Зимни суҳбат бо хабарнигори махсуси рӯзнома прокурори ноҳияи Лахш, мушовири адлияи дараҷаи якум М. Давлатзода дар робита ба таъмини волоияти қонун дар маҳалҳо андешаҳояшро чунин иброз дошт:
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолиятро шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш, неъмати муқаддас, рӯзгори осудаҳолонаи ҳар фарди баномус ва соҳибдилу соҳибватан номидаанд. Дар пеш ҷашни 20-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ки бо азму талоши Пешвои миллат ба вуқӯъ пайваст. Бо шарофати ин рӯйдоди муҳим мардум тавонист таҳти сарварии Роҳбари оқилу доно ва сиёсатмадори дурандеш аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро барқарор ва пояҳои Истиқлолияти давлатиро сол аз сол қавӣ, мустаҳкам ва пурзӯр намояд. Муҳимтар аз ҳама, дар мамлакат сулҳи пойдору суботи сиёсию иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам шуд.
Мардуми кишвар тӯли таърих шебу фарози зиёдеро паси сар карда, барои расидан ба ваҳдат ҷоннисориҳо намудааст. Миллати тоҷик бо расидан ба ваҳдат бори дигар ба ҷаҳониён собит сохт, ки табиатан сулҳдӯсту ваҳдатофар аст ва ҳама гуна макру фиребу кинавариҳои бадхоҳони хешро бартараф карда метавонад. Ин марҳилаи некуфарҷомро ҳодисаи воқеан таърихӣ — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, ибтидо бахшид. Дар он марди фидокору ватандӯст ва соҳибхирад Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омад, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш кард.
Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки истиқлолият дар кишвар устувору побарҷо гардад, ҷумҳурӣ ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ бомаром пеш равад ва дар ҳама соҳаи ҳаёти мамлакат, бахусус маорифу фарҳанг, саноату энергетика, кишоварзию коммуникатсия ислоҳот бовусъат ҷараён гирад. Паёмҳои Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ пайваста аз пешравию комёбиҳои халқи тоҷик хабар медиҳанд ва ҳамаро илҳом мебахшанду ба фаъолияти содиқона ҳидоят менамоянд.
Имрӯз насли ҷавонро бо дониши хуб ва ҷавобгӯйи замон мусаллаҳ намудан, дар мафкураи онҳо сабзонидани ҳисси худшиносии таърихӣ, эҳтироми арзишҳои волои умумимиллӣ ва умумибашарӣ вазифаи хеле муҳим аст.
Кормандони прокуратураи ноҳияи Лахш бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ дар байни ҷавонону наврасон ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла пайвастан ба ҳаракатҳои экстремистӣ, ҷилавгирии ҳодисаҳои худкушӣ, риояи интизоми меҳнат пайваста суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд: «Бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, изҳор медорам, ки мактабу маориф, инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.».
Туфайли сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Сарвари давлат имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди иҷро қарор дорад, ки он масъулияти падару модаронро пурзӯр намуда, барои таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарию фарҳангӣ, инчунин ҳифзи манфиатҳои фарзандон мусоидат менамояд.
Солҳои охир баъзе аз ҷавонон ба доми равияҳои навбаромади ғайрисуннатӣ, чун салафия, ҳизб-ут-таҳрир ва ғайра афтодаанд, ки дар зеҳнашон афкори бегонаро парвариш медиҳанд. Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки ба насли ҷавон пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва ифротгаройиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ дур бошанд, чунки бузургтарин хатар таассубу ифротгаройӣ ва хурофот аст.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»