Самари истиқлол

Тоҷикистон – шашумин кишвари бузурги истеҳсолкунандаи «Энергияи сабз» дар ҷаҳон

№№ 97 (4517) 05.08.2022

КоллажАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 иброз доштанд: «Имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз неруи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад».

Соҳаи энергетикаро барҳақ муҳаррики иқтисодиёт мегӯянд. Бе пешравии он рушди иқтисодии ҳеҷ як кишварро тасаввур кардан номумкин аст. Дар мамлакат ба пешрафти ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад, зеро яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикист.

Аввалин неругоҳи даврони соҳиб­истиқлолӣ ва бузургтарин иншооти энергетикие, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави собиқ ИҶШС ба истифода дода шуд, НБО «Сангтӯда-1» ба ҳисоб меравад. Агрегати чорум (охирин)-и он 31 июли соли 2009 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти собиқи Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба истифода дода шуд.

НБО «Сангтӯда-1» дар силсилаи неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш неругоҳи панҷум ба шумор рафта, иқтидораш 670 мегаватт мебошад.

Дуюмин дастоварди бузург дар роҳи ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ мавриди истифода қарор гирифтани НБО «Сангтӯда-2» ба шумор меравад. Агрегати якуми он 5 сентябри соли 2011 ва агрегати дуюм 10 сентябри соли 2014 ба истифода дода шуд. Иқтидори неругоҳ 220 мегаватт буда, вазъи таъмини кишвар бо неруи барқро хеле хуб намуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 июли соли равон зимни вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО «Роғун» дастовардҳои соҳаро чунин баён намуданд: «Дар даврони соҳиб­истиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург ва 1 маркази барқу гармидиҳӣ, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бун­ёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ карда шуд. Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем».

Яке аз ҳодисаҳои фараҳбахши даврони соҳибистиқлолӣ ба истифодасупурдани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» мебошад. Он 8 декабри соли 2016 бо иқтидори пурра мавриди истифода қарор гирифта, тавоноияш ба 400 мегаватт ва иқтидори гармидиҳиаш ба 657 Гкал/ҷ баробар аст. Инчунин, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон 80 дарсад талаботи шабонарӯзии барқи пойтахтро қонеъ намуда, қисми зиёди шаҳрро бо гармӣ таъмин месозад.

Алҳол вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои «Сохтмони Неругоҳи барқи ҳароратии «Фон-Яғноб», сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб», «Айнӣ», «Нуробод-1», «Нуробод-2», «Фондарё» ва ғайра корҳои таҳқиқотию ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Ин нуктаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 21 декабри соли 2021 чунин баён намуданд: «… Ҳоло дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги бунёди неругоҳҳои барқи обӣ амалӣ гардида истодаанд ва дар 7 соли оянда аз ҳисоби бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» иқтидори энергетикии мамлакат иловатан ба 4 ҳазор мегаватт афзоиш дода мешавад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори бузурги содирот намудани неруи барқро дорост. Ҳанӯз моҳи декабри соли 2008 вобаста ба бунёди хати интиқоли барқи 220 кВ «Тоҷикистон — Афғонистон» бо ширкати ҳиндус­тонии «КЕС» шартнома ба имзо расид. Татбиқи лоиҳа моҳи январи соли 2010 оғоз ёфта, сохтмони қисмати тоҷикистонии он, бо 116 километр, моҳи феврали соли 2011 ба анҷом расид.

Баъд аз ба итмом расидани қисмати афғонистонии лоиҳа хати интиқоли барқи мазкур 27 октябри соли 2011 расман мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.

Бо пурра ба кор даромадани сохт­мони бузурги аср — НБО «Роғун» иқтидори содиротии мамлакат ба маротиб афзун мешавад. Ҳоло ду агрегати он хонаҳои мардуми кишварро мунаввар намуда, ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат карда истодааст.

Тавре Пешвои миллат иброз дош­танд, аз оғози фаъолияти ду агрегати неругоҳ то ба ҳол зиёда аз 4,6 миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол гардидааст.

Дар баробари соҳаи гидро­энергетика солҳои охир дар кишвар таваҷҷуҳ ба дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне энергияи офтоб ва шамол зиёд шуда истодааст. Роҳбари давлат дар Паёмашон изҳор намуданд, ки дар ин самт асосноккунии се лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт оғоз гардидааст, ки дар панҷ соли оянда татбиқ карда мешаванд.

Амалишавии ин нақша бори дигар мақоми Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз кишварҳои бузурги истеҳсолкунандаи «энергияи сабз» баландтар хоҳад намуд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»