Қурби пули миллӣ чӣ гуна муайян карда мешавад?

№116 (4066) 28.09.2019

tjbribeМувофиқи моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», ки «Амалиёт бо асъори хориҷӣ» ном дорад, Бонки миллӣ сиёсати қурбии асъорро муайян ва амалӣ менамояд ва ҳуқуқ дорад, ки ҳар гуна амалиётро бо асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ки онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи бонкии байналмилалӣ мувофиқ мебошанд, иҷро кунад.

Тибқи банди 4 моддаи 4 боби 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми давлатии танзими асъор қурби расмии пули миллиро нисбат ба асъори хориҷӣ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ муайян ва эълон менамояд.

Воқеан, дар шароити кунунӣ суботи молиявӣ ба қурби асъор сахт вобаста аст. Аз ин рӯ, давлат барои муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ ҳамеша чораҷӯйӣ мекунад. Бо мақсади равшанӣ андохтан доир ба сиёсати қурбӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Дар ҷавоб ба саволи мо-тартиби муайян намудани қурби асъор чӣ гуна аст? аз шуъбаи матбуоти он иттилоъ доданд, ки қурби асъор нархест, ки бо он пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ арзёбӣ карда мешавад, ки бевосита ва бавосита шуда метавонад. Масалан, бевосита: 1 сомонӣ = 0,7233 юани чинӣ; бавосита: 1 доллари ИМА = 9,1516 сомонӣ.

Қурби асъор тибқи қонун аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (қурби расмӣ) ва ё тавассути бозор дар раванди баҳогузории мутақобилаи асъор (қурби бозорӣ) муайян карда мешавад.

Асосҳои ҳуқуқии муайян ва амалӣ намудани сиёсати қурбиро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» танзим менамоянд.

Асосҳои меъёрии ҳуқуқии муайян кардани қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ Дастурамали №228 «Дар бораи тартиби муайян ва эълон кардани қурби расмии пули миллӣ — сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ» (бо қарори Раёсати БМТ таҳти №130 аз 29.09.с.2018 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи ҶТ таҳти №909 аз 15 ноябри соли 2018 аз қайди давлатӣ гузаштааст), Фармони раиси Бонки миллии Тоҷикис­тон №247/фф аз 14 декабри соли 2016 «Дар бораи ташкили Гурӯҳи корӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ба сиёсати қурби асъор вобаста, Низомномаи Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор (бо қарори Раёсати БМТ таҳти №231 аз 03 ноябри соли 2018, №55, 12 апрели соли 2018 тасдиқ шудааст) маҳсуб меёбанд.

Мутобиқи Дастурамали №228 «Дар бораи тартиби муайян ва эълон кардани қурби расмии пули миллӣ — сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ» қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар асоси қурбҳои миёнавазни қарордодҳои хариду фурӯши он бо сомонӣ, ки то соати 16:00 ҳамон рӯз дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор баста шудаанд, ҳисоб карда мешавад.

Қурби расмии дигар асъори хориҷӣ тибқи қоидаҳои муайяннамоии қурби мутақобила («кросс-курс») бо истифода аз таносуби қурби расмии доллари ИМА нисбат ба сомонӣ ва қурби расмии доллари ИМА нисбат ба асъори хориҷӣ, ки аз ҷониби бонкҳои марказии онҳо ва ё бозорҳои асъории ҷаҳонӣ муқаррар карда шудаанд, ҳисоб карда мешавад.

Қурби асъор ба намудҳои зерин ҷудо мешавад: Қурби расмӣ (қурби номиналӣ ва ё қурби баҳисобгирӣ), ки тибқи қонун аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (бонки марказӣ (миллӣ)) бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ муайян ва эълон карда мешавад.

Қурби бозорӣ (қурби харид ва ё қурби фурӯш, кросс-қурб), ки бо истифода аз таносуби байни қурби ду асъори хориҷӣ нисбат ба асъори миллӣ ҳисоб карда мешавад: доллари ИМА/сомонӣ: рубли русӣ/сомонӣ = доллари ИМА/рубли русӣ.

Ду реҷаи асосии муайянкунии қурби расмӣ мавҷуд аст:

1. Реҷаи муқарраркардашуда таносуби аз ҷониби давлат, ки тавассути мақоми ваколатдор расман муқарраркардашудаи байни қурби асъори миллӣ ва қурби асъори хориҷие мебошад, ки давлат уҳдадор мешавад, онро нигоҳ дорад.

2. Реҷаи шинокунанда ва ё чандир қурбест, ки зери таъсири талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор озодона тағйир меёбад ва давлат метавонад танҳо дар ҳолат ва шароити махсус ба бозор тавассути гузаронидани дахолатҳои асъорӣ таъсир расонад.

Тибқи реҷабандии Хазинаи байналмилалии асъор дар амалияи ҷаҳонӣ давлатҳои миллӣ метавонанд сиёсати қурбиро дар асоси даҳ реҷа интихоб, муайян ва амалӣ намоянд:

1. Ба сифати воситаи ягонаю қонунии муомилот ва пардохт қабул кардани асъори миллии давлати дигар. Ин реҷаи қурбӣ дар мамлакат аз моҳи январи 1994 то 10 майи соли 1995 истифода шудааст (рубли русӣ).

2. Реҷаи идораи асъорӣ.

3. Реҷаи пайвасткунии анъанавӣ.

4. Реҷаи ба суботовардашуда.

5. Реҷаи пайвасткунии лағжанда.

6. Реҷаи ба пайвасткунии лағжанда монанд.

7. Реҷаи пайвасткунии қурб дар ҳудуд­ҳои долони уфуқӣ.

8. Реҷаи дигари танзимшаванда.

9. Реҷаи қурби шинокунанда.

10. Реҷаи қурби озод шинокунанда.

Охири солҳои 90-и асри гузашта кишвар ба ислоҳоти пулӣ даст зад, ки яке аз иқдомҳои муваффақ аз ҷониби коршиносон арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, мусаллам аст, ки он марҳилаҳои гуногуни рушдро тай кардааст. Доир ба ин масъала масъулини Бонки миллӣ иттилоъ доданд, ки марҳилаи якуми сиёсати қурбӣ аз моҳи майи соли 1995 то моҳи июли соли 2000-умро дар бар мегирад. Дар ин давра қурби расмии мубодилавӣ дар асоси қарордодҳои ғайринақдии доллари ИМА/рубли тоҷикӣ дар Биржаи байнибонкии асъории Тоҷикистон (аз майи 1995 то феврали соли 1996), дар асоси қурби фурӯши нақдии доллари ИМА дар Биржаи байнибонкии асъории Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (аз моҳи феврали соли 1996 то моҳи июли соли 1997), қурби расмии мубодилавӣ дар асоси қарордодҳои ғайринақдии доллари ИМА дар Биржаи байнибонкии асъории Тоҷикистон ба рубли тоҷикӣ (ҳар ҳафта, ҳар рӯз, аз моҳи июли соли 1997 то моҳи июли соли 2000) муайян мешуд.

Марҳилаи 2 аз моҳи июли соли 2000 то моҳи апрели соли 2011-ро фаро мегирад. Дар ин давра қурби расмӣ ба таври зайл муайян мегардид: аз моҳи июли соли 2000 то июли соли 2005 қурби расмии мубодилавӣ дар асоси қурби миёнабаркаши қарордодҳо (доллари ИМА/сомонӣ) дар бозори байнибонкии асъор (ҳафтае 1 маротиба), аз моҳи июли соли 2005 то моҳи октябри соли 2008 дар асоси қурби миёнавазни қарордодҳо (долл. ИМА/сомонӣ) дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор (ҳар рӯз), аз моҳи октябри соли 2008 то моҳи майи соли 2010 қурби расмии доллари ИМА, евро, рубли русӣ дар асоси қимати миёнаи қурбҳои миёнавазни қарордодҳои хариду фурӯши онҳо дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ (ҳар рӯз), аз моҳи майи соли 2010 то моҳи апрели соли 2011 қурби расмии доллари ИМА дар асоси қимати миёнаи қурбҳои миёнавазни қарордодҳои хариду фурӯши он дар бозори байнибонкӣ (ҳар рӯз).

Марҳилаи 3 аз моҳи апрели соли 2011 то моҳи ноябри соли 2018 қурби расмии доллари ИМА дар асоси қимати миёнаи қурбҳои миёнавазни қарордодҳои хариду фурӯши он бо сомонӣ, ки то соати 15:00 ҳамон рӯз дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор баста шуданд, муайян мегардид. Аз моҳи ноябри соли 2018 то ҳол қурби расмии доллари ИМА дар асоси қурбҳои миёнавазни қарордодҳои хариду фурӯши он бо сомонӣ, ки то соати 16:00 ҳамон рӯз дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор баста шудаанд, ҳисоб карда мешавад.

Яке аз масъалаҳое, ки баъзан боиси ташвиш мегардад, набудани асъори хориҷӣ, хусусан доллари ИМА, дар марказҳои мубодилаи асъор мебошад. Ин амал боиси ба вуҷуд омадани қурби ғайрирасмӣ мешавад, ки дар қиёс ба қурби расмӣ баландтар аст. Доир ба ин масъала иттилоъ дода шуд, ки қурби ғайрирасмии хариду фурӯши доллари ИМА танҳо дар бозори ғайрирасмии нақдӣ истифода шуда, натиҷаи фаъолияти ғайрирасмии пинҳонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки гардиши маблағҳои пулиро аз андоз­бандӣ пинҳон мекунанд.

Қурби ғайрирасмӣ танҳо дар муомилот ва мубодилаи ғайриқонунӣ истифода бурда мешавад ва ба қурби расмӣ таъсир намерасонад.

Чанде пеш қурби пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА якбора паст шуд. Тавре масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, аз моҳи апрели соли 2018 бинобар бад шудани вазъи геосиёсӣ ва иқтисодию молиявии шарики асосии тиҷоратӣ, пешниҳоди асъори хориҷӣ, пеш аз ҳама, доллари ИМА, дар бозори дохилӣ бамаротиб кам шуд. Дар натиҷа, зиёд шудани талабот ва болоравии қурби фурӯши он дар бозори ғайрибонкӣ оғоз гашт.

Ҳолати баамаломада талаботи доимии ба асъор ҷойдоштаро зиёдтар гардонида, ба ҳаннотон ва дигар манфиатдорон имконияти афзун намудани фишорҳои қурбӣ ва тезонидани раванди беқурбшавии сомониро дар бозори ғайрибонкии нақд муҳайё сохт.

Дар ин асос, фарқи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрибонкӣ меъёри муқарраршудаи 2 фоизаро гузашта, то ба 6,1 фоиз расид.

Дар ҳамин давра, коҳишёбии қурби асъорҳои миллӣ нисбат ба доллари ИМА дар минтақа (рубли русӣ, тангаи қазоқӣ, рубли беларус, суми ӯзбекӣ ва ғайраҳо) хело назаррас аст. Аксар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ тавассути гузариш ба реҷаи «озод шинокунанда» ва ё тасҳеҳи сиёсати қурбӣ, тағйирёбии арзиши пули миллиро ба танзим дароварданд.

Тасҳеҳи сиёсати қурбӣ дар фаъолияти бонкҳои марказии (миллии) дунё мунтазам истифода мешавад ва амалияи маъмулӣ маҳсуб мегардад. Чунончӣ, 16 августи соли ҷорӣ Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон қурби пули миллиашро нисбат ба доллари ИМА якбора ба андозаи 4,5 фоиз коҳиш дод.

Бонки миллии Тоҷикистон бошад, бо мақсади таъмин намудани иҷрои нишондиҳандаи барномавии сатҳи таваррум аз гузаронидани тасҳеҳи сиёсати қурбӣ худдорӣ намуда, тавассути татбиқи усулу воситаҳои иқтисоди бозорӣ, аз ҷумла, бо истифода аз механизми мутамаркази хариду фурӯши рубли русӣ ва барориши коғазҳои қиматнок, фаъолияти бозорро ба танзим медаровард.

Ба ин нигоҳ накарда, фарқи аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ боқӣ монд ва барои бартараф кардани он зарурати амалӣ кардани тас­ҳеҳи сиёсати қурбӣ ба миён омад.

Бинобар ин, бо мақсади коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқи то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА 20 августи соли ҷорӣ тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА анҷом ёфта, арзиши он 2,7 фоиз коҳиш дода шуд.

Амали мазкур имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар бештар гардад, шаффофияти амалиёт бо мизоҷон таъмин ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд карда шавад. Ҳамчунин, мутавозинии қурби пули миллӣ ба зиёд шудани ҳаҷми содирот ва воридот мусоидат намуда, бевосита боиси афзудани даромади буҷети давлатӣ низ мегардад.

Ба саволи чӣ бояд кард, то пули миллӣ устувор бошад, аз Бонки миллӣ иттилоъ доданд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини суботи бозори дохилии асъор (бахусус, бартараф намудани норасоии доллари нақди ИМА), тағйирёбии муътадили қурби пули миллӣ, кам кардани фарқи байни қурби расмӣ ва қурби ғайрирасмии фурӯши асъори хориҷӣ чораандешӣ мекунад. Аз ҷумла, танзими ҳаҷми пули дар муомилотбуда, бо истифода аз имкони амалиётҳо дар бозори озод ва асъорӣ, бо фурӯши коғазҳои қиматнок, ҷалби маблағҳои озоди ташкилотҳои қарзӣ ба амонатҳои шабонарӯзӣ ва гузаронидани музоядаҳои бозфурӯши рубли русии интиқолшуда бар ивази пули миллии нақд, зиёд кардани ҳаҷм ва дурусту босамар идора кардани захираҳои байналмилалӣ, тавассути хариди филизоти қиматбаҳо ва асъори хориҷӣ, холискории тиллои ғайримонетарӣ ва диверсификатсия кардани сохтори онҳо, тасҳеҳи сиёсати қурбӣ тавассути таҳлили амиқи вазъи бозорҳои дохилию беруна, муқоисаи таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ, равандҳои тағйирёбии қурб, мушаххас ва мураттаб кардани тартиби азнавбаҳодиҳии асъори хориҷию филизоти қиматбаҳо ва татбиқи он, идома додани таҷдиди назар ва ба талаботи муосир мутобиқ намудани санадҳои қонунгузорӣ, меъёрии ҳуқуқӣ, дастуру супориш ва тавсияҳои методӣ оид ба сиёсати қурби асъор, танзим ва назорати асъор, анҷом додани дахолатҳои асъорӣ (хариду фурӯши доллари ИМА) дар ҳолати аз эътидол берун лаппиш хӯрдани қурби пули миллӣ бинобар тағйир ёфтани таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ, амалӣ намудани назорати муназзами ҳаррӯзаи фаъолияти ташкилотҳои қарзие, ки ба анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ ва интиқоли маб­лағҳо машғуланд, тавассути фаъолияти гурӯҳҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои кории муштараки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва муайян кардани шахсият ва макони будубоши шахсони воқеие, ки ба хариду фурӯши ғайрирасмии асъори хориҷии нақд, интиқоли маблағҳо даст мезананд ва пешниҳоди маълумот ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ иқдомҳое мебошанд, ки Бонки миллӣ барои устувории қурби пули миллӣ амалӣ карда истодааст. 

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»