Усулҳои халқии табобати диабети қанд

№146 (4729) 27.11.2023

ДиабетТабибон ва мутахассисони соҳаи диабети қанд роҷеъ ба табобати ин маризӣ чунин иброз медоранд: асабоният, пурхӯрӣ ва ғаму дард боиси баланд шудани сатҳи қанд дар хуни инсон мегардад. Бинобар ин, ба ҳар гапу кор чандон аҳамият надиҳед ва агар ба парҳез қатъӣ риоя намоед, ин маризӣ шуморо сахт азият намедиҳад.

Табибон мегӯянд, касоне, ки касалии қанд доранд, бояд аз хӯрдани шириниҳо, оши палов, гӯштбирёну торт, нони сафед, кулча, харбуза, ангур, хурмо, анҷир, мавиз ва дигар меваҳое, ки глюкоза доранд, худдорӣ намоянд. Бештар анори турш, сирпиёз, карам, олуболу, тути заминӣ, қарақот, лӯбиё, меваи настаран (ҳулул) ва бодиринг истеъмол намоянд. Табибон дар радифи парҳез давоҳои халқиро тавсия медиҳанд. Ин давоҳо ба назар бисёр сода намоянд ҳам, вале қанди хунро дар як муддати кӯтоҳ паст мекунанд.

1. Шаш дона пиёзи бехиро майда карда, дар бонкаи нимлитра андозед. Аз боло зарфро аз шаб то саҳар маҳкам кунед. Субҳгоҳон онро полонда, дар давоми рӯз кам — кам нӯши ҷон созед. Ин амалро муддати як ҳафта давом диҳед, қанди хунатон ба меъёр медарояд.

2. Марҷумак (гречка) — ро обпаз карда, бенамак ба андозаи иштиҳо ва тавони худ дар давоми рӯз хӯред 10 рӯз гречка хӯред, қанди хун паст шуда, карахтию сангинии пойҳоятон нест мешавад. Аксаран дар ангушти пой ё дасти одамоне, ки ба бемории қанд гирифтор ҳастанд, захм, пайдо шуда, баъдан фасод мегирад. Дар баъзе ҳолатҳо табибон илоҷи дигар наёфта, ангушти фасодгирифтаро мебуранд. Марҷумак аз он ҷиҳат муфид аст, ки хатари пайдо шудани захм ва гангренаро пешгирӣ менамояд.

3. 25 грамм барги хушки чормағзро дар як литр оби ҷӯш муддати як соат дам карда, саҳарӣ, нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ як пиёлагӣ нӯшед. Ин амалро як ҳафта давом диҳед, беҳбудии комилро эҳсос хоҳед кард.

4. Барги тути сафедро хушк карда, кафмол намоед, то ба шакли хока дарояд. Онро ба рӯи ғизоҳое, ки истеъмол мекунед, пошед, сатҳи қанди хунро хеле паст мекунад.

5. Барги биҳӣ, барги чормағз, барги газна ва барги мушхорро ба андозаи баробар гирифта, хушк кунед ва 2 қошуқашро дар ним литр об андохта, 2 — 3 дақиқа ҷӯшонед, сипас, оташро хомӯш намуда, монед ним соат истад. Гиёҳобро соф карда, рӯзе се маротиба 50 грамм нӯшед.

6. 100 гр тухми ҷавро дар зарфе андозед ва аз болояш як литр оби ҷӯшидагӣ резед. Даҳони зарфро ду шабонарӯз маҳкам кунед. Рӯзи сеюм дору тайёр мешавад. Рӯзе 3 — 4 маротиба аз ин даво як истаконӣ бинӯшед, беҳбудии комилро эҳсос хоҳед кард.

 7. Барги тути сиёҳ барои гирифторони диабети қанд ва касоне, ки гурдаашон иллат дорад, давои хубест. 40 гр барги тут, 20 гр барги газна ва 40 гр пӯсти лӯбиёро дар зарф андозед ва аз болояш ним литр об рехта, муддати 10 дақиқа ҷӯшонед. Баъдан даворо полонда, рӯзе 2 маротиба 50 — 100 граммӣ нӯшед.

Инчунин, воситаҳои зиёди дигаре мавҷуданд, ки инсулинро ба меъёр медарорад, вале барои ин, муолиҷаро то ҳосил шудани беҳбудии комил идома додан лозим аст.

Таҳияи Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»