон буда, ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷойи аввал аст.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Зеваршо Тӯйғунзода низ доир ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии кишвар бо Федератсияи Россия маълумот доданд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, зиёда аз 70 дарсади аҳолии он сокини деҳот мебошанд, ки аслан ба корҳои кишоварзӣ машғуланд. Аз ин рӯ, истифодаи техникаи гуногуни кишоварзии Федератсияи Россия, ки ба иқлим ва релефи кишвар мутобиқ аст, ба манфиат хоҳад буд.
Пас аз маросими ифтитоҳи чорабинӣ ҳозирин намоиши техникаи кишоварзии Федератсияи Россияро, ки дар он техникаи гуногуни кишоварзӣ, аз қабили комбайн тракторҳои хурд ва бузург, ядак ва дигар техникаҳои коркарди замин ва маҳсулоти кишоварзӣ, ба намоиш гузошта шуд, тамошо карданд.
Гуфта шуд, ки мошинсозони Россия ба ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон манфиатдоранд.
Намоишгоҳ ба кишоварзони тоҷик имкон дод, ки бо дарназардошти хусусияти иқлим ва заминаи кишоварзии кишвар бо техника ва технологияҳои муосири кишоварзии Россия шинос шуда, тавсияҳо ва хусусияти техникиро баррасӣ намоянд.
Пас аз тамошои намоишгоҳ бо иштироки намояндагони Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Россия ва Тоҷикистон: дурнамои шарикӣ дар соҳаи кишоварзӣ» суҳбат доир шуд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»