Аз 13 апрел то 13 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Осакаи Ҷопон Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 баргузор мегардад. Дар он 161 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ва 9 созмони байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Намоишгоҳ зери шиори «Тарҳрезии ҷомеаи оянда барои мо» доир шуда, Тоҷикистон мавзуъҳои «Наҷоти ҳастӣ» ва «Пайванди ҳастӣ»-ро бо назардошти иқдом ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ интихоб намудааст.
Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини иштироки сазовори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон таъсис ёфтааст.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»