Дар замони тағйирёбии иқлим ва мушкилоти афзояндаи таъмини амнияти озуқаворӣ зарур аст, ки самтҳои нави истеҳсоли тухмии зироатҳои кишоварзӣ дар мамлакат муайян карда шаванд.
Зеро истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти озуқаворӣ интизори онанд, ки тавсияҳои нави истифодаи замин, технологияи инноватсионӣ ва экологӣ, навъҳои муосир ва гибридҳои зироатҳои кишоварзӣ, чорводорӣ (зот ва намудҳо), навъи мошину таҷҳизот барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири кишоварзӣ пешниҳод шавад. Фароҳам овардани шароит барои рушди илмию техникӣ ва гирифтани натиҷаҳое, ки барои эҷоди технология, маҳсулот, мол ва хизматрасонӣ заруранд, мустақилият ва рақобатпазирии бахши аграрии ватаниро кафолат медиҳанд.
Дар низоми ҳавасмандгардонии олимон барои парвариши навъҳои баланди истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ мувофиқи қонунгузории ҷорӣ, нақшаи пардохти роялти ба муаллифони дастовардҳои селексионӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа буда, ин намуди ҳавасмандгардонӣ барои тавсеаи фаъолияти олимон такони ҷиддӣ мебахшад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар иқтисоди бозорӣ танҳо ба маблағгузории буҷетӣ умед бастан роиҷ нест. Селексия вақте бомуваффақият инкишоф меёбад, ки селексионерҳо маблағро на аз давлат, балки аз ҳисоби ҷамъоварии ҳаққи иҷозатномавӣ (роялтиҳо) гиранд. Ҳар қадар ки селексионерҳои тоҷик барвақттар ба пардохти роялти гузаранд, зудтар имконияти пайдо намудани мавқеъ дар самти истеҳсоли тухмиҳои хушсифати бозори дохилӣ ва ҷаҳониро ба даст меоранд. Имрӯз олиме, ки якумр дар соҳаи селексия фаъолият менамояд, дар як моҳ 1200 сомонӣ маош мегирад. Дар ҳоле ки ӯ ихтироъкори 5 — 7 навъи зироат буда, навъи ихтироънамудааш дар ҷумҳурӣ парвариш карда мешавад.
Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки маблағгузории давлатӣ проблемаҳои соҳаи тухмипарвариро ҳал карда наметавонад. Лозим аст, ки ба ин самт сармояи хусусӣ низ ҷалб шавад.
Олмон аз давлатҳоест, ки дар он тухмипарварӣ ба дараҷаи аъло расидааст. Дар ин кишвар селексия ба тиҷорат табдил ёфтааст, чунки дар татбиқи корҳои тадқиқотӣ — илмӣ сармоягузор манфиатдор аст.
Ҳоло дар мамлакат барои беҳбуд бахшидани селексия ва тухмипарварӣ шароит фароҳам аст. Дар ҳамин ҳол эътироф бояд кард, ки на ҳама навъи минтақабобшуда ба талаботи бозор ҷавобгӯ ҳастанд. Аз ин рӯ, беҳтар мебуд, навъҳои ояндадор барои бозори нав бо стандартҳои баланди ҳосилнокӣ ва устувор ба тағйирёбии иқлим ба истеҳсолот ворид шаванд. Бояд тухмипарварӣ дар асоси дастгирии молиявии селексионӣ, банақшагирии майдонҳои киштшаванда аз рӯи навъ ва намуд, афзоиш ва такрористеҳсолкунии он дар институтҳои тадқиқотӣ ва хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва фурӯши маҳсулоти аз навъҳои ояндадор гирифташуда, пешниҳод шавад.
Табиист, ки дар давраи аввали гузаронидани ислоҳот фаъолият осон нест. Он метавонад ба кам гаштани ҷойи корӣ оварда расонад. Вале мутмаин бошем, ки мушкилоти давраи гузариш бомуваффақият бартараф мешавад ва дар оянда сохтори ба замон мутобиқ ва рақобатпазир арзи ҳастӣ хоҳад намуд, ки пешравии соҳаро новобаста аз дастгирии давлат таъмин хоҳад кард.
Муҳимтар аз ҳама, дар зиёд намудани ҷамъоварии роялтиҳо аз ҳисоби истифодаи такрории навъҳои репродуксионии 1, 2 рушди соҳаи тухмипарвариро таъмин кардан имконпазир аст. Меъёрҳои пардохти роялти маъмулан 2 — 6 фоиз муқаррар карда мешавад. Меъёри пардохти роялти барои истифодаи навъ ба таври такрористеҳсолкунӣ одатан ду маротиба камтар аст. Бо дарназардошти кишти зиёди ин навъҳо дар ҷумҳурӣ ва афзоиши музди меҳнат аз ҳисоби даромади он метавон селексионеронро беш аз пеш ҳавасманд кард.
Агар давлат имкон дошта бошад, ки лоиҳаҳои ояндадорро дастгирӣ намояд, хуб, агар не — кор дар ин самт ҳеҷ гоҳ қатъ нахоҳад шуд. Ҳамчунин, барои таъмини шаффофияти истифодаи тухмиҳо ва парвариши онҳо дар хоҷагиҳо шароити зарурӣ фароҳам мешавад ва селексионер хоҳад донист, ки навъи вайро кӣ, кай ва дар кадом ҳаҷм парвариш намуда истодааст. Умед дорем, ки Кумитаи давлатии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молия кумаки худро баҳри пешрафти соҳаи тухмипарварӣ дареғ нахоҳанд дошт. Ҳадафи иншои матлаб он аст, ки мардуми кишварро бо ғизои солими аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда, ба кишоварзон тухмии хушсифатро дастрас намоем.
Шамсиддин СОЛИЕВ, номзади илмҳои кишоварзӣ, муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон