Дар Маҷмаи умумии СММ интихобот барои узвият дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ баргузор гардида, ба он 18 аъзои нав интихоб гардиданд. Дар овоздиҳӣ аз 193 кишвари аъзо 185 давлат ширкат намуданд. Тоҷикистон, ки дар қатори Чин, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Корея дар Гурӯҳи Осиё ва уқёнуси Ором қарор дорад, соҳиби 183 овоз гардида, бори аввал дар таърих ба узвияти шӯрои мазкур барои солҳои 2017-2018 интихоб шуд.
Дар баробари Тоҷикистон аз Гурӯҳи Осиё ва уқёнуси Ором, инчунин Чин бо 182 овоз, Аморати Муттаҳидаи Араб бо 180 ва Ҷумҳурии Корея бо 179 овоз интихоб гардиданд.
Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ЭКОСОК) майдони аслии СММ барои матраҳ намудани андешаҳои инноватсионӣ дар соҳаи рушди устувор ва баҳс перомуни онҳост. ЭКОСОК яке аз шаш ташкилоти асосии СММ ба шумор рафта, соли 1946 дар асоси Низомномаи СММ ташкил шудааст.
Тибқи Низомномаи Созмони Милали Муттаҳид, ЭКОСОК ба сифати ташкилоти асосӣ масъули ҳамоҳангии фаъолияти 14 муассисаи махсуси СММ, 9 комиссияи босалоҳият ва 5 комиссияи минтақавӣ дар соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ҳамчунин, минбари марказии баррасии масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон, коркард ва омодасозии тавсияҳо вобаста ба сиёсат барои кишварҳои аъзо ва сохтори СММ буда, ба ин манзур аз 11 бунёд ва Барномаи марбут ба Созмони Милали Муттаҳид маърӯза дарёфт мекунад.
Кумак ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва пурра бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ, коркард ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти байналмилалӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф ва тандурустӣ доираи фаъолияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоиро ташкил медиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоиро минбари асосии байниҳукуматӣ барои баҳс дар атрофи масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дониста, хоҳони тақвияти нақши ин созмон дар ҳамоҳангсозии сиёсат ва фаъолият барои ҳалли масоили дар боло зикршуда, инчунин расидан ба ҳамбастагии мутавозини се бахши рушди устувор мебошад.
«Садои мардум»