Тоҷиддин Пирзода: «Дастгирии давлатӣ барои «Тоҷиксодиротбонк» нӯшдору аст»

№90 (3727) 27.07.2017

DSC_0650Пӯшида нест, ки чанд моҳи охир ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мувоҷеҳи мушкилоти молиявӣ гардида,  фаъолияташ камранг шуд. Бо дарназардошти ҳолати баамаломада, Ҳукумати ҷумҳурӣ 12 декабри соли 2016 таҳти №527 «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» қарор  қабул намуд ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар ин замина Тоҷиддин Пирзода як муддат аз роҳбарии бонк барканор ва дубора маснадашро соҳиб шуд.

 Дар он айёми барои низоми бонкии мамлакат ҳассос дастрас набудани маълумоти боэътимод бобати ҳолат ва дурнамои фаъолият боис гардидааст, ки миёни мардум иттилои асоси воқеинадошта паҳн гардад. Аз ин рӯ брифинге, ки чанде пеш Тоҷиддин Пирзода, раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», барои журналистон баргузор намуд, муҳиму саривақтӣ ва зарур буд.

 Пирзода аз кӣ ва чаро сипосгузор аст?

-  Ҳамчунин, аз роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, хоса муовини якуми раиси он Ҷамолиддин Нуралиев, масъулини Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ баҳри мусоидат оид ба баргардонии қарзҳои мушкилситон сипосгузорем, — афзуд                           Т. Пирзода.Дар навбати аввал Тоҷиддин Пирзода миннатдориашро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд. Аз он ёдовар шуд, ки замони доман паҳн намудани буҳрони ҷаҳонии  молиявии қаблӣ, ки соли 2008 ба вуқӯъ пайваст, Пешвои муаззами миллат дастгириашонро ба низоми бонкӣ дареғ надошта, ду маротиба роҳбарони бонкҳоро ба ҳузур пазируфтанд.

Тоҷиддин Пирзода бо қаноатмандӣ иброз намуд, ки «Тоҷиксодиротбонк» талаботи қарори дар боло зикршудаи Ҳукумати ҷумҳуриро сари вақт иҷро кард ва «Стратегияи солимгардонии вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» барои солҳои 2017-2021» низ таҳия ва дар заминаи онҳо фаъолияти бонк роҳандозӣ шуд.

Инчунин, шиддати иҷтимоие, ки бар асари буҳрон ба амал омад, бо қабул шудани қарори мазкур коҳиш ёфт ва ин омил имкон дод, ки роҳбарияти бонк ҷиҳати рафъи мушкилот фаъолияти минбаъдаи худро барномарезӣ кунанд.

Ним соли фаъолият бидуни рӯзҳои истироҳат ва реҷаи муайян чӣ натиҷа дод?

Раиси «Тоҷиксодиротбонк», ҳамчунин, гуфт, ки шаш моҳи соли равон фаъолияташон бидуни рӯзҳои истироҳат ва то бевақтии шаб сурат гирифта, 6000 нафарро бевосита қабул кард. Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар стратегияи бонк дарҷ гардидааст, баргардонидани қарзҳои додашуда мебошад. Бинобар ин, бо мусоидати мақомоти прокуратура ин масъала яке аз самтҳои афзалиятнок эътироф шуда, кор бемайлон идома дорад. Парвандаи муштариёне, ки дар ин давра барои баррасӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, 171 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 134 адад ба шахсони воқеӣ ва 37 адад ба шахсони ҳуқуқӣ рост меояд.

Бо мақсади барқарор намудани дороиҳои пардохтпазир ва иҷрои уҳдадориҳо дар назди пасандозгузорон  фурӯши    амволи гарави  ба тавозуни бонк  гирифташуда оғоз шуда, моҳҳои январ — июни соли ҷорӣ ба маблағи 25,3 млн. сомонӣ  амвол фурӯхта шуд.

Иқдоми дигар дар таркиби идораи рушди бизнес  таъсис ёфтани бахши идоранамоии амвол  маҳсуб мешавад, ки бевосита ба фурӯш ва идораи амвол муваззаф аст. Инчунин, кумитаҳои қарзӣ  ва филиалҳои бонк сандуқи қарзиро пурра таҳлил намуда, бо дарназардошти вазъи бозори молиявӣ қарзи мизоҷонеро, ки бо пешниҳоди имтиёзҳои барои тарафҳо муфид имконияти пардохтро пайдо менамоянд, таҷдид карданд. Дар робита ба ин,  дар шаш моҳи соли ҷорӣ  417,1 млн.сомонӣ қарзи мизоҷон аз рӯи 152 парвандаи қарзӣ таҷдид шуд, ки 36 фоизи  сандуқи қарзиро ташкил менамояд. Таҷдиди қарзҳо бо шарти пардохти фоиз, қисми қарзи батаъхирафтода, паст намудани меъёри фоизии қарз ва ба тарзи аннуитет пардохт намудани қарзи тамдидгардида, сурат гирифт. Ин сабукӣ имкон медиҳад, ки қарзҳо дигарбора фаъол шаванд, заминаи баргашти онҳо таъмин гардад, пардохти фоизҳо ба маҷро дарояд ва муштарӣ низ фоида ба даст оварда, фаъолиятро тавсеа бахшад.

Дар баробари дигар навгониҳо, фоизи қарз бо асъори хориҷӣ то 18 фоиз  ва бо пули миллӣ то 24 фоиз  муқаррар гардидааст. Бо мақсади  иҷрои яке аз вазифаҳои стратегии бонк — мусбат нигоҳ доштани маржаи фоизӣ ва баланд бардоштани даромаднокии фаъолият, тарофаҳои хизматрасониҳои бонкӣ бознигарӣ шуда,  мизони фоизи ниҳоии маблағҳои ҷалбшудаи мизоҷон бо пули миллӣ то 9 фоиз ва мизони фоизи ниҳоии маблағҳои ҷалбшудаи мизоҷон бо асъори хориҷӣ то 6 фоизи  солона қобили қабул дониста шуд.

Сарфи назар аз ҳангомаҳо бобати дурнамои бонк, онҳое, ки мехоҳанд бо «Тоҷиксодиротбонк» ҳамкориро роҳандозӣ намоянд, хеле зиёданд. Дар шаш моҳи соли равон аз шахсони ҳуқуқӣ ҷалб гардидани зиёда аз 36 миллион сомонӣ далели гуфтаи болоист. Инчунин, бо мақсади беҳтарнамоии вазъи молиявии бонк пешниҳоди қарзҳои калон муваққатан манъ гардидааст, вале барои сохтору филиалҳое, ки вазъи нисбатан беҳтари молиявӣ доранд, додани қарзҳои хурд иҷозат аст.

Тамдид намудани уҳдадориҳои бонк дар назди пасандоздороне, ки муҳлати пардохти амонатҳояшон расидааст, аз ҷумлаи ибтикори дигари амалишуда аст. Бо дарназардошти тарофаҳои нав, аз  оғози  сол  2118 шартнома  ба маблағи зиёда аз  453,8 млн. сомонӣ, ки ба амонатҳои муҳлатнок рабт дорад, тамдид карда шуд.

«Тоҷиксодиротбонк» ба амонат хиёнат намекунад!

Ҳангоми ба авҷи олӣ расидани буҳрони молиявӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда  тақдири маблағҳои амонатии мардум буд. Нобасомониҳои мавҷуда боис шуданд, ки қисмати аъзами муштариён ба таҳлука афтанду нафарони манфиатдор ба «оташ»-и ҷанҷоли онҳо «равған резанд».

Т. Пирзода эътироф намуд, ки ҳоло ҳам дар ин самт мушкил ҷой дорад, вале ин раванд бо усули  танзимшуда пеш меравад. Аз 3 январи соли равон пардохти маблағҳои амонатии муштариён, тибқи ҷадвали тасдиқгардида, оғоз ёфт ва ин раванд бомаром идома ёфта истодааст. Ҳар рӯз кормандони шуъбаи амонатии Идораи амалиётии бонк 120 -130 муштариро даъват намуда, ба ҳар нафар тибқи ҷадвали пардохти амонатҳо хизматрасонӣ мекунанд. Дар ин давра 3490 мизоҷ ба бонк муроҷиати шифоҳӣ ва хаттӣ намудаанд, ки бештари онҳо ба баргардонидани маб­лағҳои амонатӣ рабт дорад.  Ҷиҳати баргардондани маблағи пасандоз ҷадвалҳои пардохти давравӣ тартиб дода шуда, ба қисме аз онҳо бар ивази пасандоз амволи бонк (хона, автомобил ва ғайра) дода шуд. Қобили зикр аст, ки дар тавозуни «Тоҷиксодиротбонк» зиёда аз 2000 ҳавлӣ ва манзили истиқоматии воқеъ дар биноҳои баланд­ошёна мавҷуд аст. Муҳимтар аз ҳама, бонк тӯли фаъолият ба амонатгузорони хеш 2,7 миллиард сомонӣ фоиз додааст. Ҳаҷми умумии уҳдадориҳои бонк бо дарназардошти қарзҳои субординарӣ аз 3 млрд. 882 млн. сомонии 13 декабри соли 2016 ба 1 млрд. 771 млн. сомонӣ то 30 июни  соли 2017 коҳиш дода шуд.

Пас аз воридшавии маблағи сармоякунонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бонк уҳдадориҳои худро дар назди ташкилотҳои давлатӣ, ҳуқуқӣ, бонкҳо ва дигар муштариён  дар ҳаҷми 2 млрд. 26 млн.сомонӣ иҷро намуд. Бақияи сандуқи амонатӣ   дар  моҳи декабри соли 2016  3 млрд. 11 млн. сомониро ташкил медод. Ҳоло он ба 1 млрд. 58 млн.сомонӣ расида, 65 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар баробари ин, бақияи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 1 млрд. 423 млн.сомонӣ ба 945,6 млн.сомонӣ расид.

Хулоса

- Азм қавӣ ва ниятамон нек аст, ваъда медиҳем, ки то охирин дирами муштариёнро бармегардонем. Барои иҷрои ин вазифа каме вақт ва ҳамдигарфаҳмии комил зарур аст. Хушбахтона, аз шумори мизоҷони бонк ҳастанд нафароне, ки вазъияти баамаломадаро дуруст дарк намуда, ҳатто розианд аз амонатҳояшон  даст кашанд, зеро онҳо муваффақиятҳои молиявиро аз ҳамкорӣ бо «Тоҷиксодиротбонк» марбут медонанд. Имрӯз 500 миллион сомонӣ маблағ дорем ва ҳадафи асосӣ барои таъмини пешрафти бонк харҷ кардани он аст.  Дар акси ҳол, бонк аз сари нав ба вартаи муфлисӣ меафтад. Ҳама бояд донанд, ки хароҷоти бонк ба андозаи максималӣ — даҳ маротиба  коҳиш дода шуда, меҳвари фаъо­лият иҷрои уҳдадориҳо дар назди мизоҷон аст, — иброз дошт Тоҷиддин Пирзода.

 Далер Мерганов,

«Садои мардум»