Ваҳдати миллӣ — таҷассумгари иттиҳод ва якпорчагии Тоҷикистон

№80 (4500) 30.06.2022

02-1«Ваҳдат, пеш аз ҳама, ба инсонҳо умед мебахшад ва онҳоро ба оянда дилгарм месозад, ки ин заминасозӣ талоши ҳама баҳри ободии диёр ва фардои беҳтар аст», — бо чунин суханон оғоз бахшид конференсияи илмиву амалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ҳадаф аз он арзёбии даст­овардҳои кишвар, ки ваҳдати миллӣ заминагузори асосии онҳо маҳсуб мешавад, инчунин дурнамои таъмини амнияту осоиштагӣ дар Тоҷикистон маънидод гардида, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, роҳбари дастгоҳи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода ва дигарон доир ба аҳамияти ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ баромад карданд.

«Масоили арзёбии сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Дастовардҳои муҳими давлат пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Зарурати ҳифзи ваҳдати миллӣ дар партави воқеиятҳои нави геополитикӣ», «Таҳдиду хатарҳои дохилӣ ва берунӣ ба сулҳ ва амнияти кишвар», «Нақши ҷавонон дар тарғиби сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа», инчунин, «Дурнамои таҳкими ваҳдати миллӣ дар мамлакат» аз мавзӯъҳои дигар буданд, ки маърӯзачиён мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сипас, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Маҳмадзода маҷмӯаи «Сулҳу амният дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон» — ро, ки дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ омода намуданд, рӯнамоӣ кард.

 

2-223 июни соли ҷорӣ дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Забон ҳамчун омили ваҳдати миллӣ» конференсияи илмию амалӣ доир гашт, ки дар он олимони соҳа ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат карданд.

Зикр гардид, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи инкишофи имрӯзу оянда ва пешравии ҷомеаро муайян ва самтҳои ба мақсад расиданро равшан сохта, сокинонро барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои неки созанда баҳри ободии кишвар ҳидоят намуд.

«Бо гузашти солҳо аҳамияти таърихии он санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он саъю талош меварзем ва ҳар сол Рӯзи ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем», — зикр кард раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода ва дар идома вазифаву рисолати забони тоҷикиро дар ташаккул ва пойдории ваҳдату ягонагӣ баён дошт.

ҳамчунин, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод дар мавзӯи «Фалсафаи ваҳдат ва адабиёти миллии тоҷик», профессори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳиба Маҳмадҷонова дар мавзӯи «Забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ – арзишҳои муҳими истиқлоли давлатӣ» баромад карданд.

Сипас, филми мустанади истеҳсоли «Тоҷикфилм» бо номи «Ваҳдати миллӣ» ба иштирокчиён намоиш дода шуд.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

 «Садои мардум»

 

NBTL8968-1-224 июни соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон низ бахшида ба 25 — солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гашт.

Тавре аз шуъбаи матбуоти он иттилоъ доданд, дар оғоз раиси Бонки миллии Тоҷикис­тон Ҳоким Холиқзода аҳли нишастро бо Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки он аз фарҳангу хиради азалии мардуми тоҷик ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, таҷассумгари иттиҳоди ҳақиқии сокинони мамлакат ва якпорчагии Тоҷикистони азиз мебошад.

- Воқеан ҳам, таҳкими даст­овардҳои Истиқлолияти давлатӣ, бунёди пояҳои устувори давлатдории миллӣ, дастгирии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи муваффақонаи чор ҳадафи стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ, хулоса рушди рӯзафзуни Тоҷикистон маҳз ба туфайли сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имконпазир гардид, — зикр кард раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва афзуд, ки месазад онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, саъю талош варзем, то ки аз раванди босуръати тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ қафо намонем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба сӯи тамаддуни муосир, яъне дастовардҳои илму фан, техникаву технологияи навтарин раҳнамоӣ созем.

Сипас, сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи Бонки миллии Тоҷикис­тон Султон Ҳасан Баротзода роҷеъ ба аҳамияти ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлату давлатдорӣ баромад кард. Бино ба қавли ӯ, мардуми тоҷик дар ҳама давру замон аз сулҳу якдилӣ ҳарф мезаданду андешаи осоиштагии ҷамъиятро дар сар доштанд. Чунончи, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки аз ахтарони тобноки осмони хиради мардуми мост, тақрибан 800 сол пеш инсониятро ба ягонагию ваҳдат фаро хонда, аз парокандагию нифоқу нотифоқӣ барҳазар дошта буд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»