Пешниҳод

«Тиллои сурх» ба беш аз сад дард давост

№146 (4096) 03.12.2019

Пас чаро парвариши онро ба роҳ намемонем?

poleznye-svoystva-shafrana-16Аз қадимулайём заъфарон (Crocus sativus) яке аз қиматтарин зиравориҳо ба шумор меравад. Ҳоло як килои он дар бозори ҷаҳонӣ аз 1200 то 2000 доллари амрикоӣ нарх дорад. Баландии нархи заъфарон ба мушкил будани парваришу чидани он вобастагӣ дорад. Барои ба даст овардани як кило заъфарон аз 75000 то 200000 гули онро чидан лозим меояд. Аз ҷиҳати истеҳсолу содироти заъфарон Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷаҳон ҷои якумро ишғол мекунад. Қариб 90 дарсади заъфарони ҷаҳон маҳз дар ин кишвар истеҳсол мешавад.

Дар Шарқ заъфаронро «зиравории шоҳон» ном ниҳодаанд. Сабаби чунин ном гирифтан таркиби бойи химиявӣ ва хусусиятҳои манфиатноки он мебошад. Чунки онро дар соҳаҳои тиб, атриёт, хӯрокворӣ ва ғайра истифода мебаранд.

Дар таркиби заъфарон карбогидратҳо, сафеда, чарбҳо, витаминҳои гурӯҳи В ва минералҳои зарурӣ зиёданд. Истеъмоли бомеъёри он фаъолияти сис­темаи ҳозимаро хуб намуда, дил, ҷигар, шуш ва системаи асабро қувват мебахшад. Онро барои муолиҷаи бемориҳои саратонӣ ва пешгирии катаракта (пардагирии чашм) истифода мебаранд. Заъфарон аз элементҳои барои ҳаёт зарурӣ, мисли калтсий, фосфор, мис, магний, руҳ, калий, оҳан, натрий ва ғайра бой аст. Дар тибби қадим онро ҳамчун таскиндиҳандаи дард, оромкунандаи асаб, пешоброн ва зардарон низ истифода мебурданд.

Заъфарон масуният (иммунитет)-ро таҳким бахшида, таъсири оромкунанда расонида, стрессро дур ва афсурдаҳолӣ (депрессия)- ро рафъ месозад. Илова бар ин, хунро тоза намуда, ҳолати умумии организмро беҳ мегардонад. Меъёри яксолаи он барои як нафар ҳамагӣ як грамм аст.

Аз меъёр зиёд истеъмол кардани заъфарон боиси заҳролудшавӣ ва ҳатто марг шуда метавонад. Барои занони ҳомила ва беморони дилу рагҳо ва диабети қанд низ истеъмоли заъфарон тавсия дода намешавад. Агар зимни истеъмоли заъфарон хунравӣ аз бинӣ, зардшавии чашм, дилбеҳузурӣ ё шикамравӣ рӯй диҳад, фавран «Ёрии таъҷилӣ»- ро даъват кардан лозим аст.

Дар соҳаи дорусозӣ заъфарон васеъ истифода мешавад. Доруҳои аз заъфарон тайёршударо барои табобати зиёда аз 100 беморӣ тавсия медиҳанд. Истеъмоли қиёми заъфарон бо асал боиси ихроҷи токсинҳо аз организм мегардад. Давои мазкур санги гурдаро майда карда, таъсири манфии радиатсияро рафъ менамояд. Заъфарон дар таркиби зиёда аз 300 номгӯй дору дохил мешавад. Истеъмоли шир бо миқдори ками заъфарон барои муолиҷаи шуш ва бронхит давост. Нӯшидани чойи аз заъфарон омодашуда узвҳои дохилӣ ва системаи асабро пурқувват мекунад. Барои касоне, ки нияти харобшавӣ доранд, заъфарон кумак мерасонад. Зеро он иштиҳоро баста, касро аз пурхӯрӣ бозмедорад.

Заъфаронро бештар дар Эрон, Испания, Озарбойҷон ва Ҳиндустон парвариш мекунанд. Содироти заъфарон аз Эрон соли 2016 ба 203 тонна, 2017 — 237 ва соли 2018 ба 280 тонна расид. Эрон ба 40 кишвар заъфарон содирот мекунад. Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Уммон, Ҳиндустон, Хитой, Япония, Туркия ва Ветнам харидорони бузурги заъфарон ба ҳисоб мераванд. Бинобар талаботи зиёд ва нархи баланд доштан заъфаронро «тиллои сурх» меноманд. Тавре дар боло гуфтем, як кило «тиллои сурх» аз «тиллои са

фед» ва «тиллои сиёҳ» (нефт) чандин маротиба қиматтар аст.

Модом ки талабот ба заъфарон зиёд аст, чаро парвариши онро дар кишвар ба роҳ намемонем? Парваридани он ба нигоҳубини лола, ки солҳои охир шуморааш дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои мамлакат якбора зиёд шуд, шабоҳат дорад. Онро ҳам тавассути тухмӣ ва ҳам ба воситаи пиёзак кишт мекунанд. Тухмашро тирамоҳ дар чуқурии як сантиметр кошта, баҳор нигоҳубини онро оғоз менамоянд. Дар ин сурат танҳо соли дуюм гули онро ҷамъоварӣ кардан мумкин аст. Зеро соли аввали бо тухмӣ киштан заъфарон гул намекунад. Ҳангоми бо пиёзак шинондан заъфарон дар як замин 5 — 6 сол мерӯяд. Дар ин миён ҳар сол фасли тирамоҳ аз он якчанд пиёзаки нав гирифтан мумкин аст. Яъне, киштзори як гектар заъфаронро дар се сол метавон се баробар зиёд кард.

Заъфарон дар заминҳои кӯлмак хуб намерӯяд. Зеро аз дурудароз заҳ задани замин пиёзакҳо мепӯсанд. Аз ин рӯ, заъфарон оби давон доданро дӯст медорад. Ҳангоми шинонидан масофаи байни пиёзакҳоро 7- 10 сантиметр мегузоранд. Барои заъфарон беҳтарин нурӣ поруи пӯсида аст.

Дар назди вазоратҳои кишоварзии дигар кишварҳо лоиҳаи миллӣ оид ба растаниҳои шифобахш амал мекунад, ки парвариши заъфарон дар салоҳияти онҳо аст. Хуб мешуд, ки дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ низ чунин шуъба таъсис дода шавад. Зеро олимони ҷумҳурӣ чанд сол боз дар бораи аҳамияти парвариши топинамбур (ноки заминӣ) дар соҳаи дорусозӣ, чорводорӣ ва ҳатто истеҳсоли биоэтанол таҷриба мегузаронанд, вале парвариши васеи онҳо дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки топинамбур ба хунукӣ ва хушкӣ тобовар буда, дар заминҳои лалмӣ хуб нашъунамо меёбад. Инчунин парвариши сиёҳдона, кунҷид, зайтун ва ғайраро ба роҳ мондан мумкин аст. Дар ин ҷода ҳамкории Академияи илмҳои тиб ва Академияи илм­ҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба нафъи кор хоҳад буд.

Дар парвариши заъфарон метавон хоҷагиҳои ҷангалро низ ҷалб кард. Чунончӣ дар замони шӯравӣ амонкара (Ungerium victoria)- ро, ки дар парваришгоҳи «Алмосӣ»- и ноҳия (ҳоло шаҳр)- и Ҳисор ҷамъоварӣ мешуд, Фаронса бо нархи гарон мехарид.

Бовар дорем, ки аз парвариши «тиллои сурх» ташаббускорон бурд хоҳанд кард.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»