Ваҳдати миллӣ ва таҳкими ҳокимияти судӣ

№78 (4498) 23.06.2022

Баъд аз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиву ташкилӣ ва сиёсию иқтисодӣ дар самти тақвият ва густариши минбаъдаи ҳокимияти судӣ, низоми судӣ ва адолати судӣ ба миён омаданд.

Хусусан, дар натиҷаи татбиқи мақсаднок ва бомароми ислоҳотҳои судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар шароити мусоиду мувофиқ барои фаъолияти хокимияти судӣ дар самти ба амал баровардани адолати судӣ фароҳам гаштанд. Муҳимтарин дастовардҳои соҳаро дар замони даст ёфтан ба ваҳдати миллӣ метавон ба таври зайл тақсимбандӣ кард:

- дар Конститутсия мустаҳкам ва муқаррар намудани ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ;

- ба ҳайси таъиноти асосии ҳокимияти судӣ муқаррар намудани ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат;

- дар самти баррасии парвандаҳо ва баҳсҳои ҳуқуқӣ васеъ намудани салоҳияти суд;

- таҳкимбахшии меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар қонунгузории миллӣ доир ба фаъолияти судҳо;

- шароити мусоид фароҳам овардан ҷиҳати низоми кафолати мустақилияти судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ;

- муқаррар намудани кафолати дастрасии ҳар як шахс ба адолати судӣ ва ҳифзи судӣ;

- вусъат ёфтани раванди маб­лағгузории фаъолияти судҳо аз буҷети давлатӣ;

- мукаммал гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти ҳокимияти судӣ ва мутобиқ гардонидани он ба стандартҳои байналмилалӣ;

- қабули қонунҳои соҳавӣ дар самти мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ;

- таъсиси ниҳоди «коромӯз — судя» дар сохтори ҳокимияти судӣ ва мустаҳкам намудани он дар сатҳи қонунгузорӣ;

- ба салоҳияти суд вогузор намудани масъалаи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар муро­фиаи судии ҷиноятӣ.

Дар шароити ҳозира ҷомеаи башарӣ дигаргуниҳоеро аз cap гузаронида истодааст, ки он соҳаҳои фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатиро фаро мегирад. Бинобар ин, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ зина ба зина ба яке аз масъалаҳои муҳим ва марказии ҳокимияти давлатӣ мубаддал мегардад. Аз ин лиҳоз, механизмҳо ва чораҳои ҳифзкунандае лозим меояд, ки ин ­масъалаи муҳимро аз нигоҳи нав танзим намояд.

Бояд гуфт, ки дар миёни механизмҳои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳимояи судӣ ҳамчун механизми миллӣ ҷои махсусро ишғол менамояд. Яъне, нақши ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давдат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад.

Сохтмони давлати ҳуқуқ­бунёд ва амалӣ намудани принсипи конститутсионии арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳз ба фаъолият ва кафолати ҳифзи судӣ эҳтиёҷ дорад.

Мавриди зикр аст, ки баъд аз ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати гузаронидани ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқиро ба миён овард.

Бинобар ҳамин, бояд ислоҳотро дар соҳаи судӣ — ҳуқуқӣ  низ ба роҳ монд. Яъне, гузаронидани ислоҳот дар ин самт баҳри мустаҳкам намудани сохтор ва низоми судӣ, салоҳият ва ваколати судяҳо нақши бузургро мебозад.

Ҳамин тариқ, ваҳдати миллӣ имконияти хуб фароҳам овард, ки кишвар ба маҷрои осоишта ва сулҳу суботи ҳамешагӣ қадам ниҳода, соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа, бахусус судӣ — ҳуқуқӣ ташаккул ёфтанд.

Намоз АМОНЗОДА,

судяи Суди шаҳри Душанбе,

Самандари ҚАЛАНДАР,

корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе