Ҳумоюн бод фару иқболи тоҷик!

№108 (3745) 09.09.2017

SAMSUNGТоҷикистони соҳибистиқлол 26 — сола шуд. Дар ин муддат агар тифле ба дунё омада буд, афтидаву хеста, ба камол расид. Роҳи тайкардаи Тоҷикистони соҳибистиқлол низ тахту ҳамвор набуд. Дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият гурӯҳҳои манфиатҷӯ, мисле ки тифли навзодро пас аз таваллуд буғӣ карда мекушанд, кишвари моро ба гирдоби кашмакашҳои дохилӣ тела доданд. Қариб буд, ки шаҳди соҳибистиқлолиро ночашида, давлати миллӣ пора шавад. Хушбахтона, миллати сарбаланди тоҷик бо иродаи қавии азалияш ба ҷанги таҳмилӣ хотима бахшида, давлатро аз вартаи ҳалокат берун намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдориро мустаҳкам намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар замина гузоштанд. Дар кишвар давраи нав-марҳилаи ободкориву созандагӣ фаро расид. Дар муддати кӯтоҳ харобиҳои дар натиҷаи  ҷанг бавуҷудомада бартараф шуда, шаҳру деҳот ба таври шинохтанашаванда симояшро дигар кард. Мардум бо шукргузорӣ аз сулҳу оромии кишвар пайи кору зиндагӣ шуданд.

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ

«Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги давлати миллии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Бо шарофати сиёсати хориҷии мутавозин дар ин давра Тоҷикистони мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда,  муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ба роҳ монд».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 (22 декабри соли 2016).

 Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Конститутсия давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дун­явӣ  мебошад. Барои ба ин меъёр мувофиқ будан аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешавад. Сиёсати дохилии Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа  беҳтар ба роҳ монда шудааст, зеро имрӯз дар ҷомеаи мо  озодии баёну гуногунандешӣ вуҷуд дошта, ҳизбҳову ҳаракатҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва ғайра, ки асоси давлати демократӣ мебошанд, озодона фаъолият доранд. Ин аст, ки имрӯз дар кишвар шаш ҳизби сиёсӣ, зиёда аз 400 нашрияи даврии давлативу хусусӣ ва ҷамъиятӣ, зиёда аз 4000 масҷид фаъолият мекунанд, ки аз рӯи аҳолӣ миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикис­тон дар ин бахшҳо дар мақоми аввал аст.

Сиёсати хориҷии кишвар низ тавре ба роҳ монда шудааст, ки барои давлат самаровар мебошад. Имрӯз Тоҷикистонро зиёда аз 190 давлати дунё шинохтаву эътироф кардааст. Бо ба роҳ мондани сиёсати «дарҳои кушода» Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷи дуру наздик  робитаҳои хуби дӯстиву ҳамкориро ба роҳ мондааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол аъзои бузургтарин созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид буда, собитқадамона ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам мебардорад.

 ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АРТИШИ МИЛЛӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷузъи собиқ давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ пас аз пошхӯрии он ҳеҷ меросеро соҳиб нашуд ва аз зумраи давлатҳое буд, ки дар аввали истиқлолият ба даст оварданаш артиш надошт. Шояд яке аз сабабҳои аланга гирифтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ низ  дар ҳамин буд. Аз ин рӯ, 23 феврали соли 1993 бидуни заминаҳои устувор Артиши миллии ҷумҳурӣ таъсис дода шуд, ки бо гузашти солҳо ба яке аз сохторҳои пуриқтидори  давлат табдил ёфт. Ин аст, ки имрӯз Артиши миллӣ бо иқтидори мудофиавие, ки дорад, қодир аст  кишварро аз ҳар гуна хавфҳои ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дошта, дар орому осуда зиндагӣ кардани шаҳрвандон саҳми босазо гузорад.

 ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ

Дар замони соҳибистиқлолӣ се ҳадафи стратегии муайяншуда-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар сатҳу сифати хуб амалӣ гардида истодааст. Бо сохтан, таҷдиду таъмири роҳу пулҳо ва нақбҳо кишвари мо ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 чунин зикр карданд: «Дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар натиҷа, мо ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашону боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишварамон ва давлатҳои ҳамсоя ноил  шуда, қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро танҳо дар замони истиқлолият ба як кишвари воҳид табдил додем».

Барои пурра ноил шудан ба ҳадафи дигар-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ низ фосилаи ками вақт мондааст. Зеро дар давоми 26 сол неругоҳҳои хурду бузурги обии зиёд сохта, ба истифода дода шуданд, ки шиддати бебарқиро дар фасли тирамоҳу зимистон бамаротиб коҳиш доданд. Инчунин, сохта ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори умумии 400МВт қадами устувор дар ин самт аст. Тавре дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ (22 декабри соли 2016) омадааст: «Дар ин давра ба мо муяссар шуд, ки  дар самти таъмини истиқлолияти энерегетикӣ  бо маблағгузории 36 миллиард сомонӣ  иншооти хурду бузурги муҳимро оид ба истеҳсолу интиқоли барқ сохта, ба истифода диҳем. Аз ҷумла, низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд». Бо ба истифода додани агрегатҳои аввали НБО «Роғун» дар тирамоҳу зимистони соли оянда Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ин ҳадафи  стратегиаш пурра ноил мегардад.

Барои таъмини амнияти озуқаворӣ низ  корҳои зиёде амалӣ шуданд. Аз ҷумла, тавассути гузаронидани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳои бузурги кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳа, аз худ кардани заминҳои нав, бунёди боғу токзор фаровонии маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда шуд. Мувофиқи маълумоти оморӣ танҳо майдони боғу токзори мамлакат ба 180 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991 қариб 100 ҳазор гектар зиёд мебошад. Зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, агар аз як тараф, ба ҳифзи амнияти озуқавории кишвар мусоидат намояд, аз дигар ҷиҳат, ба рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши арзишманд мегузорад.

 ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Тавре маълум аст, Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд, ки дар натиҷа ба иқтисоди кишвар хисороти зиёд ворид гардид. Зарари аз ин ҳисоб ба давлатрасида зиёда аз 7 миллиард доллари ИМА арзёбӣ мешавад. Хушбахтона, баъди ба даст омадани сулҳ ва ризояти миллӣ кишвари мо ҳамаҷониба  рушд кард. Гувоҳи ин гуфтаҳо сол то сол зиёд шудани музди маош ва дигар пардохт­ҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар робита ба ин масъала, чунонки масъулин зикр менамоянд, дар давоми солҳои охир маблағгузорӣ аз ҳисоби  Буҷети давлатии пешбинишуда ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ нисбат ба соли 2000 — ум зиёда аз 50 баробар афзудааст. Ғайр аз ин паст кардани сатҳи камбизоатӣ то 32 фоиз (ин рақам солҳои 2000 беш аз 80 фоизро ташкил медод) яке аз дастовардҳои назаррас дар сиёсати иқтисодии мамлакат мебошад. Инчунин, сохтани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, ташкил кардани ҷойҳои кории нав, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон  аз иқдомоте мебошанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда истодааст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сол то сол зиёд шуда, соли 2016 зиёда аз 54 миллиард сомониро ташкил дод.

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

    Истиқлолият барои рушду нумӯъ кардани ҳамаи соҳаҳои халқи ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ бахшид, ки соҳаи фарҳанг аз ин истисно нест. Зеро фарҳанги миллӣ асоситарин василаи шинохти миллат ба ҳисоб меравад. Миллати моро дар масири таърих маҳз фарҳанги баланди ниёгонамон муаррифӣ кардаву побарҷо нигоҳ доштааст. Аз ин рӯ, аз тарафи роҳбарияти Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин соҳаи муҳим диққати махсус   дода  мешавад. Дар давоми 26 сол ҷашн гирифтани 2500 — солагии Истаравшан, 2700 — солагии Кӯлоб, 3000 — солагии Ҳисор ва тармиму таҷдиди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ гувоҳи гуфтаҳои болост. Маҳз дар ин давра бузургтарин китобхона дар минтақа, Осорхонаи миллии Тоҷикис­тон бо санъати меъмории хос сохта, ба истифода дода шуд ва сохтмони Театри миллӣ, ки калонтарин дар Осиёи Марказӣ аст, идома дорад. Ғайр аз ин, ҷашнгирии солгарди зодрӯзи бузургони миллат, аз қабили устод Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имоми Аъзам, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳо тани дигар нишони арҷгузорӣ ба фарзонафарзандони миллат мебошад.

Яке аз рӯйдодҳои муҳиме, ки дар баробари дигар ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуд, мақоми  байналмилалӣ гирифтани  Иди Нав­рӯз аст. Тавре ба ҳамагон аён аст, замони шӯравӣ  ба ҷашнгирии ин иди воқеан ҳам миллии тоҷикон дар Тоҷикистон монеа эҷод мекарданд. Аммо талошу заҳматҳои зиёди фарзонафарзандони миллат, ба монанди устод Мирзо Турсунзода ва ҳаммаслаконаш буд, ки Иди Наврӯз чун ҷашни миллӣ дар кишвари мо низ қайд карда мешуд. Имрӯз бошад, ин иди барои мо-тоҷикон воқеан ҳам азиз на танҳо дар сатҳи давлатӣ, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн гирифта мешавад ва яке аз ташаббускорони мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Забони тоҷикӣ низ чун рукни асосии давлатдории миллӣ дар солҳои соҳибихтиёрии кишвар мақому манзалати азалияшро соҳиб шуд. Гарчанде бори аввал 22 июли соли 1989, ҳанӯз замони побарҷоии Иттиҳоди Шӯравӣ Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуда бошад ҳам, рушду нумуи он дар даврони соҳиб­истиқлолӣ таъмин гардид. Имрӯз забоне, ки 30 сол пештар эҳтимолияти аз байн рафтанашро инкор намекарданд, рисолаташро бекаму кост иҷро карда истодааст. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани мавқеи забони тоҷикӣ соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» аз нав қабул шуд. Имрӯз дар кишвар муошират пурра бо забони давлатӣ сурат мегирад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ин забон таҳияву қабул мешаванд…

Дар маҷмӯъ, Истиқлолияти давлатӣ заминагузори рушд барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ гардид. Имрӯз  соҳае нест, ки раванди пешрафт дар он мушоҳида нашавад. Албатта, ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаб, мисли муҳоҷирати меҳнатӣ, вуҷуд доранд. Аммо миллати сарбаланди тоҷик, ки имрӯз чун ҳазор солу ҳазорсолаҳои пеш сарнавишташро худаш муайян мекунад, монеаву мушкилоти дигарро сарбаландона паси сар намуда, ба ояндаи боз ҳам дурахшонтар ноил мегардад.

Истиқлолиятат пояндаву бегазанд бод, Тоҷикистони азиз!

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»