Вокуниш

Туҳмате, ки маншааш ноогоҳист

№6 (3152) 14.01.2014

Боиси таассуф аст, ки як идда журналистони тоҷик бо расонайӣ ва тарғиб намудани  буҳтони рӯзномаи «Bild»  дар воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ба «осиёб»-и нотавонбинони миллати тоҷик «об» мерезанд

 Вокуниш

Охири соли гузашта рӯзномаи олмонии «Bild» маводеро, ки гӯё 200 мошини гаронарзиши аз ин кишвар рабуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ёфт шудаанд,  ба нашр расонид. Агар аз лиҳози мазмун ин маводро таҳлил намоем, он  дар маҷмӯъ фарзияи бедалели як рӯзнома ҳасту халос, зеро нашри маводи иғвоангезу аз ҳақиқати воқеӣ дур дар журналистикаи Аврупо ба меъёри маъмулӣ табдил ёфта, пушти ин амалҳо доираҳои манфиатхоҳ, ба истилоҳ лоббистҳо, қарор доранд. Нашри ин мавод метавонист мақоли халқии «саг меҷакаду корвон роҳашро идома медиҳад»-ро шабеҳ бошад, агар он мавриди «таваҷҷуҳ»-и як идда журналистони тоҷик қарор намегирифт. Боиси таассуф аст, ки ин рӯзноманигорон бо тарғиби буҳтонномаи фавқуззикр ва пурсиши назари «коршиносон» доир ба ин масъала аз ин порае, ки аз дасисатӯрбаю иғвохалтаҳои нотавонбинони миллати тоҷик партоб шудааст, «ливо» сохтаанд.

Ҳар инсони солимфикр ва аз навгониҳои техника бохабар дарк менамояд, ки аз дили Аврупо рабуда шудану маҳз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «ёфт шудан»-и 200 автомобили гаронарзиш, бо назардошти имконоти техникии ҷаҳони муосир, комилан ғайриимкон аст. Вобаста ба ин масъала, бидуни шубҳа, ҳақ ба ҷониби котиби матбуотии Президенти мамлакат Абдуфаттоҳ Шарифзода аст, ки гуфтааст: «Касе намедонад, ки чӣ тавр аз Олмон 200 сабукрав дуздида шуда, ба Тоҷикистон ворид гардидааст? Дар ҳоле ки аз Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо на ин ки мошин, ҳатто сӯзанро дуздидан ғайриимкон аст».

Нуктаи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки муаллифони буҳтоннома зимни таҳияи мавод назари ҷониби Тоҷикистонро умуман ба инобат нагирифтаанд. Бино ба гуфти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия И.Сатторов, хабарнигорони нашрияи «Bild» дар робита ба ин масъала ба сафорат муроҷиат карда будаанд. Дар навбати худ сафорат дар заминаи далелҳои муътамад беасос будани чунин овозаҳоро собит намуда, онро хаттӣ ба идораи нашрия манзур намуда буд. Мутаассифона, муаллифони мавод зимни таҳия ва нашр посухи сафоратро сарфи назар намуданд. Ин амал бори дигар собит менамояд, ки «таги коса нимкоса ҳаст» ва муаллифони буҳтоннома мақоли халқии «мусиқиро касе фармоиш медиҳад, ки пулашро пардохта бошад»-ро сармашқи кор қарор додаанд.

Сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Маҳмадсаид  Саидов низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва ба қайд гирифта шудани автомобилҳои дуздиро андешаи муғризона ва аз ҳақиқати воқеӣ дур арзёбӣ менамояд. Мавсуф мегӯяд, ки ибрози он ки гӯё ин автомобилҳо бо истифода аз системаи GPS ошкор шудаанд, бори дигар собит менамояд, ки муаллифон ва фармоишгарони мавод аз моҳияти масъала комилан бехабаранд, зеро ин система имкони пайгирӣ ва ифшои макони автомобилҳоро дорад ва хеҷ мумкин нест, ки автомобилҳои рабуда  бе монеа вориди кишвари мо шаванд.

Чунин тарзи кор танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки ҳангоми убури марзи дигар кишварҳо автомобил «ноаён» шавад. Аз ҷониби дигар, қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ шароити бақайдгирии чунин мошинҳоро надодааст ва ин омил имконнопазир аст.

Пайгирии мавзӯи мазкур собит намуд, ки дар баъзе кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Ҷумҳурии Федеративии Германия, аз ҷониби худи соҳибони автомобилҳо «дуздонидан»-и онҳо ба анъана даромадааст. Албатта,  «дуздонидан»-е, ки манзури ман аст, аз дуздидан куллан фарқ дорад. Масалан, дар заминаи мувофиқа бо харидор соҳибони мошинҳо бо ними нарх мошини худро мефурушанд ва интизор мешаванд, ки автомобилҳои фурӯхташуда ба ҷойи даркорӣ рафта расанд. Сипас, молики мошин ба мақомоти полис бо ариза бобати рабуда шудани он хабар дода, ҷуброни онро аз ширкатҳои суғуртавӣ дар ҳаҷми зиёдтар талаб менамоянд. Табиист, ки барои ин амалҳо аксаран мошинҳои гаронарзиш истифода мешаванд. Ҷоиз ба зикр аст,ки дар ин раванд шаҳрвандони собиқ ҷамоҳири шӯравӣ умуман саҳм надоранд ва дошта ҳам наметавонанд, чунки барои ба ҳудуди ин ё он давлат интиқол додани мошинҳои ба истилоҳ «дуздонидашуда» соҳиби раводиди минтақаи Шенген ва шаҳрванди Аврупо будан лозим аст.

Нуктаи дигаре, ки зимни «баррасии» ин масъала дар маркази диққати ба ном «коршиносон» қарор дошт, нисбатан арзонтар будани нархи автомобил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин бузургон чунин тарзи корро, ки гувоҳи раиятпарварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, нодида гирифта, барои чунин хайрхоҳӣ санги маломат ба сари масъулин мезананд. Барои мисол, дар Ҷумҳурии Сингапур, ки аксаран «коршиносон» онро чун кишвари пешрафта мисол меоранд, баробари дигар маҳдудиятҳо, барои харидорони автомобили шахсӣ номгуй ва ҳаҷми зиёди андоз ва боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудааст. Яъне, автомобиле, ки дар кишвари мо 15 ҳазор доллари ИМА нарх дорад, шаҳрвандони Сингапур метавонанд бо арзиши 100 ҳазор доллари ИМА харидорӣ намоянд.

Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони кишвар, соли 2008, як нафар соҳибкор пешниҳод намуда буд, ки дар самти воридоти автомобилҳо баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ шавад, вале Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастрасии шаҳрвандон ба воситаҳои нақлиёт пешниҳоди мазкурро рад намуда буд.

Мавриди «таваҷҷуҳ»-и як идда журналистон ва «коршиносон» қарор гирифтани буҳтонномаи рӯзномаи «Bild» бори дигар собит намуд, ки онҳо «на тоқати гармо доранду на тоқати сармо» ва амалҳояшон «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад»-ро шабеҳ аст.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»