Дар «Солномаи Пешвои миллат-2016», ки ба қалами доктори илми таърих, профессор Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон Субҳиддин Шамсиддинзода тааллуқ дорад, омадааст:
«Соли 2016 дар таърихи соҳибистиқлолии давлати ҷавони Тоҷикистон соли хотирмону таърихӣ маҳсуб мешавад. Дар ин сол мардуми шарафманди кишвари офтобрӯяи мо дар фазои сулҳу осоиштагии комил 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди созандагию ободкориҳо истиқбол гирифтанд. Соли 2016-ро метавон бо боварӣ соли пайванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаҳои нави рушду тараққиёт ва қадамҳои устувору созанда ба сӯи ояндаи босаодат маънидод кард».
Оре, таҷлили 25-солагии соҳибистиқлолӣ, воқеан ҳам, як навъ ҳисоботи дастовардҳои коллективҳои меҳнатии хоҷагии халқи кишвар дар назди аҳли ҷомеа буд. Тавре дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид: «Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми неру ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирорӣ, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ равона гардид».
Бо вуҷуди он ки зиёда аз даҳ соли замони истиқлолият сарфи бартараф намудани оқибатҳои нангини ҷанги шаҳрвандӣ гардид, Тоҷикистони тозаистиқлол тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ қомат рост карда, мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор гардонад. Танҳо соли сипаригардида, қабл аз ҳама, сафарҳои пай дар пайи Пешвои миллат ба маҳалу манотиқи гуногуни кишвар боиси ободониву асос гузоштан ба бунёдкориҳои бемисли навбатӣ гардиданд. Дар баробари ин ҳама бунёдкориҳо таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба фарҳангу маънавиёти миллат бозгӯйи дар раванди ҷаҳонишавӣ устувор гардонидани пояҳои фарҳангу миллат аст. Барои мисол, ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», телевизиони «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори оммаро метавон ном бурд, ки маҳз бо иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат ба фаъолият оғоз намуданд.
Баъзан суол медиҳанд, ки истиқлолият ба мо чӣ дод? Албатта, тамоми дастоварду муваффақияти даврони соҳибистиқлолиро имкони рӯи саҳифа овардан нест, зеро танҳо номгӯйи онҳо аз як китоб бештар аст. Вале бо як ҷумла метавон гуфт, ки истиқлолият асолати миллии моро пас аз садсолаҳо баргардонд ва мо аз сари нав соҳибдавлат шудем. Фақат ёдовар мешавем, ки танҳо тайи соли 2016 дар кишвар 251 корхонаву коргоҳи нав ба истифода дода шудааст. Дар соҳаи маориф 201 бинои таълимӣ ва дар дигар бахшҳои хоҷагии халқ садҳо бинои маъмуриву иҷтимоӣ, фарҳангиву тандурустӣ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат аз Хатлон то Зарафшону аз Ҳисори Шодмон то ба Бадахшон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ин маънӣ, дар Паём чунин хулоса гардидааст: «Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем».
Воқеан, даромади буҷети давлат аз 300 миллион дар тайи 15 сол ба 18 миллиард сомонӣ расида, музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва ҳаҷми миёнаи нафақа 85 баробар афзоиш ёфтааст, ки исботи ин гуфтаҳост. Бо вуҷуди 1,6 баробар афзоиш ёфтани шумораи аҳолӣ сатҳи камбизоатӣ дар кишвар се баробар паст гардидааст.
Аҳли ҷомеа ҳанӯз дар солҳои аввали бунёдкориҳо дар кишвар се ҳадафи асосии барномавии Пешвои миллат – истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавориро хуб дар ёд дорад. Он замон бисёриҳо бо киноя изҳор менамуданд, ки «ин гуфтаҳо аз нияти неке беш нестанд. Даҳсолаҳо лозим, ки ин ҷомеаи фалокатдидаву ин зиндагии бесарунӯг ва ин рӯзгори рӯ ба раҳми Худо мондаи мардум беҳ шавад…».
Вале ба туфайли ҷидду ҷаҳд ва саъю талоши Пешвои миллат танҳо як даҳсолаи охир кифоя гардид, ки рӯзгори мардум ба ифоқа ояду амнияти озуқаворӣ таъмин гардад ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёбем. Таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар низ дур нест.
Муваффақиятҳои замони соҳибистиқлолӣ зиёданд ва манбаи таҳрикдиҳандаи ин дастовардҳо ба ташкили дурусти қонунгузорӣ, қабл аз ҳама, ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут аст. Боиси таъкид аст, ки эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бартарияти қонун дар сиёсати оқилонаву одилонаи Пешвои миллат дар мақоми аввал қарор дорад. Аз ин хотир буд, ки ҳанӯз дар замони ниҳоят сангини вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар – соли 1994 бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Яъне, Пешвои миллат бо хиради азалии хеш эҳсос намуда буданд, ки дарҳамбарҳамиҳои сиёсат, иқтисоди кишвар, ташкили буҷети набуда, беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоиву аз вартаи ҳалокат наҷот додани миллат ва аз қисматшавӣ эмин доштани мамлакатро танҳо низому тартиб вораҳонда метавонад. Барои ҷорӣ намудани низому тартибот бошад, конститутсияи замони нав ва қонунҳои ба он мувофиқу муносиб заруранд.
Воқеан, мағзи сиёсати Пешвои миллатро ҳуқуқ дар бар гирифтааст. Ба ин маънӣ дар Паём омадааст: «Ба хотири рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ супориш дода мешавад, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд».
Ҳамчунин, дар Паёми Пешвои миллат ниҳоят бамаврид таъкид гардидааст, ки Вазорати маориф ва илм омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаҳои муассисаҳои таълимии кишвар ба роҳ монад.
Дарвоқеъ, давлати ҳуқуқбунёд бояд ҷомеаи аз асосҳои қонун бархӯрдорро тарбия намояд ва оғози ин раванд, тавре ки дар Паёми Пешвои миллат омадааст, аз муассисаҳои таълимӣ мувофиқи мақсад аст.
Пешвои миллат соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд. Ин таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ба ҷавонон мебошад, ки қувваи асосӣ ва умеду ояндаи ҷомеа ҳастанд. Аз ин рӯ, бо донишҳои ҳуқуқӣ таъмин намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии кишвар, наврасону ҷавононро дар шароити пурталотуми ҷаҳонишавӣ аз як ҷониб, аз пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву номатлуб эмин дорад, аз ҷониби дигар, намегузорад, ки аз асолати милливу таърихии аҷдодӣ дур шаванд. Муаллифони «Солномаи Пешвои миллат-2016» нигоштаанд, ки соли сипаригардида соли сарнавиштсоз барои давлату миллат ба ҳисоб меравад, зеро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар, пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тавонистанд, ки дар ҳалли масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон низ муваффақ шуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш машҳур гардонанд.
Қабул гардидани қарори Қатъномаи СММ ва ҷонибдории зиёда аз 190 давлати дунё оид ба пешниҳоди нави башардӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» (2018-2028) далели ин гуфтаҳост.
Зиёзода Маҳмадулло ҲАСАН,
судяи Суди ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров