Аз нишастҳои матбуотӣ

Тоҷиддин ҶӮРАЗОДА: «Тоҷикистон имкони қабули беш аз 2 миллион сайёҳро дорад»

№100 (4362) 03.08.2021

DSC_6443Тоҷикистон кишвари зебои афсонавист, ки ҳаводорони сайру саёҳат орзуи дидани онро доранд. Табиати нотакрор, кӯҳсорони сарбафалак, ёдгориҳои куҳанбунёди таърихию фарҳангии он таваҷҷуҳи ҳар нафарро ҷалб мекунанд. Бинобар ин, бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода оид ба вазъи соҳа ва корҳои анҷомдода дар самти таблиғу ташвиқ суҳбат оростем.

- Соҳаи сайёҳӣ алҳол дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Бо дастгирию ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ки ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса доранд, сол то сол ташрифи меҳмонони хориҷӣ тамоюли афзоишро касб кардааст.

Боис ба хушнудист, ки ҷашни қадимаи Наврӯз, ки миллати тамаддунофари мо меросбари он мебошад, ҷаҳонӣ гашта, гурӯҳҳои зиёди сайёҳону ҷаҳонгардон рағбати дидани меҳани Наврӯзро доранд.

Аз аввали соли 2021 теъдоди сайёҳон ба 120 ҳазор нафар расида, ин нишондод гувоҳи он аст, ки вазъ муътадил гардида, имсол шумораи онҳо сарфи назар аз бемории сироятии COVID-19 зиёд хоҳад шуд.

- Ҳолати инфрасохтори соҳа чӣ гуна аст?

- Дар ҷаҳони муосир ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи амалишавии «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҷумҳурӣ иншооти муосири хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Масалан, ба истифода додани меҳмонхонаҳои «Чорчаман Хилс» дар ноҳияи Дарвоз, «Саразм плаза» дар шаҳри Панҷакент, «Манзара» дар ноҳияи Ховалинг ва «Чилдухтарон» дар ­ноҳияи Муъминобод имкон медиҳад, ки дар дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ ба сайёҳон дар сатҳи хубу сифати баланд хизмат расонем.

- Таҳлилгарон вуруди 1-1,5 миллион сайёҳро нокифоя мегӯянд. Тоҷикистон имкони қабули чӣ қадар сайёҳро дорад?

- Тибқи нишондиҳандаҳои «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ташрифи сайёҳони хориҷӣ то соли 2025 як миллиону 600 ҳазор ва то соли 2030 ду миллиону 500 ҳазор нафар пешбинӣ гардидааст. Бо дарназардошти босуръат зиёд шудани шумораи объектҳои хизматрасонӣ кишвар имкон дорад беш аз 2 миллион сайёҳро қабул намояд.

- Чанд сол пеш Ҳукумати кишвар ба ширкатҳои сайёҳӣ имтиёзҳои андозиву гумрукӣ муайян кард. Натиҷаи он чӣ гуна аст?

- Тибқи санадҳои қабулгардида, ширкатҳои сайёҳӣ панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуда, андозаи боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 фоиз коҳиш дода шуд.

Ҳоло дар бозори хизматрасонӣ 226 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд. Сарфи назар аз паҳншавии бемории COVID-19, соли 2020 ва 6 моҳи соли 2021-ум 40 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шуд. Ин нишондиҳанда аз фароҳам ва мусоид будани шароит барои бахши хусусӣ шаҳодат медиҳад.

Имтиёзи зикршуда ҳавасмандии соҳибкоронро зиёд намуда, дар заминаи он татбиқи зиёда аз 20 лоиҳа дар самти бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳи танобӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳ ва дигар иншооти сайёҳӣ идома дорад.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоя­гузорӣ менамоянд, раводиди бисёркаратаи панҷсола ва барои содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодаи Тоҷикис­тон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода мешавад.

Роҳандозии тартиби электронии даст­рас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 12 кишвари ҷаҳон, амалӣ гаштани низоми содакардашудаи раводид бо 112 давлат, инчунин, аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳон имкон медиҳад, ки шаҳрвандони дигари хориҷӣ бе муроҷиат ба ниҳодҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз тариқи сомонаи www.evisa.tj онлайн раводиди электронӣ даст­рас намуда, ба ҷумҳурӣ сафар намоянд.

Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, низоми раводиди электронии Тоҷикистон ба панҷгонаи беҳтарини пешниҳоди раводид ворид гардида, зинаи чорумро сазовор гашт. Ҳоло 188 меҳмонхона, 215 ҳостел ва мотел, 46 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 8 маркази муолиҷавӣ ва 10 хонаи истироҳатӣ, 2 пансионат, 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ, дар умум 289 иншооти сайёҳӣ фаъолияти пурмаҳсул доранд.

- Барои бештар муаррифӣ кардани кишвар ҳамчун манбаи дорои захираҳои бузурги сайёҳӣ кадом корҳо амалӣ шуданд?

- Мунтазам бо масъулини ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ ва мақомоти сайёҳии кишварҳои дуру наздик мулоқот аз тариқи онлайн гузаронида мешавад. Дар онҳо тавассути рӯнамоҳо ва маърӯзаҳо имкониятҳои сайёҳии кишвар бозгӯйӣ мешавад. Чунин мулоқот бо масъулини ширкату ниҳодҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Афғонистон, созмонҳои байналмилалӣ — шарикони рушди Тоҷикистон, сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, ширкату корпоратсияҳои сайёҳии ИМА, Малайзия доир гардида, суҳбату вохӯриҳои дигар тибқи нақшаи корӣ баргузор хоҳанд шуд.

- Заминаи ҳуқуқии соҳа аз кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таркиб ёфтааст?

- Аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», барномаву стратегияҳои миллӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст.

Ҷиҳати татбиқи самараноки «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030», тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2019 Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2019-2022 тасдиқ гардид. Бамаврид аст ёдовар шавам, ки «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018 — 2020», ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 тасдиқ гашт, дар сатҳи хубу сифати баланд татбиқ шуд.

- Соли гузашта, бинобар хурӯҷи пандемияи COVID-19, сарҳадҳо маҳкам шуда, ташрифи сайёҳони хориҷӣ қариб ба сифр баробар гардид. Имсол вазъият чӣ гуна аст?

- Паҳн шудани бемории сироятии COVID-19 ба соҳаи сайёҳӣ низ хисороти зиёд овард. Аз рӯи таҳлилҳои оморӣ, соли 2020 беш аз 350 ҳазор сайёҳ ба кишвар ташриф оварданд.

Гарчанд фаъолияти ширкатҳо бисёр маҳдуд гашт, дастгирии давлатии соҳаи сайёҳӣ барои ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар доираи чорабиниҳо вобаста ба таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар вазорату идораҳо вобаста ба эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти сайёҳии ЭКО барои солҳои 2020 — 2021, Фес­тивали байналмилалии «Душанбе — пойтахти сайёҳии ЭКО» ва «Форуми байналмилалии рушди агротуризм» чорабиниҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.

Вобаста ба таҷлили 20 — солагии Созмони ҳамкории Шанхай «Форуми сайёҳии СҲШ», ҷаласаи роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ ва Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ дар сатҳи баланд баргузор шуда, онҳо тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос гардиданд.

Баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар пешрафти соҳа саҳми бориз гузошта, масъулинро водор месозад, ки ба иҷрои вазифаю нақшаҳои тасдиқгардида бо ­масъулияти баланд муносибат кунем.

Мусоҳиб Ш. АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»