Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Маликшо Неъматов, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар пасманзари сафари вазири корҳои хориҷии Олмон Франк Валтер Штайнмайер ба Тоҷикистон
- Маликшо Маҳмадшоевич! Олмон нахустин кишвари Иттиҳоди Аврупо аст, ки муносибатҳои дипломатиашро аз аввали солҳои соҳибистиқлолии мамлакат (моҳи декабри соли 1992) шурӯъ намуда, моҳи июни соли 1993 дар шаҳри Душанбе сафоратхона кушод. Алҳол сатҳи ҳамкориҳо дар кадом поя қарор доранд ва самтҳои асосии фаъолият кадоманд?
- Муносибатҳои Тоҷикистону Олмон дар асоси ҳамшарикии боэътимод ҷараён дошта, ба густариши ҳамкориҳо дар бахши иқтисод ва ҷалби сармоягузорӣ авлавият дода мешавад. Ҳадафу вазифаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми солона ва зимни вохӯрӣ бо кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатию консулӣ барои пешбурди сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар марҳалаи муосир гузоштанд, инчунин, дастуру супоришҳои вазири корҳои хориҷӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолият ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина Сафорат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкориҳо сатҳу сифати нав ба худ касб карда, муносибатҳои дӯстонаи ҳар ду кишвар тақвият ёбанд.
- Имрӯз дар бобати 24 соли истиқрори муносибатҳои Олмон бо Тоҷикистон сухан меравад. Дар асл, муносибатҳои дипломатии ҳар ду мамлакат таърихи тӯлонӣ дошта, дар марҳалаҳои нахустин ҳамчун як шакли дипломатияи оммавӣ оғоз ва густариш ёфтааст. Дар робита ба ин, мехостам аз таърихи муносибатҳои ин ду халқи дорои фарҳангу тамаддуни бой барои хонандагон маълумот медодед.
- Агар саргузаштҳои сайёҳи машҳур Марко Поло ва заҳматҳои нависанда ва дипломат Адам Олеареусро сарфи назар кунем, пас шиносоии олмониҳо бо урфу одат, маданияту фарҳанги мардуми тоҷику форс ҳанӯз дар охири асри ХVI оғоз ёфта, таҳияи асари Гёте мавсум ба «Девони Ғарб ва Шарқ» барои муаррифии бештари мардуми форсзабон дар Аврупо такони ҷиддӣ додааст. Пешкаши ҳаводорони назм намудани дастхатҳои Гёте, ки соли 1819 чоп шуд, ба як навъ муаррифномаи мардуми бофарҳанги тоҷику форс дар давраи ҳаракати адабии «туғёну таъзиқ» (буря и натиск) мубаддал гардид ва муаллифро дар қатори Искандари Мақдунӣ, Марко Поло ва дигарон ба нахустин намояндаи дипломатияи оммавӣ мартабагузорӣ намуд. Он замон Гётеи аз ашъори классикони тоҷику форс баваҷдомада мардумро барои сафар ба зодгоҳи нобиғаҳои тоҷику форс ташвиқ намуд. Ҳанӯз соли 1894 соҳибкори сарватманди олмонӣ Вилли Рикмер Рикмерс ба Самарқанду Бухоро сафар намуд, то тиҷорати худро ба роҳ монда, минтақаро мавриди омӯзиш қарор диҳад. Ӯ соли 1896 дубора тавассути Душанбе, Кангурт, Балҷувон ва Ховалинг ба водии Ёхсу расида, он ҷо соҳибкории худро дар қатори дигар аҷнабиён — истихроҷкунандагони тилло ба роҳ монд, то он даме ки императори рус шаҳрвандони хориҷиро аз содироти тилло маҳрум намуд. Ин пажӯҳишгар солҳои минбаъда ба кӯҳҳои Фон, водии Зарафшон ва Қалъаи Хумб сафар карда, маълумот гирд овардааст, ки дар соҳаи пиряхшиносӣ бебаҳо арзёбӣ мешаванд. Нахустин аксҳои қуллаи Исмоили Сомонӣ соли 1928 ҳангоми экспедитсияи гурӯҳи олимони олмониву рус аз ҷониби Рикмерс бардошта шуда, ҳамин тариқ, сарзамини тоҷикон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Натиҷаи таҳқиқоти ҷуғрофию табиатшиносии экспедитсияи иборат аз 22 нафар олимони олмониву рус дар асари шашҷилда зери унвони «Пажӯҳишҳои илмии экспедитсияи Алай-Помир соли 1929» гирд оварда шудаанд. Шахсан, барои ман чунин нафарон нахустин дипломат, воситачиёни Ғарбу Шарқ маҳсуб меёбанд, ки тавонистанд, новобаста аз шароити он замон бо ташаббуси худ ва ҳатто маблағҳои худӣ ҳазорон фарсахро тай намуда, кишварҳоро барои мардуми худ кашф намоянд.
Ҳанӯз солҳои 60-70-уми асри гузашта гурӯҳе аз шарқшиносони олмониву тоҷик, аз он ҷумла Манфред Лоренс, Берт Фрагнер, Михаел Зундерманн, ҳамчунин олимони муосири ҳар ду кишвар Лутс Жеҳак, Шералӣ Раҳимов, Нафасшо Шозедов, Хайрулло Сайфуллоев ва дигарон равияи наверо дар таҷрибаи шарқшиносии Олмон ва германистикаи Тоҷикистон роҳандозӣ намуданд, ки ба омӯзиши фарҳангу адабиёти тоҷику олмонӣ рабт дошт. Дар баробари сафарҳои илмии шарқшиносон ба Тоҷикистон, баргузории таҷрибаомӯзӣ, ҳамчунин як қатор асарҳои нависандагони тоҷик ба олмонӣ тарҷума шуд, ки «Марги судхӯр» ва «Ёддоштҳо» — и Садриддин Айнӣ, «Дар он дунё»-и Фазлиддин Муҳаммадиев ва чанд асари дигар аз зумраи онҳо буд. Авҷи муаррифии фарҳанги моро дар Олмон тарҷумаи ашъори классикони тоҷику форс аз ҷониби шарқшинос Вернер Зундерманн зери унвони «Васфи ошиқон» ташкил медод. Ин аст, ки ягона чойхонаи тоҷикӣ дар шаҳри Берлини Олмон аз ҷумлаи маҳбубтарин тарабхонаҳои Олмон ба ҳисоб меравад.
Аз рӯзҳои нахустини истиқлолият то ҳол миёни Тоҷикистону Олмон зиёда аз 40 қарордоду созишномаҳои дуҷониба ба имзо расидаанд, ки самтҳои гуногуни ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар ду кишварро фаро мегиранд. Олмон то ба имрӯз наздики 250 миллион евро маблағро дар чаҳорчӯби кумакҳои молиявию техникӣ ба Тоҷикистон ба хотири расидан ба рушди устувор пешниҳод намудааст.
Маориф, тандурустӣ, энергетика, рушди инфрасохтор, ҳифзи муҳити зист, рушди минтақавӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, бахши геология ва бостоншиносӣ, такмили ихтисос ва ғайра аз ҷумлаи он бахшҳое ба ҳисоб мераванд, ки Тоҷикистону Олмон ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ мондаанд.
Ҳар сол зиёда аз 50 — 70 нафар донишҷӯи тоҷик ҷиҳати таҳсил ва такмили ихтисос бо идрорпулиҳо ба Олмон сафар мекунанд. Тӯли 20 соли охир садҳо нафар донишҷӯ дар Олмон таҳсил намуда, қисме аз онҳо имрӯз ба халқу Ватан хизмат карда истодаанд. Мутаносибан дар донишгоҳҳои Ҳумболди Берлин ва Отто-Фридрихи Бавария забони тоҷикӣ ҳамчун як шохаи забонҳои нави эронӣ омӯзонида шуда, донишҷӯёни олмонӣ ҷиҳати такмили донишҳои забонӣ ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
Боздидҳои расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 ва моҳи декабри соли 2011 бори дигар собит сохтанд, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Олмон мавқеи муносиб дорад ва барои боз ҳам ҷоннок намудани сатҳи ҳамкориҳо имкониятҳо вуҷуд доранд. Ташаббуси Созмони Аврупо барои Осиёи Марказӣ аз соли 2007 ва идомаи он то соли 2020, Раванди Берлин, Дипломатияи об ва даҳҳо конфронсу симпозиумҳои баргузоргардида гувоҳи гуфтаҳои боло мебошанд.
Дар чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, ҳамоишҳои иқтисодӣ, гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ, форумҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва даҳҳо чорабинии дигар, ки сафорат тӯли фаъолият баргузор намуд, баръало ҳис мегардад, ки доираҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Олмон нисбат ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса дошта, хостори ҳамкориҳои бештар мебошанд.
Боиси хушҳолист, ки шумораи сайёҳон ва сафари соҳибкорони олмонӣ ба Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2016 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 26 дарсад афзоиш ёфта, нишондиҳандаи беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва ҷаззобии кишвар ба ҳисоб меравад.
- Франк Валтер Штайнмайер дирӯз вориди Тоҷикистон гардид. Ин сафар барои муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар чӣ аҳамият дошта метавонад?
- Аз сафари расмии Франк-Валтер Штайнмайер ба хотири муайян намудани дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба умеди зиёд дорем. Дар ин сафар мулоқотҳои сатҳи олӣ баргузор мегарданд. Зимни ин сафар вазири корҳои хориҷии Олмонро гурӯҳи калон иборат аз намояндагони парлумон, соҳибкорон, намояндагони ширкатҳои бонуфузи Олмон, аҳли илму фарҳанг ва рӯзноманигорон ҳамроҳӣ менамоянд. Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши иқтисодии Тоҷикистону Олмон баргузор гардида, ҳайатҳои ҳамроҳ бо ҳамтоёни худ мулоқоту вохӯрӣ анҷом медиҳанд.
Франк Валтер Штайнмайер на танҳо ҳамчун вазири корҳои хориҷии Олмон, балки ҳамзамон ба сифати намояндаи кишваре сафар мекунад, ки имсол раисии САҲА-ро ба уҳда дорад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз дар рӯ ба рӯи як зумра зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризм, ифротгаройӣ ва ғайра қарор дорад. Ин чолишу хатарҳои муосир на танҳо ҷаҳони ислом, балки давлатҳои қудратманд, аз ҷумла, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро низ фаро гирифтааст. Амалҳои террористие, ки чанде қабл дар Фаронса, Белгия ва Туркия рух доданд, гувоҳи онанд, ки ин чолишҳо бо мурури замон хусусияти фаромарзӣ ба худ касб карда, тақозо менамоянд, ки мубориза бар зидди онҳо танҳо дар ҳамкориҳои дастаҷамъона ба роҳ монда шавад.
Олмон низ дар баробари дигар кишварҳо бо ҷамъияти бузурги мусалмонон дар андешаи нигоҳ доштани суботу амният мебошад. Гузашта аз ин, ин кишвар танҳо дар соли 2015 зиёда аз як миллион нафар гурезаву паноҳандаро пазируфтааст.
Дар иртибот бо ин гуфтаҳо, бо эҳтимоли зиёд мавзӯи мубориза бар зидди терроризм яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти сатҳи олӣ хоҳад буд. Чун яке аз рукнҳои ҳамкориҳои кишварҳои узви САҲА низ маҳз мубориза бар зидди терроризм мебошад.
Умед дорем, ки сафари ин ҳайати баландмақоми Олмон ба Тоҷикистон дар муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳар ду кишвари дӯст саҳифаи наверо боз менамояд.
Суҳбаторо Самариддин АСОЗОДА, «Садои мардум»