Шонздаҳуми октябри соли равон бо ибтикори Маркази байналмилалии тиҷорат дар ҳамбастагӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Узвияти Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва аҳамияти он» семинар баргузор гардид. Намояндаи Маркази байналмилалии тиҷорат Парвиз Камолиддинов ва муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лариса Кислякова дар ҳузури иштирокчиён суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки имкониятҳои савдои хориҷии Тоҷикистон пас аз пазируфта шуданаш ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо зиёд шуд. Мушовир оид ба савдои байналмилалии Маркази байналмилалии тиҷорат Роҳат Токтоналиев аз таърихи ташкилёбии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва принсипҳои он ёдовар шуда, гуфт, ки узви ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон барояш имконияти рушди мунтазами иқтисодиёти онро муҳайё намуд. Мавсуф ҳамчунин ваколатҳои кишварҳои аъзоро дар СУС ёдовар шуда, гуфт, ки сарфи назар аз хурд ва ё бузург будани давлатҳо, ҳама соҳиби як овоз ҳастанд ва он ҳам ҳалкунанда мебошад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»