Тандурустӣ

Тобоварӣ ба доруҳои зиддимикробӣ чӣ хатар дорад?

№128 (3608) 11.10.2016

антибиотикРоҳбарони як қатор кишварҳои ҷаҳон 21 — уми сентябри соли равон дар шаҳри Ню- Йорки ИМА зарурати боздоштани паҳншавии ангезандаҳои ба доруҳои зиддимикробӣ тобоварро таъкид намуданд. Тобоварӣ ба доруҳои зиддимикробӣ замоне рӯй медиҳад, ки бактерияву вирусҳо, паразиту замбурӯғҳо қобилияти ба доруҳои қаблан истифодашуда муқовимат намуданро пайдо мекунанд.

Бори аввал роҳбарони давлатҳо уҳдадор шуданд, ки дар мубориза бо омилҳои ба миён омадани тобоварӣ ба доруҳои зиддимикробӣ якбора дар якчанд сохтор, аз қабили тандурустӣ, ҳифзи солимии ҳайвонот ва кишоварзӣ чораандешӣ намоянд. Ин дар таърих маротибаи чорум аст, ки масъалаи тандурустӣ аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ мешавад. Қаблан дар ин ниҳоди бонуфуз мушкилоти бемории вируси норасоии масунияти бадан, бемориҳои ғайрисироятӣ баррасӣ шуд. Мулоқот дар сатҳи баланд аз ҷониби раиси сессияи 71- уми Ассамблеяи генералии СММ Питер Томсон даъват шуд.

- Тобоварӣ ба доруҳои зиддимикробӣ ба ҳадафҳои рушди устувор таҳдид намуда, посухи глобалиро талаб мекунад, — гуфт Питер Томсон. — Кишварҳои узв эъломия қабул карданд, ки барои дар ин самт ба пеш рафтани ҷомеаи байналмилалӣ таҳкурсӣ мегузорад. Ягон кишвар, сохтор ё ташкилот ин мушкилотро ба танҳоӣ ҳал карда наметавонад.

Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) Маргарет Чен иброз дошт, ки тобоварӣ ба доруҳои зиддимикробӣ таҳдиди зиёд ба тандурустӣ, пешравӣ ва амнияти башарият дорад. Уҳдадориҳои қабулшуда чораҷӯйии таъҷилӣ, самаранок ва ба ҳифзи ҳаёт равонашударо дар сохторҳои тандурустӣ, ҳифзи солимии ҳайвонот ва кишоварзӣ тақозо мекунад.

Паҳншавии ҳодисаҳои тобоварӣ ба доруҳои зиддимикробӣ ин натиҷаи аз меъёр зиёду ғайрисамаранок истифода бурдани антибиотик ва дигар доруҳои зиддимикробӣ барои муолиҷаи одамону ҳайвонот ва коркарди зироатҳо, инчунин ифлосшавии хок, зироатҳои кишоварзӣ ва об аз пасмондаҳои доруҳои мазкур мебошад.

Роҳбарони кишварҳо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Созмони озуқаи СММ (FAO) ва Созмони ҷаҳонии ҳифзи саломатии чорво (OIE)- ро ба ҳамкорӣ бо бонкҳои дар самти рушд фаъолияткунанда даъват намуданд, то ки нақшаҳои фаъолиятро ҳамоҳанг созанд.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки барои ихтироъ ва истеҳсоли доруҳои нисбатан дастрасу ивазкунандаи антибиотикҳо сармоягузорӣ шавад.

Фароҳамсоз С. СУННАТӢ