Тоҷикистон яке аз даҳ кишвари ислоҳотгар

№133(3434) 06.10.2015

Чанде пеш бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба фаҳмондадиҳии кодексҳои андоз, гумрук ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти соҳибкориро ба танзим медароранд, баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҳикистон, раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир, намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма  иштирок доштанд.

Раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир зикр кард, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя корҳои зиёде ба анҷом расида истодаанд. Имрӯз тамоми шароит барои рушди соҳибкорӣ мавҷуд аст.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим зимни суханрониаш гуфт, ки  давоми солҳои 2013 — 2014 аз ҷониби бахши хусусӣ дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 26 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ин барои рушду нумӯи минтақа мусоидат мекунанд.

- Масъалаҳои асосие, ки дар вохӯрии имрӯзаамон баррасӣ карда мешаванд, ба ҷанбаҳои гуногуни рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар шаҳри Ваҳдат, корҳои созандагию бунёдкорӣ, монеаҳои рушди соҳибкорӣ бахшида шудаанд, зеро соҳибкорӣ муҳаррики  иқтисодиёт эътироф гардида, дастгирии он яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, — изҳор дошт номбурда.

Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон гузаронида шуд, муҳим маҳсуб меёбад. Кам кардани шумораи иҷозатҳо аз 605 то 87 адад намунаи беназир буда, ба ақидаи коршиносони байналмилалӣ далели муваффақ будани ислоҳот арзёбӣ гардидааст.

Бино ба гуфти Қодири Қосим, ислоҳоти татбиқшуда аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд ва тибқи арзёбии ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати даҳ кишвари ислоҳотгари ҷаҳон дохил гардид.

Номбурда изҳор дошт, ки яке аз шартҳои муҳими ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорон ин ба роҳ мондани муколамаи мунтазам байни давлат ва бахши хусусӣ мебошад.

Дар робита ба ин, Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки бо ибтикори Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз соли 2007 таъсис дода шуда буд, фаъолияти пурсамар дорад.

Бо мақсади рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва баррасии масъалаҳои соҳа дар минтақаҳои ҷумҳурӣ шӯроҳои машваратӣ таъсис дода шудаанд, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа мусоидат менамоянд.

- Ислоҳоти татбиқшуда имкон дод, ки саҳми бахши хусусӣ дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии ҷумҳурӣ давоми ҳашт соли охир мунтазам зиёд шуда, аз 42,3 фоизи соли 2006 то 70 фоиз дар соли 2014 афзудааст. Дар соли 2014 аз ҳисоби пардохтҳои андоз ба Буҷети давлатӣ 8 миллиарду 526,7 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки 6 миллиарду 762 миллион сомонӣ ё 79,3 фоизи он ба бахши хусусӣ рост меояд. Саҳми бахши хусусӣ дар таъмини ҷойҳои корӣ ба 64,5 фоиз баробар аст, — гуфт мавсуф.

Дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади дастгирии воқеии соҳибкорон тавассути муҳайё гардонидани захираҳои молиявии имтиёзнок то имрӯз ба воситаи Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 73 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 8191 адад субъектҳои соҳибкорӣ фаъолият мекунанд.

Дар шаҳри Ваҳдат то 1 июли соли 2015-ум шаш лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардид, ки маблағи умумии азхудшуда 36,86 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Зикр гардид, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав барои пешрафти соҳибкории хурду миёна беш аз 240 номгӯй имтиёзу сабукиҳоро пешбинӣ намудааст.

Мувофиқи Кодекси нави андоз шумораи ҳисоботи андозҳо то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтҳои андозҳо то 43 фоиз кам карда шудааст.

Дар асоси Кодекси андози  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав номгӯйи андозҳо аз 21 то даҳ намуд кам карда шудааст ва аз 1 январи соли 2017 ба нуҳ намуд расонида мешавад.

Дар баробари ин, то ҳол баъзе муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав ба такмил ниёз доранд.

Содагардонии расмиёти гумрукӣ ҳангоми содирот, воридот ва транзити молу воситаҳои нақлиёт қисми муҳими ислоҳоти иқтисодӣ ба шумор меравад.

- Ҷиҳати содагардонии расмиёти гумрукӣ, ҷалби сармоя ва бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани расмиёти гумрукӣ  Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ такмил дода шуд.

Инчунин бо мақсади воридоти бештари таҷҳизоти истеҳсолӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст изҳор дошт, — Қодири Қосим.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»