Ҷумҳурии Халқии Хитой дар баробари Федератсияи Россия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тоҷирони тоҷик барои овардани маҳсулоти ниёзи бозор бештар ба Хитой мераванд. Аксари сайёҳону тоҷирони мамлакат ҳангоми ба он ҷо сафар кардан асосан аз доллар истифода мебаранд, ки ин боиси камчин гаштани он дар марказҳои хизматрасонии бонкии кишвар мегардад.
Ҳол он ки ба ҷои доллар рубли русиро бурдан манфиатноктар аст. Зеро рубл асъори дар ҷумҳурӣ нисбатан дастрас мебошад. То 9 апрели соли равон 1 рубл 0,1523 сомонӣ арзиш дошт. Ин рақам 16 апрел 0,1430 сомониро ташкил дод. Яъне, қурби сомонӣ тӯли як ҳафта дар баробари рубли русӣ мустаҳкамтар гардид. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки шахсони ба Хитой сафаркунанда ҳамроҳ на доллар, балки рубл баранд. Зеро дар Хитой ҳам таваҷҷуҳ ба рубли русӣ меафзояд. Хитой бузургтарин шарики тиҷоратии Федератсияи Россия ба шумор меравад. Соли 2017 ҳаҷми муомилоти тиҷоратии ду кишвар 87 миллиард долларро ташкил дод, ки 31,5 фоиз нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 зиёд аст.
Имсол дар нақша аст, ки ин рақам ба 100 миллиард доллар расад. Ҳоло тоҷирони рус як қисми маҳсулоти аз Хитой воридкардаро бо юан ҳисобӣ карда, хитоиҳо маҳсулоти Россияро бо рубл мехаранд. Коршиносон дар натиҷаи муқоисаи рақамҳо ба хулоса омаданд, ки ҳисоббаробаркунӣ бо пулҳои миллии ду кишвар нисбатан осон ва манфиатноктар аст. Зеро ин усул вобастагӣ аз қурби пули миллии дигар кишварро паст мекунад.
Агар дар бонкҳои мамлакат ба тоҷирони кишвар ин усулро фаҳмонанд, пули миллӣ аз беқурбшавӣ эмин монда, талош барои харидани доллару евро камтар мешавад.
С. САЙФИДДИН,
«Садои мардум»