Тақриз

«Тоҷикистон – Хитой. Шаклгирии сарҳади давлатӣ. Таърих ва замони муосир»

№116-117 (3262-3263) 09.10.2014

Дар асари бунёдии дипломатҳои машҳури тоҷик Ҳ. Зарифӣ ва А. Сатторов  «Тоҷикистон – Хитой. Шаклгирии  сарҳади давлатӣ. Таърих ва замони муосир» яке аз мураккабтарин ва баҳсноктарин мушкилоти Тоҷикистони соҳибистиқлол — ҳалли масъалаи марзи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии  Халқии  Хитой  мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Асари Ҳ. Зарифӣ ва А. Сатторов ба хонанда имконият медиҳад, ки бо раванди шаклгирии марзи давлатии Тоҷикистону Хитой шиносоии комил пайдо кунад. То нашри ин китоби пурарзиш дар сиёсатшиносии ватанӣ норасоии маводи босифате, ки иттилооти воқеъбинонаро, ҳам доир ба тамоми мураккабияти мушкилоти марзӣ ва ҳам дар бораи зарурати ҳалли ҳар чӣ зудтари он, фақат бо роҳи музокирот инъикос мекарда бошад, эҳсос мешуд. Ба назари мо, китоби муаллифон ин холигиро пур кардааст.

Вазъи геополитикӣ дар ҷаҳони муосир фарогири мушкилоту чолишҳои зиёди ҷиддӣ ва шадид аст. Бисёрии чунин мушкилот тайи муддати тӯлонӣ ҳал нашуда, аз насл ба насл боқӣ мемонад. Яке аз чунин мушкилоте, ки таърихи чандасра дорад, мусалламан мушкилоти сарҳадии байни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва давлатҳои пасошӯравӣ мебошад. Назар ба печидагӣ ва мушкилии проблема,  ҳатто империяҳои Хитой ва Россия (ҳатто дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ) натавонистанд ҳалли созандаи  ин проблемаро пайдо кунанд. Бояд таъкид намуд, ки масъалаи таъин намудани марз байни ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ аз як тараф ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз ҷониби дигар, ба сабаби нуфузи миқёсан ҷаҳонӣ доштани Ҷумҳурии Халқии Хитой, бо аксуламали васеъ дар дунё  рӯ ба рӯ гардид.

Президенти собиқи Франсия Франсуа Миттеран дар замонаш муҳим будани мушкилоти марзиро дар суханони машҳури ҳикматомези хеш хеле дақиқ ифода намуда буд: «Баррасии масоили марзӣ, яъне баррасии  ҷанг аст». Ин гуфтаҳо бори дигар аз муҳим будани ин масъала шаҳодат медиҳанд. Таърих гувоҳ аст, ки аксар вақт таъини сарҳади давлатӣ, мутаассифона, ба ихтилофоти ҷиддии хунини байни давлатҳо оварда мерасонид.

Дахлнопазирӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти кишвар фақат дар сурате таъмин шуда метавонад, ки сарҳади давлат аниқ аломатгузорӣ шуда, на танҳо аз тарафи ин давлат, балки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф карда шавад. Набудани аломатгузории расмии марз, дер ё зуд боиси рӯй додани муноқишаи шадид ва ихтилоф байни кишварҳои ҳамсоя мегардад. Тайи тамоми таърихи ҷаҳонӣ ихтилоф оид ба ҷудо кардани сарҳад яке аз проблемаҳои муҳим барои ҳар давлати соҳибистиқлол буд ва ҳамин тавр мемонад.

Замони Иттиҳоди Шӯравӣ сарҳади давлатии муштарак бо Ҷумҳурии Халқии Хитой яке аз тӯлонитарин дар ҷаҳон, яъне бештар аз 7 300 километрро ташкил дода, шартан ба чор қитъа -  русӣ, қазоқистонӣ, қирғизӣ ва тоҷикистонӣ тақсим шуда буд. Аз байни чор қисмати номбаршуда, қитъаи ҳозираи марзи давлатии Тоҷикистон ва Хитой аз ҳама хурд, вале аз ҳама мураккабу печида буд.

Ҳал нашудани масоили марзӣ бевосита муҷиби  ташаннуҷи вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар тамоми сарҳади давлатӣ байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, аз Бадахшони Тоҷикистон сар карда, то Шарқи Дури Россия гардид.

Дар робита ба ин, кофӣ аст рӯйдоди хунини соли 1969 дар ҷазираи Даманск дар Уссури ва дар минтақаи Жаланакшоли Қазоқистонро ёдовар шавем, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ аз ҳар ду тараф гардида буд. Худи Хитой ҳалли масоили марзиро чун омили ҳалкунанда дар таҳкими суботи минтақавӣ мепазирад. Хитой ва Тоҷикистон зимни танзими масоили марзӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ намоиш доданд, ки чӣ гуна бояд ба  ҳалли ихтилофоти куҳна муносибат ва бархӯрди навин кард.

Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ин мушкилро бомуваффақият пушти сар намуда, барои худ дурнамои сифатан нави рушди ҳамкории дуҷонибаро боз карданд. Дар пасманзари ин, ба ақидаи мо бояд равобити Тоҷикистону Хитой дар марҳилаи кунунӣ таври мухтасар арзёбӣ гардад.

Ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ яке аз вазифаҳои калидии давлати муосир мебошад. Дар робита ба ин, ҷойгоҳи махсус ба ниҳоди (институти) сарҳади давлатӣ ҷудо карда мешавад, ки аз рӯи моҳияти худ ҳудуди давлатро муайян ва қаламрави як давлатро аз давлати дигар ё аз баҳрҳои озод ҷудо мекунад. Аҳамияти он барои рушди ҷомеа бузург аст ва аз бисёр ҷиҳат ба асоси раванди воқеии ҷараёндошта дар фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии давлатҳои гуногун мушаххас мегардад. Дар пасманзари ин, рушди робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо давлатҳои ҳаммарз дар радифи аввал қарор мегирад. Бинобар ин, хеле муҳим аст, ки самти ҳамкорӣ бо кишвари ҳаммарз дуруст муайян гардад ва барои ин, қабл аз ҳама, бояд тамоми мушкилоти мавҷуда байни ду давлат ҳал шаванд.

Яке аз чунин мушкилоте, ки ба Тоҷикистони соҳибистиқлол аз таърих ба мерос монда буд, проблемаи таъини хати марзи давлатӣ байни Тоҷикистон ва Хитой буд. Хушбахтона, имрӯз ин мушкил ба таърихи гузашта  ҳавола шудааст ва дигар таъсири худро ба муносиботи анъанавии дӯстонаи байни мардуми тоҷику хитойӣ нахоҳад гузошт.

Аз тамоми давлатҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон бо сабабҳои айнӣ маҳз Хитой фарқ карда меистад. Ҷумҳурии Халқии Хитой на танҳо як аъзои  доимии  Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид якҷо бо Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Англия ва Франсия  мебошад, балки Хитой – як кишвари нодири ҷаҳони муосир, сернуфустарин  кишвари ҷаҳон бо аҳолии бештар аз як миллиарду 350 миллион нафар, дувумин кишвар дар ҷаҳон аз нигоҳи иқтисодӣ ва севумин аз нигоҳи ҳудуд (баъд аз Россия ва Канада) мебошад ва дар зимн, таърихи ногусастании сиёсии худи давлати Хитой бештар аз 4 000 солро фаро мегирад.

Тавре ки таърихи хаттии башарият шаҳодат медиҳад, тамаддуни Хитой дар рушди фарҳангу илми ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштааст ва ихтирооти зиёди инсоният ба мардуми Хитой тааллуқ дорад. Худи хитойиҳо фақат бо чор ихтироъ — борут, коғаз, пули коғазӣ ва қутбнамо ифтихор мекунанд, ки имрӯз низ одамон дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон аз онҳо истифода мебаранд.

Ин асари нодир ба хонанда имконият медиҳад мубрамӣ ва аҳамияти проблемаи марзӣ ва зарурати ҳалли онро дарк намояд. Ҷанбаи  қавии китоби мазкур бешак, усули омӯзиши ин масъала мебошад, ки муаллифон ба кор бурдаанд. Онҳо маводи бойгонии таърихиро таври фаровон истифода  бурдаанд, ки имконият додааст масоили марзӣ батафсил ва дақиқона мавриди баррасӣ қарор гирад.

Арзиши асари мазкур дар ин аст, ки он дар заминаи маводи фаровону далелҳои муътамад тамоми мураккабии проблемаи мавҷуда, раванди музокироти на чандон осон  ва зарурати танзими таъхирнопазири онро инъикос кардааст.

Китоби нашршуда, бешубҳа, асари бунёдии илмӣ мебошад, зеро то интишори он дар таҳқиқоти ватанӣ маводе бо чунин миқёсу бо чунин фаррохӣ чоп нашуда буд. Ҳамаи он чи ки то нашри асари мазкур чоп мешуд, дар доираи мақолаҳои хурд ё очеркҳои журналистӣ маҳдуд мегардид.

Аз нигоҳи сохторӣ китоб аз муқаддима, даҳ боб, хулоса, феҳристи библиографӣ, ҳамчунин нусхаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз соли 1689 то кунун иборат аст. Яъне, муаллифон бо такя ба санадҳои таърихӣ талош намудаанд, ки сабаби ихтилофоти тарафҳоро дар робита ба масоили марзӣ аз гузаштаи дури соли 1689 то ҳоло ошкор намоянд.

Муаллифон дар асари худ ба маъхазҳои васеъ истинод кардаанд, ки дар матни китоб барои хонанда муаррифӣ шудаанд, онҳо асарҳои илмии олимони муосири ҳам кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳам хориҷи дур, ҳамчунин маводи шабакаи ҷаҳонии Интернетро мавриди таҳлил қарор додаанд. Маъхазҳои истифодашуда аз тарафи муаллифон нуқтаи назари объективӣ ба проблемаи мазкурро инъикос менамояд.

Маводи истифодашуда аз тарафи муаллифонро метавон ба гурӯҳҳои зерин тақсим намуд:

1.Қарордодҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ аз соли 1689 ба ин тараф. Муаллифон ҳамчунин баёнияҳо, қатъномаҳо, изҳорот ва дигар асноди байниҳукуматӣ ва байниидоравиро истифода бурдаанд, ки нуқтаи назари тарафҳоро нисбат ба масъалаи мазкурро ифода менамоянд.

2. Маводи нашршуда дар воситаҳои ахбори оммаи электронӣ ва чопӣ. Дар ин гурӯҳи маъхазҳо ғолибан мавқеи расмии давлатҳои иштироккунандаи раванди музокирот, ҳамчунин ақидаи олимон, коршиносон, арбобони ҷамъиятӣ ва сиёсатшиносон нисбат ба проблемаи марзӣ инъикос ёфтааст.

3. Маводи агентиҳои иттилоотии расмии давлатӣ, аз он ҷумла Агентии иттилоотии миллии Тоҷикистон «Ховар» ва «Женьминь Жибао» — и Хитой.

4. Адабиёти илмии сиёсӣ ва таърихӣ. Дар асарҳои таърихнигорон ва сиёсатшиносон худи проблемаи марзӣ ё равандҳои бевосита таъсиррасон ба проблемаи мазкур инъикос ёфтааст.

Далелҳои овардаи муаллифон ба хонанда имконият медиҳанд, ки на танҳо дар бораи проблема маълумот дарёфт намояд, балки тамоми марҳилаҳо, тамоми мураккабӣ ва аҳамияти масъалаи мазкур, ҳамчунин зарурати ҳалли таъхирнопазири онро дарк намояд ва таҳлил кунад.

Баррасии проблемаи марзӣ дар ҳампайвандӣ бо раванди фаъолшавии равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Хитой низ муҳим аст.

Бояд басирату зеҳнияти баланди муаллифонро дар риштаи сиёсатшиносӣ, таърих ва дипломатия, ки дар натиҷагирӣ ва тавсияҳои илмии онҳо ифода ёфтааст, махсус таъкид кард.

Қобили зикр аст, ки омӯзиши яке аз проблемаҳои муҳиму ҳассоси таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳамчун рӯйдоди муҳими сиёсии алоҳида зарур аст, балки барои дарку фаҳмиши дурусту воқеъбинонаи равандҳо ва тамоюлоти ҷории геополитикӣ, дар худи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва минтақа дорои аҳамияти хос аст.

Бешубҳа, хидмати дигари шоистаи муаллифон, яъне услубу забони таълифи китоб, истифодаи шакли дастрас ва содаи баёни мавзӯъро бояд махсус таъкид кард, ки ба назари мо, тарафи  дигари мусбати асар аст.

Асар хонандаро ба андешаи амиқ, ба дарку фаҳмиши  проблема водор месозад  ва имконият медиҳад, ки байни рӯйдодҳо ва проблемаҳои мушобеҳе, ки алҳол дар ҷаҳон вуҷуд доранд, қиёсгузорӣ ва андешаронӣ шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой зимни ҳалли проблемаи марзӣ саҳифаи тозаи сифатан нави ҳамкории ҳам дуҷониба ва ҳам дар доираи сохторҳои ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, қабл аз ҳама, дар чорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхайро боз кардаанд. Имрӯз бо итминон метавон ба натиҷаҳои зерини ҳалли  масъалаи  сарҳадӣ миёни Тоҷикистон  ва Хитой ишора намоем:

1. Имзои санадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз моҳи августи соли 1999 дар бораи созишномаҳои аввалия «Дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Хитой» ва «Созишномаи иловагӣ байни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳади Тоҷикистон-Хитой» аз 17 майи соли 2002 заминаи ҷиддии ҳуқуқиро барои ҳамкорӣ дар тӯли тамоми марзи давлатии Тоҷикистон ва Хитой поягузорӣ намуд.

2.Танзими масоили марзӣ байни Тоҷикистон ва Хитой марҳилаи ниҳоӣ дар ҳалли ихтилофи беш аз 200 — сола оид ба масоили марзӣ байни империяҳои Россия ва Хитой, байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Хитой ва баъд аз касби истиқлол, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой гардид. Ҳалли масоили марзӣ байни Тоҷикистон  ва  Хитой ва қабули қарор дар бораи он одилона ва маҳсули  созиши оқилона шуморида мешавад.

3. Ҳалли ниҳоии масоили сарҳадӣ ҷавобгӯйи манфиатҳои бунёдӣ ва таърихии Тоҷикистон ва Хитой мебошад, сатҳи эътимод байни ду давлатро баланд мебардорад, ки дар ниҳояти амр бевосита ба таҳкими амният дар минтақаҳои марзӣ мусоидат мекунад.

4. Ҳалли проблемаи марзӣ ба инкишофи ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратӣ-иқтисодии байни Тоҷикистон ва Хитой дар доираи СҲШ суръат бахшид. Ин ба Тоҷикистон имконият дод, ки аз соли 2006 сар карда, кредити имтиёзнокро дар доираи СҲШ дарёфт ва ба амалисозии тарҳҳои бузурги иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва зерсохторӣ дар кишвар оғоз намояд. Аз он ҷумла метавон тарҳҳои мазкурро ёдоварӣ кард:

а) бунёди хатҳои  интиқоли барқи баландшиддати 500 кВ «Ҷануб — Шимол»;

б) бунёди хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор — Хатлон»;

в) навсозӣ ва таъмири роҳи мошингарди Тоҷикистон – Ӯзбекистон (Душанбе — Чаноқ).

Амалисозии тарҳҳои мазкур ба ҳалли муҳимтарин вазифаҳои стратегии таъиншуда аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мусоидат кард. Тавре ки маълум аст, Тоҷикистон се вазифаи стратегиро матраҳ намудааст:

а) дастёбӣ ба истиқлоли энергетикӣ;

б) раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ;

в) таъмини амнияти озуқаворӣ.

5. Баъд аз танзими масоили марзӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой бо саъю талоши муштарак тавонистанд намунаи нави робитаи мутақобилан  судмандро роҳандозӣ намоянд, ки имконият медиҳад манфиатҳои миллии халқҳои Тоҷикистон ва Хитой пурра дар назар гирифта шавад. Асоси чунин робитаро эҳтироми мутақобила ба соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, мудохила накардан дар корҳои якдигар, эҳтироми дутарафа ба интихоби роҳи инкишофи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳамкорӣ ба суди сулҳ, амният ва субот дар Осиё ва дар тамоми ҷаҳон ташкил медиҳад.

Ҳалли сулҳомез ва фақат бо роҳи музокироти чунин проблемаи мушкилу печида дар муносиботи байналмилалии муосир рӯйдоди бесобиқа аст, чунки тарафҳо   комилан муносибату равиши навинро ба танзими проблемаи қадимаи чандинасра нишон доданд.

6. Дар ҷаҳони муосир зимни баррасии чунин проблемаҳо бояд вазъи геополитикиро дар назар гирифт. Имрӯз давлатҳои минтақа дар таърихи навини худ давраи хеле мураккабро аз сар мегузаронанд. Дар Осиёи Марказӣ бо гузашти 150 сол бори дигар «бозии бузург» — и абарқудратҳо рӯнамо гардидааст. Давлатҳои қудратманд боз барои пешбурди манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеологии худ даргир шудаанд. Зеро пӯшида нест, ки баъзе неруҳо талош мекарданд проблемаи сарҳадиро барои пешбурди манфиатҳои тангназаронаи геополитикии худ истифода баранд, вале акнун он барои ҳамеша ба   гузаштаи бебозгашт тааллуқ дорад.

7.Сатҳи кунунии равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, башарии байни ду кишвар баёнгари он аст, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Хитой, ки солҳои охир на танҳо ҷанбаи дуҷониба, балки ҷанбаи минтақавиро дар доираи СҲШ ва ҷанбаи ҷаҳониро дар чорчӯбаи СММ ба худ гирифтааст, дурнамои хуб дорад.

8.Тайи муддати кӯтоҳи таърихӣ ду давлат дар равобити мутақобилаи хеш ба натиҷаҳои назаррас даст ёфтаанд. Имрӯз муносиботи Тоҷикистон ва Хитой дар сатҳи баланди стратегӣ қарор дорад. Байни Душанбе ва Пекин муколамаи доимӣ, самарабахш ва созандаи сиёсӣ идома дорад, дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ тарҳҳои наве амалӣ мешаванд, ки ба манфиати ҳар ду тараф мебошанд. Ҳамкории дуҷонибаи гуманитарӣ густариш меёбад.

9. Сатҳи кунунии равобит байни Тоҷикистону Хитой бо мавҷуд набудани ихтилофоти усулӣ доир ба ҷанбаҳои гуногуни сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фарқ карда меистад. Пояи меъёрии ҳуқуқии муносибатҳо имконият медиҳад, ки ҳамкории дуҷониба ба сатҳи баландтар бардошта, тавонмандиҳои то ҳанӯз истифоданашуда ба кор бурда шаванд.

Нуқтаи авҷи пояи ҳуқуқӣ дар равобити ду кишвар дар ҳафт соли охир ин имзои «Қарордод дар бораи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ»  аз 15 январи соли 2007 (ба муҳлати 25 сол) ва  «Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии  Хитой дар бораи барқарор намудани муносибатҳои  шарикии стратегӣ» аз 20 майи соли 2013 мебошанд. Дар ин санад нахустин бор самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Хитой ба муҳлати дароз мушаххас гардид.

Имрӯз аллакай  метавон боҷуръат таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой проблемаи марзиро пушти сар намуда, ба ин тартиб дар равобити дуҷониба ба мақсади рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дарозмуддати стратегӣ ба суди мардумони худ саҳифаи навро боз кардаанд.

Библиографияи китоб ба таври равшан аз он шаҳодат медиҳад, ки муаллифон ҳангоми таълифи асари бунёдии хеш маводи таҳлилӣ ва осори илмии олимон ва таҳлилгарон аз Тоҷикистон, давлатҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҳамчунин аз хориҷи дурро ба таври васеъ истифода бурдаанд.

Китоб барои доираи васеи хонандагон, аз он ҷумла барои таърихнигорон, сиёсатшиносон, журналистони инъикоскунандаи масоили равобити байналмилалӣ, ҳамчунин барои алоқамандони равандҳои ҷории сиёсӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст.

Х.  ХОЛИҚНАЗАР, директори Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих