Чанде пеш дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур конференсияи илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Идоракунии самараноки захираҳои об — кафолати рушди устувори кишоварзӣ» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир гардид.
Дар он ректори донишгоҳ, профессор Амонулло Салимзода зикр кард, ки зироаткории обёришаванда бахши муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад. Дар мамлакат истеҳоли зиёда аз 80 фоизи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, ки 20 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, маҳз ба ин бахши иқтисодиёт рост меояд. Зиёда аз 20 дарсади ММД-и кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аз ҳисоби кишоварзӣ ба даст омада, қариб 70 дарсади аҳолии деҳоти минтақа дар соҳаҳои марбут ба кишоварзӣ шуғл меварзанд. Биноан, даҳсолаи равон метавонад барои мамолики олам манфиатовар бошад. Амонулло Салимзода таъкид намуд, ки ташаббусҳои мунтазами Пешвои миллат оид ба масоили об аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд, зеро ин мушкилиро бисёре аз кишварҳо доранд. Эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» гувоҳи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳалли масоили дохилӣ ва минтақа, инчунин дар ҷаҳон низ ба ҳалли масъалаи дастрасӣ ба захираҳои об расидагӣ мекунад. Аз ҷониби 177 давлат бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфтани ташаббуси мазкур далели ин гуфтаҳост.
Омӯзгори калони кафедраи заминсозии донишгоҳ Маҳмадулло Муродов зикр намуд, ки ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об яке аз масоили ҳалталаби ҷаҳони муосир мебошад. Имрӯз 1/6 ҳиссаи сокинони сайёра аз нарасидани оби нӯшокӣ ва 1/3 ҳисса аз нарасидани об барои ҳоҷатҳои маишӣ танқисӣ мекашанд. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ 2,4 млрд. сокини рӯйи замин дар шароити бади санитарӣ зиндагӣ карда, беш аз 80 фоизи бемориҳо аз норасоии оби тоза сар мезанад. Ҳар 8 сония бар асари бемориҳои аз таъсири обҳои ифлос баамаломада, як кӯдак ва дар як сол 5 млн. нафар мефавтад.
Дотсенти донишгоҳ А. Ҳасанов зимни баромад дар мавзӯи «Барқароркунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва азхудкунии заминҳои нави обёришаванда» иброз намуд, ки аз худ намудани заминҳои обёришаванда барои рушди соҳаи кишоварзӣ муҳим аст. Зеро афзоиши аҳолӣ ва масоҳати заминҳои азхудгардида нишон медиҳад, ки то соли 2025 ҳиссаи заминҳои обӣ мумкин аст то 0,06 гектар ба як нафарро ташкил диҳад. Мувофиқи нақшаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда бояд то соли 2020 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ 15000 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шавад.
Дар маҷмӯъ, зимни конфронс зиёда аз 20 маърӯза мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шарофат Абдулвоҳидова,
«Садои мардум»