Диёри бостонии мо-Тоҷикистони биҳиштосо бо табиати зебову дилрабояш таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб кардааст. Воқеан ҳам диёри мо бо кӯлу дарёҳои зебо, кӯҳу пуштаҳои ҳамешабаҳор, гулу буттаҳо ва гиёҳҳои шифобахшаш дар дунё камназир аст. Ин аст, ки ҳар сол шаҳрвандони зиёди давлатҳои сайёра кишвари моро тамошо карда, бо таассуроти хубу хотироти фаромӯшношуданӣ ба ватанашон бармегарданд
Соҳаи туризм яке аз соҳаҳои фоидаовар ба иқтисодиёти давлат буда, рушди ҳар чӣ бештари он ба беҳ шудани некуаҳволии мардум мусоидат менамояд. Бо мақсади иттилоъ пайдо кардан аз вазъи феълиии соҳаи туризми мамлакат ва муайян намудани шумораи сайёҳони хориҷие, ки соли гузашта ба кишвари мо омаданд, ба Раёсати рушди туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем.
Сардори раёсати мазкур Фаррух Иззатуллоев иттилоъ дод, ки ҳамасола ба Тоҷикистон шаҳрвандони зиёди хориҷӣ бо мақсади сайру сайёҳат меоянд. Ба гуфти мавсуф, сайёҳон бештар барои анҷом додани экотуризм, туризми кӯҳнавардӣ, ҷибтур (туристоне, ки ба воситаи автомобил ба сайру сайёҳат меоянд), туризми фарҳангӣ ва туризми сайру сайёҳат ба кишвари мо меоянд, ки соли гузашта шумораи онҳо дар маҷмуъ 245000 нафарро ташкил дод. Ин рақам нисбат ба соли 2011-ум 62000 ва нисбат ба соли 2010-ум 85 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Фаррух Иззатуллоев ҳамчунон зикр кард, ки соли гузашта бо мақсади ҷалби тавваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои туристии кишвар ва ташаккул додани нуфузи мусбати мамлакат ҳамчун минтақаи туристӣ нахустин маротиба дар таърихи туризми кишвар се гурӯҳ рӯзноманигорон аз давлатҳои Олмон, Британияи Кабир, Испания, Италия, Словения, Ҳоланд, Дания, Полша, Покистон ва Федератсияи Россия даъват шуда, дар сатҳи баланд пазиройӣ гардиданд. Рӯзноманигорон пас аз истифодаи барномаи ҷолиби шиносойӣ бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Зарафшон бо хотираҳои нек ба ватани худ баргаштанд. Тибқи мувофиқа, пас аз бозгашт онҳо оид ба захираҳои бойи табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар сомонаҳои гуногуни туристии шабакаи ҷаҳонии Интернет, маҷалла ва рӯзномаҳо мақолаҳои ҷолиб чоп мекунанд. То имрӯз дар нашрия ва сомонаҳои интернетии ҷаҳонӣ, аз қабили «El Distrito»-и Испания, «DieWelt», «ND am Wochenende», «Reise», «Welt Online»-и Олмон, «Nеos», «Corriere Della Sera», «Turist per Caso», «Cisonostato», «Lonely Planet Italy»-и Италия, «PassportNews letter», «Tourism vision», «TravelMole» ва «CNN»-и Британияи Кабир, «Oireachtas», «VSO »-и Ирландияи Шимолӣ, «Ec. europe»-и Иттиҳоди Аврупо ва «CA News »-и Қирғизистон мақолаҳои ҷолиби тарғиботӣ доир ба захираҳои туристии Тоҷикистон аз чоп баромадааст. Ғайр аз ин, тавре номбурда афзуд, барои беҳтар намудани фазои туристӣ дар ҷумҳурӣ масъулини бахши сайёҳии кумита ҳамасола дар намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ иштирок мекунанд, ки дар он ҷо маводи таблиғотии туристӣ, аз қабили харитаи сайёҳӣ, буклет, руқъа, ки бобати мавзеъҳои тамошобоби туристӣ маълумот медиҳад, пешкаши дӯстдорони сайру сайёҳат гардонида мешавад.
Вобаста ба ширкатҳои туристӣ бошад, Фаррух Иззатуллоев гуфт, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 88 ширкат дар ин самт фаъолият дорад. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдори иҷозатномадиҳӣ дар самти ташкили ширкатҳои туристӣ ва ба танзимдарорандаи соҳаи туризм дар ҷумҳурӣ, бар он мекӯшад, ки хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ хубтару беҳтар шаванд. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки як амали номатлуби ширкати туристӣ нисбати шаҳрванди хориҷӣ метавонад номи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ доғдор ва нуфузашро паст намояд. Тасаввуроти шаҳрвандони хориҷӣ оид ба сохти давлатдорӣ, таърих, фарҳанг ва тарзи зисту зиндагонии мардуми кишвар аз муомилаи кормандони ширкатҳои туристӣ вобастагӣ дорад.
Хушбахтона, тӯли солҳои охир соҳаи туризми мамлакат рӯ ба рушд буда, марҳила ба марҳила ба бозори ҷаҳонии туристӣ ворид мешавад. Аз ин ҷост, ки сол то сол таваҷҷуҳи сайёҳон ба минтақаҳои туристии Тоҷикистон бештар мешавад. Тибқи маълумотҳо қисмати бештари сайёҳони хориҷиро, ки ба кишвари мо меоянд, шаҳрвандони давлатҳои Япония, ИМА, мамлакатҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ташкил медиҳанд. Вобаста ба саҳми соҳаи туризм дар пуррагардонии буҷети кишвар масъулин мегӯянд, ки тибқи баҳогузории олимон ва коршиносони Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ ҳар як сайёҳи хориҷӣ дар ҷараёни будубоши муваққатии худ дар кишвар ба ҳисоби миёна 500 доллари ИМА сарф менамояд (маблағи истифода аз нақлиёт, меҳмонхона ва дигар намуди хизматрасониҳо). Агар инро нисбати сайёҳоне, ки ба ҷумҳурӣ соли гузашта омадаанд ба ҳисоб гирем, пас дар соли 2012 аз ҳисоби 245000 нафар сайёҳ ба иқтисодиёти мамлакат 122 миллиону 500 ҳазор доллар маблағи нақд ворид шудааст.
Моҳи майи соли 2010 Дабири Кулли Созмони Умумиҷахонии Туризм Талеб Рифаӣ ба кишвари мо ташриф оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии судманд анҷом дод. Номбурда бо натиҷагирӣ аз сафари кории худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари моро кишвари биҳиштосо ном бурда, дорои захираҳои бойи туристӣ ва шарики боэътимоди СУТ эълон намуд ва дар сомонаҳои интернетӣ муносибати роҳбарияти сиёсии кишварро доир ба рушди туризм дар сатҳи олӣ арзёбӣ кард.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»