Тибқи иттилои дастрасшуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15 январи соли ҷорӣ расман ҳамчун узви баробарҳуқуқи Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ (Asian Infrastructure Investment Bank, AIIB) пазируфта шуд.
Дар ҷаласаи бонк, ки дар Мумбай баргузор гардид, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири молия Наимӣ Аламхони Қодириён роҳбарӣ кард. Гуфтан бамаврид аст, ки ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ моҳи октябри соли 2014 аз сӯи Ҷумҳурии Халқии Хитой ва 21 кишвари дигари қораи Осиё, бо шумули Қазоқистону Ӯзбекистон ва Ҳиндустону Ҷумҳурии Исломии Покистон имзо шуда буд.
Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой маблағгузори асосии ин ниҳоди нави молӣ хоҳад буд. Коршиносони соҳа ба он назаранд, ки Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ як навъ алтернативаи Бонки Умумиҷаҳонӣ буда, фаъолияташ ба рушди давлатҳои аъзо нигаронида шудааст. Аз матолиби расонаҳои хориҷӣ бармеояд, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой омодагии хешро баҳри ҷудо намудани қисмати аъзам ва ҳатто ҳамаи 50 миллиард доллари ИМА , ки барои шаклгирии сармояи бонки фавқуззикр лозим аст, иброз доштааст.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»