Дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии урологӣ ба таври лапораскопӣ, яъне, бе буриши калон гузаронида мешавад. Мутахассисони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалиёти ҷарроҳии урологӣ, гирифтани адиномаи простата, ҷарроҳии биолопластика ва гирифтани кистаҳоро ба таври лапораскопӣ гузарониданд.
Ба таъкиди мутахассисони соҳа, табобати ин гуна беморон, ки қаблан ба тариқи кушода ҷарроҳӣ мешуданд, дар баробари осеби бештар расонидан ба ҷисми бемор, инчунин, давомнокии табобати онҳоро низ дароз менамуд. Усули нави ҷарроҳӣ ба чунин беморон имконият медиҳад, ки зудтар шифо ёбанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 бо дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосир имкон пайдо шуд, ки дар самти ташхису табобат дар мамлакат 94 навоварӣ ворид гардад.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»