То 6 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

№42-43 (4148-4149) 07.04.2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хабару овозаҳои сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба марги марди 60 — сола дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа карданд, баёния ба нашр расонд.

Дар он қайд шудааст, ки тибқи маълумоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, аз 1 феврал то 6 апрели соли равон 7041 нафар шаҳрванде, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи зикргардида 4291 нафар ба хонаҳояшон рухсат дода шудааст. Айни ҳол 2750 нафар дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат дар карантин қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 6 апрели соли равон дар мамлакат сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Тибқи гузориши сардори Раёсати тандурустӣ Фаррух Мақсудзода ва мудири шуъбаи эпидемиологияи вилояти Суғд Рустам Собиров ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, вазъи эпидемиологӣ ва ҳолати онҳое, ки дар муассисаҳои тандурустии вилоят дар карантин қарор доранд, муътадил аст. Дар миёни бистаришудагон нафарони бо ҳарорати баланд низ ҳастанд, вале ташхис нишон дод, ки дар онҳо нишонаҳои сироятёбии коронавирус дида намешавад.

Тавре аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов иттилоъ доданд, дар ҳақиқат, фавти марди 60 — сола аз илтиҳоби шуш ё пневмония ба қайд гирифта шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, пеш аз фавт мард аз ташхис гузаштааст ва дар ӯ нишонаҳои коронавирус пайдо нагардидааст. Бинобар ин, бо сабаби сирояти коронавирус фавтидани ӯ асоси воқеӣ надорад.

Ҳамчунин дар баёния зикр ёфтааст, ки Алишер Абдукаримов — муовини сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов изҳор намудааст, ки айни замон вазъи саломатияш хуб аст. Ӯ аз нашри хабарҳо дар мавриди он ки гӯё вазъи саломатияш вазнин мебошад, изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст, ки ба карантин фаро гирифтани ӯ ва дигар табибон на танҳо аз он сабаб аст, ки онҳо бо марди фавтида сарукор доштанд, балки тибқи қоида ҳар табибе, ки бо нафарони дар карантинбуда сарукор мегирад, 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешавад.

Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба гирифтор шудани шаҳрвандон ба сирояти коронавирус бовар нанамоянд. Бо мақсади дастрасӣ доштани аҳолӣ ба маълумоти расмӣ вобаста ба масъалаҳои коронавирус, таҳти рақами 511 телефони боварӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчунин, аз расонаҳои хабарии мамлакат хоҳиш карда шудааст, ки вобаста ба масъалаҳои коронавирус танҳо ба маълумоти мақомоти расмӣ, аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон такя кунанд ва мақола ба нашр расонанд.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»