Қутбнамои фаъолият

№22 (4605) 08.02.2023

НАХ“Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё, моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон — ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем”

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

шаҳри Душанбе, 23 — юми декабри соли 2022)

Чун ҳарсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» корҳои дар соли 2022 басомонрасида, дастовардҳо ва корҳои дар оянда банақшагирифтаро бо тадқиқҳои саҳеҳу равшан соҳа ба соҳа таҳлил намуданд. Президенти мамлакат зимни сухан­рониҳои таҳлилӣ аввал истифода аз арқому санадҳои санҷида ва таҳлил­ёфта ёдовар шуда, ин тарзи муқоисавии таҳлилҳо касро ба он водор мекунад, ки осон сарфаҳми матлаб шавад.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41, 1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расид. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз коҳиш ёфт.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои истеҳсолкунандаи асосии анвои неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид фароҳам меорад. Бояд зикр кард, ки пахта ва маҳсулоти пахтагӣ амнияти саноатиро таъмин намуда, ба рушди дигар соҳаҳо дар кишвар мусоидат менамояд. Дар Тоҷикистон соле тайи 400 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда мешавад, ки аз он тақрибан 140 тонна нах истеҳсол кардан мумкин аст. Дар «Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии микроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2024» дар робита ба ин гуфта мешавад, ки соли 2022 содироти 60 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 89,9 миллион доллар пешбинӣ гардида, дар соли 2023 ин нишондиҳанда 50 ҳазор тонна ( 79,6 миллион доллар) ва соли 2024 то 40 ҳазор тонна (66,1 миллион доллар) дар назар дошта шудааст. Яъне, ҳадаф кам кардани ҳаҷми содироти нах ба сифати ашёи хом ва дар дохили кишвар коркарди ниҳоии пахта мебошад. Аз ин лиҳоз, Президенти кишвар дар доираи «Солҳои рушди саноат» Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро вазифадор намуданд, ки барои таъмин кардани рушди саноати сабук доир ба панҷ маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ чора андешанд.

Ин нуктаро Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид карданд: «Дар ин самт Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор аст, ки якҷоя бо Вазорати кишоварзӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати дар се соли минбаъда бунёд кардану ба кор андохтани маҷмааҳои коркарди ниҳоии нахи пахта дар 5 шаҳру ноҳия, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб, чораҳои саривақтӣ андешад».

Аз 400 ҳазор тонна пахта зиёда аз 40 ҳазор тонна равған ва 45 ҳазор тонна хӯроки чорво, дар маҷмӯъ дар ҷаҳони муосир зиёда аз 200 навъи маҳсулоти гуногун истеҳсол мекунанд. Моҳияти супориши Президенти кишвар дар Паём ба фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатӣ, бахусус саноати сабук — равғанбарорӣ, нассоҷӣ, қолинбофӣ, кешбофӣ, дорусозӣ, вобастагӣ дорад.

Президенти кишвар заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакатро дар ҳоле қадршиносӣ карданд, ки бархӯрдҳои шадиди ҷаҳонӣ, таҳримҳои иқтисодӣ, коҳиши истеҳсоли маҳсулот ва болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ вусъат мегирифт. Ин маънӣ як навъ қадршиносоии барҷаста нисбат ба мардуме мебошад, ки дар фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳм гузоштанд. Дар Паём зикр шуд: «…соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба як миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба як миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд. Дар натиҷа, тайи панҷ соли охир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта, 1,4 баробар афзоиш ёфт. Истеҳсоли гӯшти паранда дар ин давра 8 баробар зиёд шуда ҳаҷми воридоти он 11 баробар кам гардид», бевосита маҳсули заҳмати зеҳнии мутахассисон ва заҳмати кишоварзон мебошад.

Новобаста ба пешравиҳо дар соҳаи кишоварзӣ мушкилот мавҷуд аст, ки яке аз инҳо зиёд гардидани талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ ба нуриҳои минералии гуногун ва гарон будани нархи онҳост.

Президенти кишвар таъкид карданд, ки дар доираи имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли нуриҳои маданӣ тадбирҳои муассир андешида шавад: «Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд».

Барои мунтазам зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба захираю имкониятҳои мавҷуда – об ва замин муносибати ҷиддӣ дошта бошем. Бе беҳтар кардани ҳолати мелиоративии замин рушди соҳаи кишоварзӣ ғайриимкон аст.

Роҷеъ ба ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дарҷ шудааст. «Дар панҷ соли охир ҳолати мелиоративии 50 ҳазор гектар замин беҳтар гардида, 13 ҳазор замини нав аз худ ва 23 ҳазор гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиш ворид карда шуд. Вобаста ба маданияти заминдорӣ, бахусус дар кишти такрорӣ ва гирифтани ҳосили иловагӣ, беҳтар гардида, майдони кишти заминҳои так­рорӣ дар панҷ соли охир аз 90 ҳазор гектар ба 213 ҳазор гектар расид».

Ҷавҳари ин ҳуҷҷати муҳим беҳтар сохтани шароити рӯзгори мардум аст, яъне он чӣ борои рушди мамлакат созгор аст. Бесабаб нест, ки Президенти кишвар дар ин Паём мафҳуми «рушд» — ро бо мафҳуми «ватандӯстӣ» дар як радиф монда, онро шиори кору фаъолияти ҳар як шаҳрванди кишвар қаламдод карданд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»